Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зидди Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров парванда кушодаанд. Ӯ "туҳмат" хонд


Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров

Додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон кард, ки нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз шахсони бонуфузи минтақа, бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодаанд.

Ин парванда дар пайи шикояти сардори Идораи маорифи ВМКБ боз мешавад. Лутфулло Наврӯзов чанд рӯз пеш дар наворе, ки маълум нест дар чӣ шароит сабт шудааст, шикоят карда буд, ки гуё аз тарафи Маҳмабоқиров, афсари пешини нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва аз чеҳраҳои саршиноси вилоят, латукӯб ва шиканҷа шуд. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои сардори Идораи морифро рад кард ва гуфт, бо ӯ танҳо як "сӯҳбати падарона" анҷом дод, вале "муаллимро назад".

Даъво чист?

Парвиз Орифзода
Парвиз Орифзода

Дар як гузориши 9-дақиқаӣ дар бораи ин ҳодиса, ки рӯзи 2-юми феврал тавассути телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд, Парвиз Орифзода, додситони вилоят, гуфт, нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо гумони

  • "истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият";
  • "таҳқири намояндаи ҳокимият";
  • "вайрон кардани дахлнопазирии мардум";
  • "барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ" парвандаи ҷинояӣ оғоз гардид."

Додситони вилояти Бадахшон дар изҳороташ гуфт, ҳодиса рӯзи 29-уми январи имсол рӯй додааст, вале Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров "аз даъвати мақомоти тафтишот саркашӣ карда, барои бозпурсӣ ҳозир нашуд."

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ин иддаро "пурра туҳмат ва дурӯғ" номид. Вай рӯзи 1-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, бо сардори Идораи маорифи вилоят танҳо "як сӯҳбати падарона" анҷом дод.

"Насиҳат" ё "латукӯб"?

Мақомоти Бадахшон мегӯянд, ҳодисаро дурбини назоратии Идораи маориф сабт кардааст. Дар навори телевизиони Бадахшон лаҳзаи латукӯб шудани як нафар аз тарафи марде намоиш дода шуд, вале тасдиқи дурустии он аз манобеи мустақил ғайриимкон аст. Лутфулло Наврӯзов, сардори Идораи маорифи Бадахшон, иддао дорад, ки "ин ҳамон ҳолати латукӯб аст".

Вай рӯзи 31-уми январ дар навори 6-дақиқаӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао карда буд, ки баъди як суҳбаташ дар бораи ҳодисаҳои моҳи ноябр дар Хоруғ, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров "ӯро шиканҷа ва латукӯб кард". "Ман маҷбур шудам, ки аз бино ва аз маҳаллаи Хоруғи Боло баромада равам," -- гуфта буд ӯ. Аммо чанде аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороти ӯро зоҳиран маҷбурӣ номиданд.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров рӯзи 1-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои Лутфулло Наврӯзовро рад кард ва гуфт: "Ман ӯро назадам. Бо вай як сӯҳбати падарона кардам. Маҳалгароӣ ҳам набуд. Муаллим бояд дурӯғ нагӯяд. Вай дар навор дурӯғ мегӯяд, маро бадном кард. Гуё ман террорист ҳастам. Не. Ман омӯзгоронро эҳтиром мекунам."

"Чунин рафторҳоро дар солҳои аввали истиқлол дида будем"

Дар чанд моҳи охир ба ин монанд дар телевизиони вилояти Бадахшон чанд баёния ва муроҷиати сокинону мансабдорон аз Дарвозу Ванҷ нашр шуд, ки аз “фазои номуносиб барои зиндагӣ дар Хоруғ” шиква мекунанд. Онҳо ҳамзамон масъалаи ҷудо кардани ноҳияҳои Дарвозу Ванҷро аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба миён мегузоранд.

Баъзе аз коршиносон ба худҷӯш будани ин навъ муроҷиатҳо бовар надоранд ва онҳоро як навъ “нифоқандозӣ миёни сокинони ноҳияҳои мухталиф” медонанд.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 2-юми феврал гуфт, зоҳиран мақомот бо ин роҳ мехоҳанд, вазъро ором кунанд, вале имкони натиҷаи баръакс додани маъарака вуҷуд дорад: “Шояд мақомот бо ҷалби намояндаҳои барӯманди минтақа вазъро ором кардан хоҳанд, вале ин набояд дар шакле сурат гирад, ки як ҷонибро муттаҳам кунанду ҷониби дигарро ҳақ бароранд. Ин вазифаи додгоҳ аст. Агар шахсони барӯманд мехоҳанд, дар минтақа оромӣ бошад, пас, бояд лаҳни ташвиқ ва даъвати худро дигар кунанд.”

Қодиров афзуд, мақомот бояд фавран пеши роҳи “ҷудиоиандозиҳо”-ро тавассути расонаҳои давлатӣ дар минтақа бигиранд, вагарна пайомади хубе нахоҳад дошт. “Оқибати чунин рафторҳоро мо дар солҳои аввали истиқлол дида будем. Як майдон майдони дигарро бе ягон далел таҳқир мекард. Оқибаташ ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Мақомот бояд ҳатман аз чунин ҷудоиандозиҳо пешгирӣ кунанд,” – гуфт Абдумалик Қодиров.

Дар зимн, фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаҳои Телевизиони Бадахшонро танқид карда, суҳбати сокинонро дар он “зери фишори мақомот” медонанд. Фаъолон бо сабту нашри муроҷиатҳои видеоӣ аз “бадномкунии сокинони Бадахшон” аз тарафи мақомот дар минтақа ва барномаҳои яктарафаи телевизиони вилоятӣ шикоят доранд.

Афсари пешин

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, афсари пешини нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва аз чеҳраҳои саршиноси ВМКБ аст, ки мақомоти давлатӣ ӯро ба худсарӣ ва ҷиноятҳои гуногун гумонбар медонанд, вале бахши васеъ аз мардуми минтақа ба ӯ эҳтиром доранд.

Дар пайи ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 ва эътироз дар Хоруғ, мақомот дар чандин суҳбатҳои худ тавассути телевизиони Бадахшон аз ӯ ном гирифта, исми ӯро ба ҳодисаҳои ҷиноӣ рабт додаанд.

Дар гузориши телевизионӣ дар бораи ҳодисаи ба иддаои мақомот шиканҷаи сардори Идораи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Парвиз Орифзода, додситони вилоят аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров "саркардаи гурӯҳи мутташакили ҷиноии шаҳри Хоруғ" ном бурд. Чизе, ки Маҳмадбоқиров ва ҳамроҳонаш рад мекунанд.

Дар зимн, дар ҷаласае дар Хоруғ, рӯзи 10-уми январи имсол Алишер Мирзонабот, раиси вилоят дар қатори чанде аз дигар раҳбарони, ба истилоҳ, ғайрирасмии минтақа, аз ҷумла Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро "сардори гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ" номидааст, ки ба гуфтаи ӯ монеи кори дурусти мақомот мешаванд.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ин иддаоҳоро ҳамеша рад кардааст ва мегӯяд, ӯ ва ҳамроҳонаш унсурҳои ҷиноӣ нестанд ва ин ҳамаро дар ҳаққи худ туҳмат хонд.

XS
SM
MD
LG