Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот дар Қазоқистон. "Пешво"-ро аз мансабҳои якумрӣ барканор карданд


Қосимҷомарт Тоқаев ва Нурсултон Назарбоев. Акс аз соли 2019

Вакилони порлумони Қазоқистон рӯзи 19-уми январ тарҳи тағйиротеро қабул карданд, ки бино бар он раисҷумҳури пешин, Нурсултон Назарбоеви 81-сола, аз раҳбарии доимии Шӯрои амният ва Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон барканор карда шудааст.

Назарбоев соли 2019, баъди се даҳсолаи раёсати ҷумҳурӣ, аз мансаб истеъфо дод, аммо ҳамчун элбасӣ ё пешвои миллат раҳбари доимии Шӯрои амният ва Ассамблеяи халқҳо монд.

Шӯрои амнияти Қазоқистон ниҳоди конститутсионӣ буда, сиёсати давлатро дар бахши амнияти миллӣ ва мудофиа ҳамоҳанг мекунад. Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон ниҳоди машваратист ва дар порлумон 9 намоянда дорад.

Вакил Қанат Нуров ба хабарнигорон гуфт, тағйирот дар ҷаласаи рӯзи 18-уми январ қабул шудааст. "Ин тағйрот ба қонун дар бораи президенти нахустин – элбасӣ, Анҷумани халқҳо ва Шӯрои амният дахл дорад. Ҳар чизе зарур буд, тағйир дода шуд," – гуфт Нуров.

Ҳамоно тафсилоти ислоҳҳо ба қонун маълум нест. Лоиҳаи санадро дар сомонаи порлумони Қазоқистон нашр накардаанд.

Тағийроти ахир дар ҳоле сурат мегирад, ки Қазоқистон дар оғози моҳи январи имсол шоҳиди эътирозу беназмиҳои маргбор буд. Эътирозҳо дар шаҳри Жанаозен, ба далели болоравии нархи гази моеъ, сар шуда, дар Алмаато ва гӯшаҳои дигар ба задухӯрду хушунат печид.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, дар пайи эътирозҳо, 5-уми январ, бидуни ҳеч шарҳе гуфт, ки раёсати Шӯрои амниятро бар уҳда дорад. Сипас, дар як суханронияш замони раҳбарии Назарбоевро танқид кард, ки "ширкатҳои зиёди сердаромад ва шахсони ниҳоят сарватманд ба вуҷуд омадаанд" ва ҳоло вақти он расидааст, ки мардуми одӣ ҳаққи худро сазовор шаванд.

Дар ҳамин ҳол, шумори зиёди пайвандон ва шахсони наздик ба Назарбоев мақомҳои расмии худро яке пайи дигаре аз даст медиҳанд.

Назарбоев дар ҷараёни тазоҳурот ва беназмиҳо хомӯш буд. Вай рӯзи 18-уми январ бо нашри изҳороти видеоӣ, ки зиёд таҳрир хӯрдааст, гуфт, дигар масъули Шӯрои амният нест. Ҳамзамон ҳар гуна ихтилофро миёни худаш ва Тоқаев рад кард.

Дар ҳамин ҳол, як гурӯҳ аз шаҳрвандони Қазоқистон бо дархости лағви дахлнопазирии Назарбоев, ки қонун дар бораи раиси ҷумҳури нахустини Қазоқистон кафолат додааст, маъракаи интернетиро ба роҳ мондаанд. То 19-уми январ зери ин даъват қариб 7000 нафар имзо гузоштанд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар ҷараёни нооромиҳо 227 нафар, аз ҷумла 19 афсари интизомӣ кушта ва 12 ҳазор кас дастгир шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ин шумора шояд ба маротиб бештар бошад. Онҳо мегӯянд, шуморе аз мардум бедарак шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG