Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ба зидди хоҳари Шарофиддин Гадоев парванда кушодаанд


Ҳафизамо Гадоева

Дар Тоҷикистон ба зидди Ҳафизамо Гадоева, хоҳари Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва яке аз мунтақидони ҳукумат, парванда кушодаанд.

Ҳафизамо Гадоева чанд сол боз бо шавҳару фарзандонаш дар хориҷа қарор дорад. Наздиконаш гуфтанд, далели боз шудани парвандаро намедонанд, "аммо ба эҳтимоли зиёд ба фаъолиятҳои сиёсии бародараш рабт дорад".

Мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Фархор ва вилояти Хатлон рӯзи 15-уми январ барои шарҳи мавзуъ дастрас набуданд.

Номи Ҳафизамо Гадоева дар қатори шахсони таҳти ҷустуҷӯ
Номи Ҳафизамо Гадоева дар қатори шахсони таҳти ҷустуҷӯ

Бино ба аксе, ки 15-уми январ дастраси Радиои Озодӣ шуд, номи Ҳафизамо Гадоева дар тахтаи шахсони мавриди ҷустуҷӯ дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор навишта шудааст. Дар онҷо гуфтаанд, Гадовеа бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар кофтуков аст.

Саъдӣ Раҳматов, шавҳари Ҳафизамо Гадоева, гуфт, ҳамсараш узви ягон созмони сиёсиву динӣ нест ва дар хона ба тарбияи фарзандон машғул аст. Вай тасмими мақомотро беадолатӣ номид: "Магар хоҳари Шарофиддин Гадоев будан маънои тундгароиро дорад? Ман домоди Гадоев ҳастам. Модарамро ба Шуъбаи корҳои дохилӣ даъват карда, таҳдид намудаанд, ки ба Тоҷикистон баргардам. Гуфтаанд, маро афв мекунанд, вале бовар надорам."

Раҳматовро моҳи ноябри соли 2018 бо дархости Тоҷикистон ва бо гумони узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар шаҳри Триполиси Юнон дастгир карда буданд. Вай баъди ду моҳ раҳо шуд, чун мақомоти Юнон гуфтаанд, иттиҳоми ба зидди ӯ тасдиқ нашуд.

"Нисбати ман ба Интерпол, пулиси байнулмилалӣ, иттилои дурӯғ дода буданд, ки гуё ба Афғонистон ва Покистон рафта, дар Сурия низ ҷангидаам. Дурӯғҳояшон ошкор шуд. Чаро ин бор бовар кунам? Онҳо бо ҳар роҳе ба мо фишор меоранд," – афзуд Саъдӣ Раҳматов.

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, аз наздикони соҳибкори норозӣ ва муассису раҳбари пешини "Гурӯҳи 24", Умаралӣ Қувватов, аст. Пас аз қатли Қувватов як муддат раёсати созмонро ба дӯш дошт. Соли 2015 дар Аврупо паноҳандагии сиёсӣ гирифт ва баъдан ба ҳайати Паймони миллӣ, як созмони мухолифини тоҷик, пайваст.

Ӯ моҳи феврали соли 2019 ногаҳон дар Душанбе пайдо шуд. Пас аз ду ҳафта бо ёрии кишварҳои ғарбӣ ба Аврупо баргашт ва гуфт, ӯро дар Маскав рабуда, зӯран ба Тоҷикистон бурданд.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG