Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен як рӯз пеш аз мулоқот бо Лавров ба Аврупо рафт


Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико

Дар ҳоле ки танишҳо миёни Ғарб ва Русия бар сари ҷобаҷо шудани нерӯҳои русӣ дар наздикиҳои марз бо Украина боло гирифтааст, Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, барои гуфтугӯҳо бо шариконии аврупоии Вашингтон вориди Берлин, пойтахти Олмон, шуд.

Қарор аст, ки Блинкен рӯзи 20-уми январ бо ҳамтоёни олмонӣ, фаронсавӣ ва бритониёии худ мулоқот кунад. Як рӯз баъд ӯ дар Женева бо ҳамтои русиаш Сергей Лавров вомехӯрад.

Пас аз он ки Русия ҳудуди 127 ҳазор сарбозро дар наздикии марзҳои Украина ҷобаҷо кард ва нерӯҳои қобили таваҷҷуҳеро дар Беларус барои ончи Маскав ва Минск "машқҳои фаврии низомӣ" мегӯянд, фиристод, занги хатар дар сартосари пойтахтҳои ғарбӣ ба садо даромадааст.

Энтони Блинкен рӯзи гузашта ба Киев сафар кард, то ба Украина итминон диҳад, ки Вашингтон аз онҳо пуштибонӣ мекунад. Ӯ гуфт, агар Русия ҳар иқдоме алайҳи Украина анҷом диҳад, Иёлоти Муттаҳида омодааст, таҷҳизоти иловагии бештарро дар ихтиёри Украина бигузорад.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 19-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ба гумони ӯ, Русия ба Украина ҳамла хоҳад кард. Аммо ба гуфтаи Байден ҳамтои русаш ҳанӯз дар мавриди ҳамла тасмим нагирифтааст ва дар сурати вуқӯи чунин ҳамла, бо пайомадҳои иқтисодии сахт рӯбарӯ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG