Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Орзу доштанд, ки имсол оиладор шаванд, аммо..." Дафни шаш муҳоҷири тоҷик дар Хатлон. ВИДЕО


Дафни муҳоҷирон дар Хатлон
Дафни муҳоҷирон дар Хатлон

Тобути шаш муҳоҷири тоҷикро, ки ба гуфтаи мақомот бар асари заҳролудшавӣ дар Русия ҷон бохтанд, субҳи 30-юми январ ба Тоҷикистон овардаанд. Дилшод Одинаев, як масъули идораи муҳоҷират дар Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "тобутҳоро дар Фурудгоҳи Душанбе гирифта, ба хешовандонашон супурдем."

Наздикони чаҳор нафари онҳо дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон тасдиқ карданд, ки ҷасадҳоро рӯзи якшанбе дар зодгоҳашон дафн карданд. Ба гуфтаи онҳо, тобути ду нафари дигар ба ноҳияи Ҳамадонӣ ва Ҷайҳун бурда шудааст.

Мақомоти Русия гуфтанд, шаш муҳоҷири тоҷик шаби 25 ба 26-уми январ дар як гармхона дар вилояти Волгоград ҷон бохтанд. Бино ба итилои расмӣ, онҳо бар асари заҳролудшавӣ даргузаштанд. Сафорати Тоҷикистон хостааст, сабабҳои марги муҳоҷирон одилона ва то охир таҳқиқ карда шавад. Мақомоти Русия дар се рӯзи охир ҷузъиёти дигаре надодаанд.

Се муҳоҷири фавтида –

  • Қобилҷон Файзиддинови 21-сола,
  • Қосимҷон Файзиддинови 20-сола ва
  • Нуриддин Файзиддинови 36-сола

аз як оила ва аз деҳаи Наврафтори ноҳияи Вахш ҳастанд. Наздиконашон мегӯянд, ҳанӯз дар бораи чӣ гуна фавтидани фарзандони худ иттилои пурра надоранд. Фақат ҳаминро шунидаанд, ки дар гармхона чӣ ҳодисае рӯй додааст.

"Қарор буд, Қобилҷон ва Қосимҷон баҳори имсол ба зодгоҳ омада, оиладор шаванд, аммо фалокат шуду хабари маргашон омад. Як хонаро ҳам барои арӯсии онҳо омода карда буданд," – гуфт Идимо Шерова, ҳамдеҳаи муҳоҷирони фавтида.

Маҳаллае, ки хонаводаи бародарон Қобилҷон ва Қосимҷон Файзиддиновҳо зиндагӣ мекунанд
Маҳаллае, ки хонаводаи бародарон Қобилҷон ва Қосимҷон Файзиддиновҳо зиндагӣ мекунанд

Хонаводаи Файзиддиновҳо дар ноҳияи Вахш гуфтанд, фарзандонашон дар Русия ба таври қонунӣ дар як ширкат кор мекарданд, аммо тасмим надоранд, ки ба зидди он шикоят баранд.

Се муҳоҷири дигар –

  • Саидакрам Кабутови 22-сола аз ноҳияи Вахш,
  • Идибек Саломови 30-сола аз ноҳияи Ҷайҳун ва
  • Муҳаммадҷон Раҳмоналии 22-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ будаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, дар пайванд ба заҳролудшавии муҳоҷирони тоҷик парванда кушода, ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд. Муфаттишон гуфтаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон бар асоси патент ё иҷозатнома фаъолияти қонунӣ доштанд, вале қоидаҳои бехатариро дар гармхона риоят накардаанд.

Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст. Ҳар сол садҳо ҳазор кас ба далели набудани ҷойи кору маоши муносиб дар Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд, то барои зиндагӣ, таҳсил ва хариди манзилу баргузории маъракаҳо маблағи кофӣ ба даст биоранд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, камтар аз ним миллион нафар аз шаҳрвандони кишвар дар Русия кору зиндагӣ доранд, аммо ҷониби Русия ин рақамро бештар аз як миллион кас медонад. Садҳо ҳазор нафар ҳамзамон шаҳрвандӣ ва шиносномаи русӣ гирифтаанд.

Ҳамасола тобути даҳҳо муҳоҷири тоҷик ба ватан оварда мешавад. Соли 2020, ба сабаби баста будани роҳҳо дар аҳди коронавирус, тобути 300 муҳоҷири тоҷик ба ватан оварда шуд, вале дар солҳои қабл аз он аз 600 то 800 тобут оварда мешуд. Сабаби марги аксари онҳо куштор, беморӣ ва садамаю тасодуф будааст.

XS
SM
MD
LG