Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вебсайтҳои идораҳои ҳукуматии Украина мавриди ҳамлаи рахнагарон қарор гирифтанд


Шаҳри Киев

Дар ҳоле, ки таниш дар равобити Ғарбу Русия аз мустақар шудани нирӯҳои русӣ дар марз бо Украина боло мегирад, мақомоти Киев гуфтанд, чанд вебсайти ҳукуматӣ мавриди ҳамлаи ҳадафмандона қарор гирифтаанд. Аввал шуда дар бораи рахна шудани вебсайташ вазорати маорифи Украина дар Фейсбук хабар дод. Киев чанде баъд гуфт, ки ҳамлаи рахнагарон мазмуни вебсайтҳои ҳукуматиро тағйир надодааст ва ҳеҷ иттилои хусусӣ берун нарафтааст. Вазорат гуфт, ки шаби 13 ба 14-уми январи соли 2022 дар паи ҳамла ба вебсайти вазорати маорифу илми Украина он муваққатан аз кор монд. Ҳамлаи рахнагаронро Жозеп Боррел, дипломати калони Иттиҳоди Аврупо маҳкум кард ва аз кумитаи амнияти ин ниҳоди аврупоӣ хост, ки ба Киев дар расидагӣ ба ҳалли ин мушкил кӯмак кунад. Баъдан ҳукумати Украина гуфт, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳамлаву масдудшавии вебсайтҳои дигар, ки дорои маълумот ва захираҳои ғании иттилоотӣ мебошанд, муваққатан чандин вебсайти идораҳои давлатиро мебандад.

Ҳангоми ҳамлаи рахнагарон дар вебсайти вазорати корҳои хориҷаи Украина паёме дида шуд, ки ба забонҳои украинӣ, русӣ ва полякӣ мегӯяд: “Битарсед ва ба ҳолати аз ин бадтар омода шавед”. Боррел, ки дар Фаронса бо журналистон сӯҳбат мекард, гуфт, феълан гуфтани ин ки чӣ касе масъули ин ҳамла аст, пеш аз вақт мебошад. “Ман далел надорам, вале ҳамаи мо дар ин замина андешаҳое дорем”, гуфт ӯ. Ҳанӯз ҳеҷ нафаре масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале дар гузашта рахнагарони руси вобаста ба Маскав дар ташкили ҳамлаҳои рахнагарӣ ба вебсайтҳои ҳукумати Украина муттаҳам шудаанд. Ғарб Русияро дар он муттаҳам кард, ки 100 ҳазор сарбозу танку тӯпхонаро дар хати сарҳад бо Украина мустақар карда, ба қавли НАТО, барои ҳамла ба Украина омода мешавад. Маскав гуфт, ки ҳеҷ нияти ҳамла ба Украинаро надорад.

XS
SM
MD
LG