Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бозии "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 рӯзи 7-уми апрел баргузор мешавад


Конфедератсияи футболи Осиё санаҳои баргузории бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022-ро бознигарӣ кард. Қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» бозии ифтитоҳии худро дар сабқати гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳҳои Осиё 7-уми апрел баргузор мекунад. Рақибони бошгоҳи Душанбе дар гурӯҳ 17-уми январ, замоне ки қуръакашии мусобиқот доир мегардад, муайян мешаванд.

AFC муҳлати баргузории бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиёро пас аз баррасии бодиққати мушкилоти пайдошуда, ки дар натиҷаи “омикрон”, навъи ҷаҳишёфтаи коронавирус, ба вуҷуд омадааст, инчунин ҳолатҳои нодири марбут ба ҷадвали бозиҳои пеш ва баъд аз Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Қатар таҷдиди назар кард.

Тибқи иттилои вебсайти расмии AFC, расмиёти сафар дар саросари Осиё бинобар маҳдудиятҳои нави сафар ва протоколҳои аз ҷониби якчанд кишварҳо барои пешгирии паҳншавии “омикрон” ҷоришуда мураккабтар шудааст.

Интизор меравад, дастаҳои осиёӣ, ки эҳтимолан ба Ҷоми ҷаҳонии 2022 роҳхат мегиранд, нақшаҳои густурдаи омодагиро ба ин мусобиқа таҳия кунанд ва зарурати рафъи чунин номуайяниҳо ва хатарҳои ғайричашмдошт ба миён омад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, Кумитаи мусобиқоти AFC тағйироти санаҳои баргузории мусобиқаи асосии бошгоҳҳои Осиёро тасдиқ кард.

Дар ҷадвали навшуда бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар минтақаи Ғарб аз 7-ум то 27-уми апрел дар шакли мутамарказ баргузор мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» бозии ифтитоҳии худро дар сабқати гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳҳои Осиё рӯзи 7-уми апрел анҷом медиҳад.

Дар сурати ба даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC роҳ ёфтан, бошгоҳи Душанбе рӯзҳои 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 бозӣ хоҳад кард. Бозиҳои чорякфиналии Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар минтақаи Ғарб 7-уми феврали соли оянда ва ниманиҳоӣ 10-уми феврали соли 2023 баргузор мешаванд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар минтақаи Шарқ низ аз 15-уми апрел то 1-уми майи соли равон дар шакли мутамарказ баргузор мешавад. Бозиҳои даври 1/8-ниҳоӣ дар минтақаи Шарқ 18-19-уми августи соли 2022, бозиҳои чаҳорякниҳоӣ 22-юми август ва бозиҳои ниманиҳоӣ 25-уми августи соли ҷорӣ барпо мегарданд.

Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC аз ду бозӣ иборат буда, рӯзҳои 19-ум ва 26-уми феврали соли 2023 баргузор мешавад. Бозии аввалро дар минтақаи Ғарб дастаи финалист ва бозии ҷавобиро дар Шарқ дастаи дигари финалист мегузаронанд.

Рӯзҳои наздик AFC пешниҳоди дархостҳо барои баргузории бозиҳои гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар шакли мутамарказро эълон мекунад.

Бояд гуфт, ки ҳамаи қарорҳои комиссияҳои доимии AFC бояд аз ҷониби Кумитаи иҷроия тасдиқ карда шаванд ва пас аз он эътибор пайдо мекунанд.

Санаҳои нави баргузории Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022/2023

Минтақаи Ғарб

Марҳилаи гурӯҳӣ - 7-27-уми апрели соли 2022 (мусобиқаи дудавраӣ, шакли мутамарказ).

1/8 финал - 3-4-уми феврали соли 2023 (як бозии ҳалкунанда, шакли мутамарказ).

Чорякфинал – 7-уми феврали соли 2023 (як бозии ҳалкунанда, шакли мутамарказ).

Нимфинал – 10-уми феврали соли 2023 (як бозии ҳалкунанда, шакли мутамарказ).

Минтақаи Шарқ

Марҳилаи гурӯҳӣ – 15-уми апрел – 1-уми майи соли 2022 (мусобиқаи дудавраӣ, шакли мутамарказ).

1/8 финал - 18-19-уми августи соли 2022 (як бозии ҳалкунанда, шакли мутамарказ).

Чорякфинал – 22-юми августи соли 2022 (як бозии ҳалкунанда, шакли мутамарказ).

Нимфинал – 25-уми августи соли 2022 (як бозии ҳалкунанда, шакли мутамарказ).

XS
SM
MD
LG