Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазир гуфт, иқтисоди Тоҷикистон 9 дарсад афзудааст. Оё чунин аст?


Қоҳир Расулзода
Қоҳир Расулзода

Нахуствазири Тоҷикистон гуфтааст, иқтисоди кишвар дар соли гузашта 9,2 дарсад зиёд шуда, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ қариб ба 99 миллиард сомонӣ расид. Ин рақамҳоро Қоҳир Расулзода рӯзи 20-уми январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат баён кардааст ва онро сомонаи президент нашр кард.

Изҳороти нахуствазир дар ҳоле садо медиҳад, ки пештар Бонки Ҷаҳонӣ рушди иқтисоди Тоҷикистонол дар соли 2021 3,7 дарсад пешбинӣ карда буд. Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ гуфта мешуд, ки бинобар пандемия рушди иқтисоди Тоҷикистон то ҳадде кунд шуд, ки дар ду даҳаи охир собиқа надошт.

Ҷузъиёти бештаре аз изҳороти нахуствазир дастрас нест ва рӯшан нест, ки иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби кадом манобеъ 9,2 дарсад афзоиш ёфтааст.

Баъзе аз коршиносон қаблан омори мақомотро дар бораи рушди иқтисод “фиреби назар” гуфтанд.

Рӯзи 20-уми январ нахуствазир Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи ҳукумат ҳамчунин гуфт, ба буҷети кишвар назар ба нақшаи пешбинишуда 1,3 миллиард сомонӣ бештар маблағ ворид шуд. Аммо соли гузашта шикояти соҳибкорон аз гаронии андоз зиёд садо дод.

Нахуствазир дар ҳузури раиси ҷумҳур ва дигар аъзои ҳукумат аз таъсиси 309 корхона ва коргоҳҳои нав дар кишвар низ хабар додааст. Аммо як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли гузашта нишон дод, ки бисёре аз корхонаҳое, ки аз сӯи раиси ҷумҳур боз шуданд, баъди чанде аз кор мемонанд.

XS
SM
MD
LG