Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия ҷазо барои кӯдакозорӣ сахттар мешавад


Дар Русия барои кӯдакозорӣ ва cуистифодаи ҷинсии ноболиғон ҳабси якумрӣ пешбинӣ хоҳад шуд. Вакилони Думаи давлатии Русия бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ ҷазо барои ин ҷиноятро сахттар карданд.

Тибқи қонуни ҳозира, ҳабси абад барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки агар муттаҳам қаблан ба таҷовузи навраси то 14-сола маҳкум шуда бошад. Дар тарҳи нави қонун дар баробари кӯдакозор ё педофилҳо, ҳамчунин афроде, ки нисбати ду ноболиғ ё бештар аз он ҷинояти шаҳвонӣ содир мекунанд, ба муҳлати аз 15 то 20 соли зиндон ё ба ҳабси якумрӣ маҳкум хоҳанд шуд.

Қонуни нав дар Русия баъди куштори ду духтари 10-сола дар Киселевск, дар моҳи сентябри соли 2021, таҳия шуд. Виктор Пестерникови 41-соларо ба таҷовуз ва куштани наврасон гунаҳкор донистанд.

Пестерников қаблан ҳам барои озори ҷинсии ноболиғон зиндонӣ шудааст.

Тибқи тағйироти нав, кӯдакозорон ё педофилҳо дар шароити сахттарин ва дар минтақаҳои шимолу сарди Русия адои ҷазо хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG