Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Тоҷикистон Қазоқистонро тарк карданд  


11 январ. Низомиёни тоҷикистонии узви нирӯҳои сулҳофари СПАД ҳангоми назорат аз амнияти Истгоҳи барқии рақами 1 дар шаҳри Алмаато

Ба иттилои хабаргузориҳои русӣ, субҳи 14 январ низомиёни Тоҷикистон, ки дар ҳайати нирӯҳои Созмони нирӯҳои паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Қазоқистон қарор доштанд, ба кишварҳои худ баргаштанд.

Интерфакс менависад, нирӯҳои тоҷикистонӣ дар ҳавопаймои русӣ Қазоқистонро тарк карданд. Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон дар ин бора иттилое надодаанд. Вале ба навиштаи хабаргузории русӣ, дар иттилоияи дастрасшуда омадааст, ки “ҳайати шахсӣ ва техникаи воҳидҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби нирӯҳои СПАД, ки рисолаташон аз ҳимояти муассисаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Қазоқистон иборат буд, дар ҳавопаймои низомию нақлиётии нирӯҳои ҳавоии Русия (ҷузъе аз нирӯҳои кайҳонии ин кишвар) фурудгоҳи “Алмати”-ро тарк карданд”. Хабаргузориҳои русӣ қаблан гуфтанд, ки Тоҷикистон 200 низомиашро ба Қазоқистон фиристодааст. Дар хабари ТАСС инчунин омадааст, ки низомиёни тоҷик инчунин дар ҳавопаймо бо худ курсантҳои тоҷикистониро ба ватан бурданд, ки дар мактабҳои низомии Қазоқистон таҳсил мекунанд.

Нақшаи бозгашти нирӯҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви СПАД дар ҳамоҳангӣ бо ҷониби Қазоқистон амалӣ мешавад. Хабаргузориҳо менависанд, ки дар бозгардони онҳо ҳавопаймоҳои низомии навъи Ил-76-и нирӯҳои кайҳонии Русия ба кор бурда шуданд.

Нирӯҳои Тоҷикистон ва дигар аъзои СПАД шурӯъ аз 6-уми январ бо дархости мақомоти Қазоқистон дар ҳайате бо номи “нирӯҳои сулҳхоҳ” бо ҳадафи расмии мусоидат дар мӯътадил кардани вазъ ва барои кӯтоҳмуддат ба ин кишвар сафарбар шуданд.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, барои фиристодани нерӯҳои мусаллаҳ ба қаламрави берун аз кишвар мувофиқати порлумон зарур аст. Маҷлиси намояндагон рӯзи 7-уми январ гуфт, вакилон барои истифодаи нерӯҳои мусаллаҳ берун аз қаламрави кишвар "барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ризоят доданд. Ин дар ҳоле буд, ки, ба иттилои хабаргузориҳои русӣ, шабе аз он пеш як гурӯҳи иборат аз 200 нафар аз нерӯҳои посдори сулҳ аз Тоҷикистон аллакай ба Қазоқистон фиристода шуданд. Он замон як манбаи муътамад дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин нерӯҳо барои муҳофизати мактабҳо, бемористонҳо ва иншооти иҷтимоӣ сафарбар карда мешаванд ва ин нерӯҳо аз аслиҳа истифода нахоҳанд бурд.

Вале омодагии ҳукумати Тоҷикистон барои сафарбарии нирӯҳо ба Қазоқистон дар чаҳорчӯби рисолати расмии “нирӯҳои сулҳофари СПАД” мавриди интиқоди бисёр фаъолони тоҷик шуд. Дар шарҳҳои интернетӣ ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод аз тасмими мақомот ва мавқеи мухолифати бархе корбарон аз ирсоли нирӯҳо садо дод.

Сафарбарии нирӯҳои посдори сулҳи СПАД ба як кишвари узв барои ширкат дар амалиёти таъмини амният як ҳодисаи бесобиқа дар таърихи фаъолияти беш аз 20-солаи ин созмон будааст. Рӯзи 2-юми январи имсол дар шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон сокинони норозӣ аз афзоиши якбораи нархи гази моеъ ба кӯчаҳо баромаданд ва сипас истеъфои ҳукумат ва аз байн бурдани фасоду хешутаборбозиро талаб карданд. Эътирозҳо ба беназмӣ бадал шуд ва шаҳри тиҷоратии Алмаато шоҳиди хушунату беназмиҳои бесобиқа гардид. Ҳукумати Қазоқистон онро "таҳдиди террористӣ" хонда, аз шариконаш дар Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ёрӣ хост. Бо ҳисобҳои гуногун, дар чаҳорчӯби "нирӯҳои сулҳофари СПАД" ба Қазоқистон беш аз се ҳазор нирӯ аз кишварҳои узв - Русия, Беларус, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон сафарбар шуданд. Аксари ин нирӯҳо аз Русия мебошанд. Рӯзи 14-уми январ хабаргузориҳои русӣ аз тарки Қазоқистон кардани нирӯҳои Арманистон ва Қирғизистон ҳам хабар доданд.

Мунаққидону нозирони бетараф гуфтанд, дар асл нирӯҳои СПАД барои ҳифзи ҳукумати Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон аз ошӯб ва густариши задухӯрдҳо рафтанд. Тоқаев ҳодисаҳои ахирро талоши табаддулоти давлатӣ номид, вале феълан санҷидани дурустии ин иттиҳомот тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG