Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони Қазоқистон талаб доранд, барои таҳқиқи ҳодисаҳои январ комиссия ташкил шавад


Нишасти фаъолон дар шаҳри Нурсултон. 19-уми январи 2022
Нишасти фаъолон дар шаҳри Нурсултон. 19-уми январи 2022

Гуруҳе аз фаъолони маданӣ ва намояндагони ҳизби сабтиномнашудаи Қазоқистон -"Ел тірегі" (Дастгирии кишвар) 19-уми январ дар шаҳри Нурсултон бо баргузории нишасти хабарӣ мақомотро ба таҳқиқи одилонаи ҳаводиси ахир даъват карданд.

Ба гуфтаи онҳо, барои таҳқиқи ҳодисаҳои хунини аввали моҳи январи имсол дар Қазоқистон бояд комиссияи махсус, бо шумули намояндагони мухолифон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъсис меёфт.

Ба гуфтаи фаъоли маданӣ аз шаҳри Алмато Марат Туримбетов, мақомоти Қазоқистон ҳақ надоранд, ки дар бетартибиҳои ахир шаҳрвандонро гунаҳкор кунанд. Зеро мардум даст ба "тазоҳуроти осоишта зада буданд, вале мақомот нахостанд, бо тазоҳургарон гуфтугӯ кунанд".

"Мо 4-уми январ дар майдони Алмато ҷамъ шудем. Ягон намояндаи шаҳрдорӣ ба назди мо наомад. Сипас гуруҳи одамон барои гуфтани талабҳои худ ба майдони марказии шаҳр рафтанд. Нерӯҳои таъйиноти махсус бо наздик шудани тазоҳургарон аз гази ашковару норинҷакҳои садоӣ истифода карданд. Шумори кушташудаҳо дар миёни маъмурони пулис ва сокинонро муқоиса кунед. Кӣ ба самти кӣ оташ кушод?", - изҳор дошт ӯ.

XS
SM
MD
LG