Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко гуфт, агар ба Тоҷикистон кумак накунем, мисли Қазоқистон мешавад. ВИДЕО


Александр Лукашенко, раҳбари Белорус гуфт, агар ба Тоҷикистон кумак накунем, мисли Қазоқистон мешавад.
Александр Лукашенко, раҳбари Белорус гуфт, агар ба Тоҷикистон кумак накунем, мисли Қазоқистон мешавад.

Дар нишасти онлайнии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзи 10-уми январ баргузор шуд, сарони кишварҳои узв вазъ дар Қазоқистонро баррасӣ карданду аз он гуфтанд, ки чӣ гуна неруҳои ин созмон зуд ба Қазоқистон расиданду барои рафъи ҳамлаҳои террористон ёрӣ расонданд.

Дар нишаст таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон ҳам зиёд буд ва аз ҷумла ҳушдор аз хатари террористону эҳтимоли такрори чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон.

Тоқаев ҳодисаҳои ахиррро “ҳамлаи террористӣ” номид

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар ин нишаст, тазоҳурот ва ошӯбҳои баъди онро “ҳамлаи террористӣ” номид ва охирин омор дар бораи талафот дар ҷараёни нооромиҳоро эълон кард.

“Шонздаҳ нафар аз кормандони идораҳои қудратӣ кушта шуданд ва бештар аз 1300 нафар ҷароҳат бардоштанд. Мутаасифона дар байни аҳолии осоишта ҳам талафот ҳаст ва теъдоди онҳо дақиқ мешавад.”,--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Лукашенко гуфт, ба Тоҷикистон кумак кунед, то мисли Қазоқистон нашавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ошӯбгарон қасд доштанд, ки қароргоҳи президентро бигиранд, вале аз тарси нерӯҳои Паймони амнияти дастаҷаъмӣ аз ин нақшаашон даст кашидаанд. Тазоҳурот дар Қазоқистон рӯзи 2-уми январ ва ба зидди болоравии қимати газ шуруъ шуд, вале баъдан ба ошӯбу хунрезӣ кашид.

Лукашенко гуфт, агар ба Тоҷикистон кумак накунем...

Александр Лукашенко, раҳбари Белорус, иддао кард, ки омилҳои хориҷӣ дар ҳодисаҳои Қазоқистон даст доранд ва мехоҳанд, Осиёи Марказиро ноором созанд ва барои ҳамин зарур аст, Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тақвият дода шавад. Ӯ далел барои собит кардани гуфтаҳояш наовард, вале афзуд, бояд ба Тоҷикистон ҳам кумак кунанд, то мисли Қазоқистон нашавад.

“Мо бояд ин корро кунем, то ки баъдан барои мо гаронтар наафтад. Мисли онки бо Қазоқистон шуд. Ба мо зарур шуд, бо 200 ҳавопаймо, таҷҳизоти зиёдеро бифристем. Хуб шуд, ки Русия ба ин ризоият дод. Намехоҳем, ки дар Тоҷикистон ҳам чунин шавад. Бояд ҳоло ба он кумак кунем, ки худаш аз уҳдааш барояд. Ин ба дигар кишварҳо низ дахл дорад.”,--гуфт Лукашенко.

Раҳмон гуфт, аз Афғонистон хатар таҳдид мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар нишаст, бештар ба масъалаи терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ дахл кард ва гуфт, ки бо омадани Толибон ба қудрат дар Афғонистон ин хатар дар кишварҳои минтақа зиёдтар шудааст.

Ӯ гуфт: “Мо ҳамчунин аз он бисёр нигарон ҳастем, ки ҷангҷӯёни ДОИШ, бахусус ҳалқаи Вилояти Хуросони он дар қаламрави Афғонистон, ҳузури худро тақвият мебахшанд. Ба иттилои Хадамоти махсуси мо, теъдоди марказу урдугоҳҳои омодасозии террористон дар манотиқи ҳаммарз бо қаламравҳои ҷанубии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон бештар аз 40 адад ва теъдоди ҷангҷӯён аз 6 ҳазор зиёдтар аст.”

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин даъват кард, ки барномаи тақвияти марз иҷро шавад, чун вазъ дар марз ҳар рӯз нооромтар мешавад ва Толибон дар онҷо худашон бо худашон ҳам меҷанганд.

Путин аз инқилоби ранга ёд кард

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия омилони харобкори дохилӣ ва хориҷиро сабабҳои нооромиҳо дар Қазоқистон номид ва гуфт,ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ намегузорад, ҳукуматҳои кишварҳои узв дар натиҷаи инқилобҳои ранга сарнагун шаванд.

Вале теъдоде аз онҳое, ки нишасти онлайнии сарони кишварҳои узвро дар Ютуб тамошо кардаанд, навиштаанд, ки Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ василае барои муҳофизати кишварҳои узв аз таҷовузи хориҷӣ нест. Виктор ном корбаре навиштааст, ин паймон василаи фурӯ нишондани эътирозҳои мардумӣ аст, на муҳофизат аз таҷовузи хориҷӣ. Ӯ гуфтааст, вазифаи аслии паймон, ҳифзу кумак ба элитаҳо аст. Корбари дигаре бо номи Хурха навиштааст, таҷрибаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ назир надошт вале мисли он буд, ки сӯхтори хонаи оташгирифтаеро, хомӯш мекунанд, ки соҳибонаш ҳам дар дарунаш ҳастанд.

Ин нишаст дар пасманзари ҳодисаҳои ахири Қазоқистон баргузор шуд, ки мардум барои баланд шудани нархи газ эътироз карданд ва дар пайи ба хушунат печидани эътироз даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG