Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти хабарии раиси Кумитаи андози Узбекистон баҳсбарангез шуд


Шерзод Қудбиев. Тошканд, 17-уми январи 2022
Шерзод Қудбиев. Тошканд, 17-уми январи 2022

Нишасти хабарии раиси Кумитаи андози Узбекистон Шерзод Қудбиев, ки 17-уми январ барои ором кардани норозиён аз тағйироти ахир дар низоми андози он кишвар дар шаҳри Тошканд баргузор гашт, ҷанҷолбарангез шуд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон муносибати раиси Кумитаи андози он кишварро, ки нахост ба ҷавондухтари рӯзноманигор аз расонаи маҳаллии интернетӣ посух гӯяд, зери танқид қарор дода, вайро ба "табъизи ҷинсӣ ва тундхӯӣ" гунаҳкор мекунанд.

Намояндагони расонаҳои Узбекистон ҳам Қудбиевро ба он айбдор карданд, ки аз "посух додан гурехт". Шерзод Қудбиев дар ҷавоб ба суоли рӯзноманигори "Qalampir.uz" танҳо гуфт, ки "ӯ ҳоло духтари ҷавон аст ва наметавонад аз номи мардум гап занад".

​Чанде пеш тағйироте, ки ба қонунгузории андози Узбекистон ворид шуда буд, ба иҷро даромад. Коршиносон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки ин тағйирот метавонад ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна - бахши асосии андозсупорандаҳо дар он кишвар таъсири манфӣ расонад.

Бар асоси тағйирот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Узбекистон минбаъд бояд ҳисоботи андозро бо низомҳои "Е-aktiv" ва "Е-rent" пешниҳод кунанд. Ҳамчунин аз 1-уми январ сабти қарордодҳои иҷораи амволи ғайриманқул дар нозироти андози Узбекистон ба таври электронӣ ҳатмӣ шуд.

XS
SM
MD
LG