Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камолиддин Абдуллоев. Туркҳо дар Бухорои Шарқӣ


Бухоро
Бухоро
Ташкили Созмони Кишварҳои Туркӣ, ки се ҳамсояи Тоҷикистон ҳам ба он шомил шудаанд, ба чӣ маъност? Шояд Тоҷикистонро мебояд ба ин иттиҳод бипайвандад? Ё ба умеди он ки созмонро тақдири Иттиҳоди ташкилношудаи кишварҳои форсизабон интизор аст, нодида бигирад? Посух ба ин суолҳоро дар бахши аввал бихонед.

Бахши 2

Пантуркизм дар Империяи Усмонӣ ҳамчун як таълимоти геополитикие, ки туркҳоро на танҳо дар дохил, балки дар саросари ҷаҳон муттаҳид мекард, солҳои 1914-1922 аз худ дарак дод.

Аз ҷумла замоне ки Туркия ҳамчун ҳампаймони Олмон ва Австрияву Венгрия дар Ҷанги ҷаҳонии якум шимолу шарқи Анатолияро озод карда, ба самти Қафқози “русӣ” пеш мерафт. Туркҳо моҳи сентябри соли 1918 Бокуро ғасб карданд ва вазири дифоъ Анвар Пошшо бо илҳом аз ин пирӯзӣ эълон кард, ки Артиши исломии Қафқозро таъсис медиҳанд. Он Осиёи Марказиро ҳадафи минбаъдаи худ меҳисобид.

Камолуддин Абдуллоев
Камолуддин Абдуллоев

Аммо ҷанг тамоми захираву манбаъҳои Туркияро ба поён расонда буд ва он натавонист, ҳатто мавқеи худро дар Қафқози Ҷанубӣ тақвият бахшад, чи расад ба самти Шарқ пеш рафтан.

Бинобар ин, Туркия аз ҷанг даст кашид ва ташаббус дар минтақаи Хазарро Бритониё ба даст гирифт. Гуруҳе аз артиши бритониёӣ-ҳиндӣ ба раҳбарии генерал-майор Вилфрид Маллесон моҳи августи соли 1918 марзи форсу Русияро гузашта, якҷоя бо нерӯҳои маҳаллии зиддисоветӣ 14-уми октябр аскарони шӯравиро дар Каахка (Какаи ҳозира дар Туркманистон) шикаст дод.

Дар онҷо ҳодисаи бесобиқае рух дод. Бритониё на танҳо бори нахуст ба минтақаи зери нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ “пой гузошт”, балки бо нерӯҳои ин кишвар вориди ҷанг шуд.

Нигаронӣ аз "таассубгарон"

Пайдо шудани англисҳо дар Ишқобод (Ашхобод) дар баробари миллатгароёни Туркистон ба амири Бухоро Саид Олимхон низ умед бахшид. Онҳо аз англисҳо хоҳиш карданд, ки чанд сад километри дигар ба самти Шарқ пеш рафта, Тошканду Бухороро низ ғасб кунанд. Вале англисҳоро танҳо амнияти марзҳои худ дар Ҳиндустон ва идораи Афғонистон нигарон мекард. Онҳо ҳарос доштанд, ки хало (холигоҳ)-и қудрати ба вуҷудомада дар канори империяи пешин баъди рафтани Русия боиси бесарусомонӣ ва шӯриши "таассубгарони мусалмон" хоҳад шуд.

Албатта, англисҳо Русияро ҳанӯз ҳам душмани худ дар минтақа мешумурданд, аммо ҳеч гуна нерӯи умумимиллиеро мушоҳида накарданд, ки дар робита ба кӯшишҳои қатъи фармонравоии Русия дар Осиёи Марказӣ тавонанд, ба он такя кунанд. Онҳо ҳаракатеро ҳам барои худмуайянкунии миллӣ надиданд ва босмачигариро низ, ки дар он нерӯи қавии исломӣ вуҷуд дошт, чунин ҳаракат намешумурданд.

Минтақаро, дар ҳақиқат, зиддиятҳои амиқе аз ҳам ҷудо мекард, ки то ҳанӯз ҳам мондаанд. Агар нухбагон (элитаҳо)-и Тошканд ва Қӯқанд ҳанӯз худро ҷузъи Русия мешумурданду аз Бухоро рӯй гардонда, дар фикри истиқлол ҳам набуданд, амири Бухоро ба болшевикон нафрат дошт ва танҳо орзу мекард, ки Англия вориди ҷанг зидди Русияи Шӯравӣ шавад. Ӯ бо ин роҳ мехост, зери ҳимояти Англия қарор бигирад. Ба монанди раҷпутҳои Ҳиндустон, ки ба соҳибихтиёрии Бритониё дар ивази худмухтории маҳаллӣ ва кафолати эмин мондан аз таҷовузҳои хориҷӣ розӣ шуда буданд.

Ба ҷуз аз ин, нухбагони Туркистону амир, ҳамчунин босмачихо низ вуҷуд доштанд, ки онҳоро мардуми Фарғона, манотиқи атрофи аморати Бухоро, аз ҷумла қабилаҳои нимкӯчманчии узбекҳо, туркҳои Балҷувон, тоҷикони Ҳисору Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз ва Мастчоҳ ташкил медоданд.

Талошҳои Англия ва Русия бо чӣ анҷомид?

Онҳо бехабар аз миллатгароӣ ва (пан)туркизм дар ҷомеаҳои суннатӣ зиндагӣ мекарданд, қадри нангу номус ва ғайратро медонистанд, якпорчагиву амнияти ҷамъиятӣ ва шаъну шарафи занонро ҳифз мекарданд. Бухороиҳо бар хилофи туркистониҳо русҳоро, ки бар замми ин ҳама дар Бухоро мисли хонаи худ фармонравоӣ мекарданд, надида буданд ва бинобар ин, бартараф кардани фаврии онҳоро талаб карданд. Онҳо ҷадидонро “кофир” ва ватанфурӯш меҳисобиданд. Аммо шӯришиёни маҳрум аз роҳбарии дуруст ва стратегияи хуб дар Бухоро, аксар вақт ба роҳзаниву ғоратгарӣ ва ҷанҷоли дохилӣ роҳ медоданд ва ба муқобилияти аҳолии осоишта дучор меомаданд.

Ҳамин тариқ, ин минтақа аз ҷониби Англия ё Русия як субъекти мустақили геополитикӣ ҳисобида нашуд. Аввалӣ билохира тасмим гирифт, минтақаи мушкилзоро ба Русия во гузорад ва моҳи апрели соли 1919 нерӯҳои худро аз Туркманистон берун бурд. Ҳамин тариқ, бо шарофати дастгирии бавоситаи Антанта, ҳукумати Шӯравӣ охирҳои соли 1920 ҳам дар Қафқоз ва ҳам дар Осиёи Марказӣ, бо шумули Хива ва Бухоро, ки шоҳи “инқилоб” шуданд, тақвият ёфт.

Анвар Пошшо
Анвар Пошшо

Анвар ва ҷонибдоронаш дар чунин вазъият тасмим гирифтанд, ки бо баҳонаи муборизаи муштарак зидди империализми Англия, бо Русия наздик шаванд. Сипас гардиши ғайринтизоре сурат гирифт: аз русҳо ба босмачиҳо гузаштанд. Анвар аз пазироии сарди болшевикон, ки дар сиёсати туркии худ ба Мустафо Камол такя мекарданд, асабӣ шуда, 8-уми ноябри соли 1921 ба назди босмачиён рафт. Онҳо барои шахсе, ки аз таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ огоҳии чандон хубе надошт, “инқилобгарони мусаллаҳ” менамуданд. Ӯро сард пазироӣ карданд.

Раҳбари узбекҳо-лақайҳо Иброҳимбек Анварро зуд дастгир карда, тақрибан се моҳ дар ҳабс нигаҳ дошт. Босмачиҳо туркҳо, хатмкунандагони аврупоишудаи академияҳои низомиро борҳо дар роҳҳои Бухорои Шарқӣ ғорат карданд. Ҳарчанд Анвар (бо кумаки Олимхон ҳам бошад) ибтидои моҳи марти соли 1922 билохира “сарфармондеҳи муҷоҳидони Бухоро” эътироф шуда бошад ҳам, мудирияти шашмоҳаи туркҳоро дар Бухорои Шарқӣ на аз нигоҳи низомӣ ва на аз нигоҳи муносибатҳои маданӣ наметавон комёб номид.

Кӯшишҳои туркҳо барои маҷбур кардани бухороиҳо ба хондан, итоати қоидаҳои низомӣ, рушди тиҷорат, иқтисод ва ҳатто коркарди манбаъҳои табиӣ ба нофаҳмиҳо, коршиканиҳо ва эътирозҳо анҷомиданд. Бахусус, лақайҳои Иброҳимбек, ки Анвар дар мукотибаҳояш ба онҳо лаънатҳои сахт фиристодааст, худро якраву саркаш нишон додаанд.

Муқоисаи гузашта ва ҳоло

Иброҳимбек то миёнаҳои солҳои 1920-ум Кӯлоб, Вахш, Ҳисор ва Сурхандарёро идора карда, бозиҳои худро идома медод. Ӯ қудрати Артиши Сурхро дида, бо камоли майл мукотиба бо русҳоро оғоз кард, то онҳоро барои берун бурдани нерӯҳояшон маҷбур созад ва ба туркҳо, ки дар қатори ҷадидони манфур ва гуруҳҳои сурх дар “ихтиёраш” буданд, бовар намекард. Иброҳимбек ба собиқ амир – Олимхон, ки ба он тарафи рӯдхона – Кобул паноҳ бурда буд, изҳори садоқат мекард.

Амир Олимхон
Амир Олимхон

Аммо ӯ дар айни ҳол дар мубориза бо рақибон – раҳбарони тоҷики Қаротегину Дарвоз, ки ба таври тазодомез аз Анвар ҷонибдорӣ мекарданд ва ба ҳимоят аз туркҳо зидди узбекҳо борҳо ҷангидаанд, нерӯи зиёд сарф кардааст. Моҷароҳои Анвар дар бештари маврид ба далели фурсатталабӣ ва якравии Иброҳимбек ба ҳам мезаданд. Эътилофи ларзони афсарони турк, ҷадидон-либералҳо, мансабдорони пешини аморат ва гуруҳҳои минтақавии босмачиҳои ниммустақили муттаҳидшудаи харизмаи Анвар пошхӯрда, ҳамзамон идеяи тахайюлии ташкили “империяи турк” аз Босфор то Ҳиндустон низ ба ҳам зад.

Баргардем ба иттиҳоди туркии модели охирҳои соли 2021. Дар ин робита ба худ ҳақ медиҳам, то тахмин занам, ки кишварҳои муосири туркзабони Осиёи Марказӣ назар ба пантуркизми миллӣ, ки барояшон танҳо як идеяи хаёлпарастона аст, ба ҳувияти миллӣ – узбек, қазоқ, туркман, қирғиз ва қарақалпоқ – авлавият медиҳанд. Пантуркизм дар худи Туркия низ, ки гароиш ба Ғарб дорад, ҳамчун як идеяи “шарқӣ” қабул шуда, чандон ҷонибдори зиёде надорад.

Барои мисол, таърихшиноси муосири турк ва сиёсатшинос Ахат Андиҷон бар ин назар аст, ки дар Осиёи Марказӣ бояд як федератсияи худӣ таъсис ёбад ва кишварҳои ғайритуркзабон, аз қабили Тоҷикистон ва Муғулистон тавонанд ба ҳайати он шомил шаванд. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои минтақа то замони таъсиси чунин федератсия давлатҳои сусте хоҳанд монд, ки амрҳои абарқудратҳое ба монанди Русия ва Чинро иҷро мекунанд. Бо вай розӣ нашудан ҳам мушкил аст.

XS
SM
MD
LG