Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати AI ва HRW ба мурооти ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон  


7 январ, шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон. Баъди эътирозу хушунатҳои ахир мақомот шаҳрро тоза мекунанд
7 январ, шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон. Баъди эътирозу хушунатҳои ахир мақомот шаҳрро тоза мекунанд

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар Amnesty International ва Human Rights Watch аз мақомдорони Қазоқистон даъват кардаанд, ки ба ҳуқуқи мардум эҳтиром гузоранд. Баъди эътирозҳои зиддидавлатии ҳафтаи гузашта, ки дар шаҳри Алмаато ба хушунат печид, мақомоти ин ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ наздик ба даҳ ҳазор касро боздошт кардаанд. Эътирозҳо оғози соли равон бо баландравии нархи гази моеъ дар вилояти Мангистау шурӯъ шуда, ба зудӣ дар саросари Қазоқистон паҳн шуданд. Шаҳри Алмаато ба маркази муқовимат бо полис мубаддал шуд. Эътирозгарон биноҳои давлатиро ишғол намуда, чандин фурӯшгоҳро ғорат карданд. Дар гузориши солонаи Human Rights Watch, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, гуфта мешавад, ки мақомоти Қазоқистон эҳтироми ҳуқуқи башарро дар ҷойи аввал нагузоштанд. Созмон аз мақомоти Қазоқистон даъват кардааст, ки фармони "кушодани оташи бидуни огаҳиро фавран аз эътибор соқит кунанд ва ҳуқуқи афроди боздоштшуда эҳтиром шавад”.

Ҳю Вилямсон, мудири бахши Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch мегӯяд, дар эътирозҳои хунини Қазоқистон эҳтимол садҳо тан кушта ва ҳазорҳо нафари дигар боздошт шудаанд. Ба қавли ӯ, мақомоти Қазоқистон бояд ба таври оҷил дар фикри рафъи нигарониҳо оиди эҳтироми ҳуқуқи башар бошанд.

XS
SM
MD
LG