Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Навзодонро дар шифохона, масҷид ё кӯча мегузоранду мераванд" ВИДЕО


Дар Идлиб ҳар моҳе то чаҳор кӯдакро "мепартоянд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Маъмурони муассисаҳои имдодӣ мегӯянд, дар шаҳри ҷангзадаи Идлиб дар Сурия, ки дар дасти ошӯбгарони зиддиҳукуматӣ аст, ҳар моҳ аз ду то чаҳор кӯдакро волидонашон раҳо мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, қашшоқӣ ва ноумедӣ падару модаронро маҷбур мекунад, кӯдаконашонро бо умеди зиндагии беҳтар ба афроди бегона бидиҳанд.

Нур нӯҳмоҳа аст, вале ба гуфтаи табибон, кӯдаки семоҳаеро мемонад. Дар Идлиб норасид ба дунё омадааст. Нурро модараш дар таваллудхона раҳо кард ва ӯро ба Хонаи кӯдакон оварданд. Ятимхонае, ки дар замонҳои ором ҷомеа ба он эҳтиёҷ надорад.

Маъмурони имдодӣ ӯро ба як ҷуфти бефарзанд Амар Салим ва Салва Саид ба фарзандхонӣ додаанд. Салва Саид, сокини Идлиб мегӯяд: “Мо мехостем, бачадор шавем, фақат як фарзанд мехостам. Ҳамин ҳам шуд, ман ба ӯ меҳру муҳаббат додам. Ин як мӯъҷизае аз Худованд буд.”

Дар Идлиб, вилояти дурафтодаи Сурия, ки ошӯбгарон дар даст доранд, ҳар моҳ аз ду то чаҳор кӯдаки раҳошударо пайдо мекунанд. Юнус Абуамин намояндаи Хонаи Кӯдакон гуфт: “Дар ҳақиқат, теъдоди кӯдакони бепарастор дар муқоиса ба 5 соли гузашта зиёдтар шудааст."

Дар чанд соли гузашта ба ятимхона бештар аз 200 кӯдакро овардаанду сипас ба фарзандхонӣ ё ба хешовандонашон додаанд. Парасторон мегӯянд, фақру ҷанг ва ақидаи қадимии ҷомеа дар бораи кӯдакон аз модари беникоҳ сабаби дар шифохона, масҷид ва ё ҳатто кӯча мондану рафтани тифлони навзод аст.

Волидони нави Нур ҳеч роҳи қонунӣ барои сабти номи фарзандхонашон надоранд, чун дар бисёре аз кишварҳои арабӣ фарзандхонӣ қобили қабул нест ва агар иҷоза ҳам диҳанд, санадҳои ҳукумати ошӯбгарони Идлибро касе эътироф намекунад. Маъмурони имдодӣ мегӯянд, Хонаи Кӯдакон паноҳгоҳи муваққатӣ аст, на хонаи доимӣ.

“Мо онҳоро муваққатан нигоҳубин мекунем. Вазъи кӯдаконро меомӯзем ва мувофиқ ба ҳолати онҳо ё ба оилаҳои серфарзанд ва ё ба фарзандхонӣ медиҳем," – гуфт Рамзия Абдуллоҳ, парастори Хонаи Кӯдакон.

Бештар аз ду миллион нафар дар Идлиб беҷову бехона шудаанд ва аксарият дар урдугоҳҳои нимавайрона бе хӯроку доруи кофӣ зиндагӣ мекунанд. Танҳо дар рӯзҳои аввали имсол дар зарбаҳои ҳавоӣ ду кӯдак куштаву 5 нафари дигар захмӣ шудаанд. UNICEF, Бунёди Ҳимоят аз Кӯдакони Созмони Милал, ҷанги тақрибан 11-соларо дар Сурия “ҷанг ба зидди кӯдакон” номидааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG