Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сержанти нерӯҳои марзбонӣ дар марги Миралӣ Боқиев гумонбар шудааст


Акси Миралӣ Боқиев
Акси Миралӣ Боқиев

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар робита ба марги Миралӣ Боқиеви 20-сола, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, як ҳамхидмати ӯро дастгир карданд.

Боқиев моҳи майи соли гузашта ба артиш рафта, шаби 17-уми январи имсол дар дидбонгоҳе дар ноҳияи Фархор латукӯб шудааст. Ҷасади ӯро 19-уми январ дар зодгоҳаш, шаҳри Панҷакент, дафн карданд.

Як манбаъ дар Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб рӯзи 25-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, сержант Сиддиқ Саъдуллоев ба "суистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" гумонбар аст, вале тафсилот надод. Ба вай аз 12 то 15 сол ҳабс таҳдид мекунад. Пайвандонаш вокунише накардаанд.

Наздикони Миралӣ Боқиев мехоҳанд, қазияи марги ӯ ҷиддӣ таҳқиқ шуда, гунаҳкор муҷозот шавад. Чанде аз онҳо барои фаҳмидани асли қазия аз Панҷакент ба вилояти Хатлон рафтаанд.

Зариф Зарифов, яке аз пайвандони Миралӣ Боқиев, рӯзи 25-уми январ гуфт, дар онҷо бо баъзе аз сарбозон суҳбат карданд. "Ду ҳамхидмати Миралӣ нақл карданд, ки ҳодиса шабона рӯй дод. Сержант онҳоро қатор карда, задааст. Аз Миралӣ талаб кардааст, либоси зимистонаашро бикашад. Вақте рад мекунад, ба қафаси синааш задааст. Ӯро ба бемористон мебаранд ва дар онҷо мефавтад," --нақл кард ӯ.

Файзалӣ Боқиев, бародари сарбози фавтида, низ тасдиқ кард, ки дар Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб буданд ва бо муфаттишон суҳбат доштанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон мегӯянд, дар аксар ҳолат дар қисмҳои ҳарбӣ наваскарон мавриди латукӯб ва зӯроварӣ қарор мегиранд. Муносибати ғайриоинномавӣ дар қисмҳои низомӣ, ба гуфтаи онҳо, ба як раванди маъмулӣ табдил шудааст. Мақомот мегӯянд, солҳои охир назорат дар қисмҳои ҳарбӣ сахттар ва мавридҳои бадрафторӣ дар муқоиса бо гузашта камтар шудааст.

"Ин як навъ шиносоии бераҳмона аст. Анъанаест, ки аз зиндон ба артиш гузаштааст ва онро "пазироӣ" меноманд," -- гуфта буд Дилрабо Самадова, роҳбари Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки ба ҳифзи ҳуқуқи сарбозон машғул аст.

Ба гуфтаи Самадова, "дар як сол аз 10 то 15 парвандаи ҷиддӣ ба мисли ба худкушӣ расондан ва куштори сарбозонро дорем. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки сарбоз бояд ба иллати осеби ҷиддӣ гирифтан дар қисми ҳарбӣ нигоҳ дошта нашавад. Фикр мекунам, қазияву парвандаҳои зиёди дигар дар чаҳордевори қисмҳои ҳарбӣ нигаҳ дошта мешаванд."

Исботи далели "меҳтарсолорӣ" ё бадрафторӣ ба навсарбозон, ба қавли Дилрабо Самадова, душвор буда, ҳатто дар ҳолати марги сарбоз низ кам рух медиҳад, ки шахси гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

XS
SM
MD
LG