Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Блинкен аз Путин: “Роҳи сулҳомез”-ро пеша кунед


19 январ, Киев. Сафорати ИМА дар Украина
19 январ, Киев. Сафорати ИМА дар Украина

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аз президенти Русия Владимир Путин даъват кард, ки бо “роҳи сулҳомез” пеш равад. Эҳсоси хатар аз он ки ногаҳон Русия ба Украинаи ҳамсояаш ҳамла мекунад, то рафт бештар мешавад. Аксар кишварҳои ғарбӣ аз таҷаммӯи 100 ҳазор сарбози рус дар хати сарҳади Русияву Украина ва машқҳои нирӯҳои Русия дар Беларус чун ҳушдор аз низои нави азиме нигарон ҳастанд. Блинкен имрӯз дар Киев, пойтахти Украина гуфт, “бисёр умедвор аст, ки вазъ дар ҳолати дипоматии сулҳомез ҳифз мешавад, вале дар ниҳоят қарори асосиро президент Путин қабул мекунад”. Ин суханҳоро Блинкен рӯзи 19 январ дар як мулоқот бо кормандони сафорати ИМА дар Киев баён кард. Ӯ ҳушдор дод, ки Русия нақшае дорад, ки нирӯҳоро афзоиш диҳад ва ин чиз, ба гуфтааш, барои “таҷовуз алайҳи Украина” имкон медиҳад.
Чанде пеш аз ин як мақоми калони амрикоӣ гуфт, ки маъмурияти президенти Амрико Ҷо Байден моҳи гузашта тақдими 200 миллион доллар пулро барои ёрии иловагии дифоӣ ба Киев тасдиқ кард ва афзуд, ки Вашингтон “истиқлолият ва тамомияти арзии Украина”-ро эҳтиром мекунад. Маълум нест, ки ба ин бастаи кӯмакҳо чӣ дохил мешавад.
Қарор аст Блинкен бо президенти Украина Владимир Зеленский ва дигар мақомот дидору гуфтугӯ кунад. Рӯзи 20-уми январ ӯ ба Берлин меравад, то дар ҷаласае бо иштироки мақомоти Бритониё, Фаронса ва Олмон як эътилофи воҳиди ғарбӣ ба ҳимояти Украинаро эҷод кунад.
Инчунин рӯзи 21 январ дар Женева мулоқоти Блинкен бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров барпо мешавад. Ин дипломатҳои баландпоя рӯзи 18 январ бо ҳам як сӯҳбати телефонӣ доштанд.
Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 18-уми январ дар бораи таҷаммӯи нирӯҳо дар марзи Украина гуфт, “ин як ҳолати бисёр хатарнок аст. Мо ҳоло дар як марҳилае қарор дорем, ки Русия метавонад ҳар лаҳза ба Украина ҳамла кунад”.
Азимтарин мавриди истиқрори нирӯҳои Русия дар сарҳади Украина ба ҳодисаҳои атрофи ишғоли нимҷазираи Қрим дар соли 2014 рабт мегирад. Он замон Русия ин қаламравро забт кард, аз ҷудоиталабони украинӣ дар шарқи Украина ҳимоят кард ва дар натиҷаи низоъҳо аз он замон то кунун 13 ҳазору 200 нафар кушта шуданд. Ин амалҳои Маскавро бисёр кишварҳо маҳкум карданд. Худи Русия ҳама гуна нақшаи эҳтимолии ҳамла ба Украинаро рад карда НАТО-ро барои нияти ба узвияташ қабул кардани Украина интиқод кардааст.

XS
SM
MD
LG