Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, агар Путин ба Украина ҳамла кунад, таҳрим мешавад


Ҷо Байден ва Владимир Путин.
Ҷо Байден ва Владимир Путин.

Бо оғози размоиши нерӯҳои Русия дар ҳамсоягии Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина, таҳримҳои камаршиканеро алайҳи Маскав ва шахси Владимир Путин, ҷорӣ хоҳад кард.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 25-уми январ гуфт, ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина "паёмадҳои бузурге" хоҳад дошт ва ҳатто метавонад "ҷаҳонро тағйир диҳад". Ӯ дар посух ба ин пурсиши як хабарнигор, дар бораи таҳрими эҳтимолии оқои Путин, гуфт, "бале ман чунин чизеро дар назар дорам".

Як мақоми баландпояи амрикоӣ низ таъкид кард, ки ин бор таҳримҳо алайҳи Русия "паёмадҳои вахим" барои Маскав хоҳад дошт ва қобили муқоиса бо вокуниши Ғарб ба Русия дар соли 2014 нест, ки Қримро ба хоки худ ҳамроҳ карда буд. Ин мақоми амрикоӣ ба шарти фош нашудани номаш ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтааст, ки таҳримҳои нав шомили таҷҳизоти технологии пешрафта ба Русия низ мешавад.

Ҳамзамон нахуствазири Бритониё аз эҳтимоли қатъи дастрасии бонкҳои Русия ба механизми байналмилалии доду гирифти пул гуфтааст. Борис Ҷонсон рӯзи душанбе гуфт, чун Амрико маркази низоми молии байналмилалӣ аст, ҳукумати Амрико метавонад онро иҷро кунад ва "мо дар ин масъала ҳоло машғули музокира ҳастем".

Рӯзи сешанбе размоиши низомии Русия дар наздикии марзҳои Украина бо иштироки ҳазорон сарбоз ва даҳҳо ҳавопаймои низомӣ оғоз шуд. Русия иддао дорад, ки Ғарб бо эълони омодабош барои фиристодани нерӯҳои ҷангӣ ба Аврупо, ба оташи танишҳо рӯған меандозад. Мақомоти Амрико ва НАТО рӯзи душанбе эълон карданд, ки дар сурати зарурат ба минтақа нерӯ фиристода хоҳад шуд.

Хабаргузориҳои Русия аз қавли фармондеҳи артиши Русия гузориш доданд, ки размоиши низомӣ бо иштироки шаш ҳазор нерӯ ва дастикам 60 ҳавопаймои ҷангӣ дар минтақаҳои Ростов ва Краснодар дар ҳамсояии марз бо Украина ва Қрим оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG