Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯзноманигорро дар Қазоқистон барои "пурсиш аз Тоқаев" 10 рӯз ҳабс карданд


Нурҷон Баймулдин, хабарнигори қазоқ.

Нурҷон Баймулдин, сармуҳаррири бахши русии сомонаи "Кокшетау Азия"-ро барои пурсишҳои маҷозӣ аз президенти Қазоқистон 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Дар ин бора шоми 12-уми январ вай дар "Фейсбук" хабар дод.

"10 рӯзи ҳабс барои пурсиш аз Тоқаев. Пулисро интизорам, соат 23 шаб, аз соати 12 рӯз бе обу нон. Гурусна. Бо роҳи фиреб муовини сардори пулис даъват кард. Бештар аз 3 соат бе вакили мудофеъ нигаҳ доштанд. Муфаттишон даро-баро мекарданд ва ҳар дафъа бо суолҳои нав ворид мешуданд", - навишт Баймулдин.

Дертар расонаҳои Қазоқистон навиштанд, ки додгоҳ Баймулдинро дар "рафторе, ки дар ҳолатҳои изтирорӣ боиси барҳам задани тартибот мешавад", айбдор кардааст. Додгоҳ ҳуқуқвайронкуниро дар навиштаи Нурҷон Баймулдин аз 10-уми январ дар шабакаи "Фейсбук" пайдо кардааст. Додгоҳ гуфтааст, дар он навишта "шарҳе ба амалҳои президенти Қазоқистон мавҷуд аст, ки манбаи расмӣ надорад".

Рӯзноманигор дар саҳифаи "Фейсбук" навишта буд, ки "чаро президенти Қазоқистон дар бораи ташкили ҳукумати нав дар ҷаласаи СПАД хабар дод ва чаро Тоқаев дар назди Путин ҳисобот дод?"

XS
SM
MD
LG