Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҳаҷми маошу нафақа зиёд шуд


Дар Тоҷикистон ҳаҷми маошу нафақа зиёд шуд. Бар асоси фармони раиси ҷумҳур, ки рӯзи 13-уми январ содир шуд, аз 1-уми январи имсол маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 дарсад зиёд шуд. Маоши дигар кормандони ин ниҳодҳо 20 дарсад зиёд шудааст. Инчунин аз 1 июли соли 2022, ҳадди ақали музди меҳнат дар Тоҷикистон 600 сомонӣ ё 53 доллар дар як моҳ муқаррар шудааст. Феълан маоши ҳадди ақал дар кишвар 400 сомонӣ ё муодили қариб 36 доллар аст.

Бар асоси фармони президент, ҳамчунин маоши кормандони идораҳои давлатӣ, бахшҳои фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, омӯзгорон ва дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 20 дарсад зиёд хоҳад шуд. Идрорпулӣ ё стипендияҳои донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, 20 дарсад афзоиш ёфт. Андозаи нафақаи нафақагирони ятим ва ноболиғон, ки аз саробон маҳрум шудаанд, 25 дарсад зиёд карда мешавад.

Дар пасманзари боло рафтани нархи маҳсулот ва роҳкиро бисёриҳо талаб доранд, ки маошу нафақа ҳам зиёд карда шавад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми декабр зимни ироаи паём ба Маҷлиси олӣ дар бораи боло рафтани маошу нафақа хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG