Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

"Санади №39" бо Тоҷикистон. Дар порлумони Қирғизистон шарҳ хостанд

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 2-юми феврал масъалаи марзро бо Тоҷикистон пушти дарҳои баста баррасӣ карданд. Дар ин ҷаласа муовини раиси Девони вазирони он кишвар ва ҳамзамон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев даъват шуда буд.

То ин замон чанде аз вакилон аз роҳбарони мақомоти қудратии Қирғизистон талаб карда буданд, санадеро шарҳ диҳанд, ки бар асоси он то Ворухи Тоҷикистон бояд роҳ сохта шавад.

Баъд аз ҷаласаи порлумон Қамчибек Тошиев ба суоли рӯзноманигорон посух дод. Вай гуфт, санад аз се банд иборат аст ва "ба манфиати Қирғизистон тартиб дода шудааст".

"Вакилон пурсиданд, оё рост аст, ки ба Ворух роҳ кушода мешавад. Ман ба онҳо санадро хондам ва муҳтавои онро шарҳ додам. Онҷо мушаххас нишон дода шудааст. Ҳеч долоне намешавад. Роҳи иловагӣ сохта намешавад. Мавқеи роҳи мавҷуд дар шарқи Оқсойро созишномаи байнидавлатӣ муайян мекунад. Ин ҳуқуқи президентҳои ду кишвар аст. Мо пешниҳод мекунем. Ин роҳи кӣ хоҳад буд, дарозиаш чӣ қадар хоҳад шуд, кӣ онро месозад ва кӣ нигаҳдорӣ мекунад, ҳамаи ин дар созишнома шарҳ дода хоҳад шуд," -- гуфт Тошиев.

Санаде, ки дар мавриди он дар Қирғизистон сару садо бархостааст, рӯзи 1-уми майи соли 2021 аз сӯи Қамчибек Тошиев ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов имзо шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр сарҳад доранд, вале нишонагузорӣ нашудани беш аз чаҳорсад километри он ҳар чанд вақт сабаби занозании мардум ва муноқишаи мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар мешавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Исроил: Нетаняҳу замони ҷанг бо Эрон ба Иморот сафар карда буд

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил.

Дафтари нахуствазири Исроил рӯзи 13 май эълон кард, ки Бенямин Нетаняҳу дар ҷараёни ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон, ба таври "махфиёна" ба Имороти Муттаҳидаи Араб сафар карда буд.

Дар ин баёния омадааст, ки Нетаняҳу бо Шайх Муҳаммад бин Зоид, раиси Имороти Муттаҳидаи Араб дидор кард. Дафтари нахуствазири Исроил гуфт, "ин сафар ба як пешрафти таърихӣ дар робитаҳо миёни Исроил ва Имороти Муттаҳидаи Араб сабаб шуд".

Пештар мақомҳои баландпояи амрикоӣ тасдиқ карданд, ки Исроил дар ҷараёни ҷанг бо Эрон, як системаи дифои ҳавоии "Гунбади оҳанин" ба ҳамроҳи нерӯҳо барои истифода аз онро ба Иморот фиристодааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи мақомҳои араб ва як манбаи огоҳ, ки ба рӯзномаи Wall Street Journal гуфтугӯ карданд, раиси МОССАД, Созмони истихбороти Исроил, дастикам ду бор дар тӯли ҷанг бо Эрон, ба Иморот сафар кардааст, то дар бораи ҳамоҳангиҳои вобаста ба ин даргирӣ суҳбат кунад.

Имороти Муттаҳидаи Араб аз камшумор кишварҳои арабӣ аст, ки бо Исроил робитаҳои дипломатӣ дорад. Ҷонибҳо ин робитаҳоро дар чорчӯби "Тавофуқномаҳои иброҳимӣ"дар соли 2020 ба таври расмӣ барқарор карданд.

Вазорат: Дар Тоҷикистон ҳантавирус сабт нашудааст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар гирифторӣ ба ҳантавирус сабт нашудааст, вале сокинон бояд эҳтиёткор бошанд.

Ин ниҳод 13-уми май дар иттилоияе навишт, ҳантавирусҳо асосан дар ҷойи зисти хояндаҳо, яъне мушҳо паҳн мешавад ва ин намуд вирус ҳам асосан ҳангоми даст расондан ба пешоб, наҷосат ё оби даҳони мушҳо метавонад сироят шавад.

Барои ҳамин Вазорати тандурустӣ ба сокинон ҳушдор додааст, ки хона, таҳхона ва ҷойҳои нигаҳдории маҳсулотро тоза нигоҳ дошта, аз воридшавии мушҳо ба хонаҳояшон ҷилавгирӣ кунанд.

Вазорат ҳамчунин аз сокинон хостааст, агар баъди даст расондан ба мушҳо аз табларза, дарди мушакҳо, сустӣ, мушкилоти нафаскашӣ ё дарди шадиди сар шикоят дошта бошанд, ба пизишкон муроҷиат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳантавирус бори аввал рӯзи 2 май ва 21 рӯз пас аз марги нахустин мусофир ошкор шуд.

Рӯзи 10-уми май гурӯҳҳои мусофирон ва маллоҳон аз як киштии сайёҳӣ, ки ба хуруҷи ҳантавирус дучор шуда буданд, ба кишварҳои худ интиқол дода шуданд.

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ин киштии саёҳӣ ҳашт нафар бемор шуда се нафарашон фавтидаанд.

Дар Тоҷикистон боҷи гумрукии қандил ва ҳавополоҳо боло рафт

Дар Тоҷикистон ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои воридоти ҳавополои хона (кондитсионер) ва таҷҳизотҳои равшанидиҳанда зиёд мешавад.

Бар асоси қарори ҳукумат, шуруъ аз 1-уми июли имсол барои ворид кардани ҳавополо ба кишвар аз ҳар донаи он 15 евро боҷ ситонида мешавад. Феълан ҳаҷми боҷи воридотӣ барои ҳар дона ҳавополо ҳамагӣ 5 евро аст.

Ин қарори ҳукумат тамоми намуди ҳавополоҳоро дарбар мегирад.

Тибқи дастури ҳукумат, ҳамчунин меъёри боҷи гумрукӣ барои қандил ё люстер ва дигар намуд таҷҳизотҳои рӯшанидиҳанда низ аз 15 то 30 евро зиёд мешавад.

Мақомот нагуфтаанд, ки ҳадаф аз боло бурдани ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои ин маҳсулотҳо чист. Дар гузашта мақомот сабаби айни ин корҳоро дастгирии соҳибкорони ватанӣ гуфта буданд.

Боло бурдани меъёри боҷи гумрукӣ барои ҳавополоҳо ва таҷҳизотҳои равшандиҳанда метавонад боиси боло рафтани нархи ин намуд маҳсулот ва зиёд шудани хароҷоти истеъмолкунандагон гардад.

Дар Эрон як ҷавонро бо гуноҳи ҷосусӣ эъдом карданд

Эҳсон Афрошта
Эҳсон Афрошта

Додгоҳи Эрон эълон кард, ки як сокини ҷавони ин кишварро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Исроил ба қатл расондааст.

Хабаргузории Мизон, ки ба низоми додгустарии Эрон рабт дорад, хабар дод, ки ҳукми Эҳсон Афрошта 13-уми май иҷро шудааст.

Додгоҳи Эрон ин ҷавонро ба он гунаҳкор кардааст, ки "аз тарафи МОСАД, Созмони ҷосусии Исроил дар Непал таълим гирифта, маълумоти муҳими Ҷумҳури исломиро ба Исроил медод".

Дар гузориши расмӣ бидуни овардани ҷузъиёти бештар омадааст, Эҳсон Афрошта ҳамчун мутахассиси сайберӣ дар як ширкати вобаста ба сохторҳои низомӣ мекард.

Мақомоти Эрон нагуфтаанд, ки ин ҷавон кай боздошт шуд ва ҳукмаш чӣ замоне содир шудааст.

Чанд созмони ҳомии ҳуқуқ гузориш додаанд, ки Эҳсон Афрошта соли 1993 таваллуд шуда, аввали соли 2024 ҳангоми бозгашт аз Туркия дастгир шуд.

Гурӯҳи мудофеи ҳуқуқи башар HRANA қароргоҳаш дар Амрико навиштааст, Афрошта зодаи Исфаҳон буда, дар Теҳрон мезист.

Баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон, иҷрои ҳукмҳои эъдом дар Эрон бештар шудааст.

Ба гузориши созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Норвей ва "Якҷоя зидди ҳукми қатл", соли 2025 додгоҳҳои Эрон 1639 нафарро ба қатл маҳкум кардаанд. Ин баландтарин омори ҳукмҳои қатл аз соли 1989 будааст.

Сафари Доналд Трамп ба Чин

Доналд Трамп ва Си Ҷин Пин
Доналд Трамп ва Си Ҷин Пин

Президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп шоми сешанбеи 12-уми май роҳии Чин шуд. Ин аввалин сафари як раиси ҷумҳури Амрико ба Чин аз соли 2017 аст. Он замон ҳам ин боздидро Доналд Трамп анҷом дода буд.

Сафари раиси ҷумҳури Амрико ба Чин то 15-уми май идома мекунад.

Дар назар аст, ки Доналд Трамп 14-уми май бо ҳамтои чиниаш Си Ҷин Пин вохӯрад ва баъдан роҳбарони ду кишвар аз маъбади Осмон ҳам дидан кунанд.

Пеш аз сафар Трамп умедворӣ кард, ки ин боздид барои ҳар ду кишвар натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард. Трамп Амрико ва Чинро ду "қудрати бузург" номид ва гуфт, бо ҳамтои чиниаш масъалаи тиҷорати дуҷониба, вазъият дар Эрон баррасӣ мекунад.

Ба гуфтаи Трамп, Чин мехоҳад гулӯгоҳи Ҳурмуз боз бошад, аммо ИМА дар ин масъала ба кумаки Пекин ниёз надорад.

Ҳамчунин, Трамп тасдиқ кард, ки Си Ҷинпин эҳтимол масъалаи фиристодани силоҳҳои амрикоиро ба Тайван матраҳ мекунад.

Дар ҳайати Амрико сармоядорони бузурге чун мудири Тесло Илон Маск ва роҳбари ширкати Apple Тим Кук низ ҳузур доранд.

31 созишномаи нави миёни Тоҷикистон ва Чин

Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷин Пин
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷин Пин

Баъди дидори роҳбарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Чин Си Ҷинпин дар шаҳри Пекин, миёни ду кишвар 31 санади нави ҳамкорӣ имзо шудааст.

Ба гузориши дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, санади асосӣ "Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ" мебошад. Дар он омадааст, ки Чину Тоҷикистон ҳаргиз бо ҳам душманӣ нахоҳанд кард.

Аксари санадҳои имзошуда ёддоштҳои тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни вазоратхонаҳои Тоҷикистон ва Чин тақрибан дар ҳама бахшҳо аст, ҳарчанд тамаркузи бештар рӯйи рушди фанновариҳои нави иттилоотӣ ва ҳуши сунъӣ, содироти гӯшти мурғ ва хушкмева аз Тоҷикистон ба Чин, ҳамгироиҳои илмӣ, фарҳангӣ ва матбуотӣ дида мешавад.

Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои "сабз" барои солҳои 2026–2028 аз санадҳои дигаре аст, ки дар ин вохӯрӣ имзо шуд.

Ҷузъиёти санадҳои имзошуда маълум нест.

Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари серӯза дар Чин қарор дорад, 12-уми май бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин вохӯрд. Расонаҳои расмии ду кишвар аз имзои қарордодҳои миллиарддолларӣ хабар доданд.

Чин шарики муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон мебошад. Тибқи оморҳои ахири Вазорати молия, Тоҷикистон аз Чин беш аз 700 миллион доллар қарздор аст.

Сармоягузориҳои ҳангуфти Чин, ки наздик ба 6 миллиард доллар баровард шудаанд ва ҳузури он дар иқтисоди Тоҷикистон нигарониҳоро дар бораи вобастагии Душанбе аз Пекин бештар кардааст.

Муҷозоти як мард дар Суғд барои таълими "ғайриқонунӣ"-и динӣ

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи Исфара як сокини ин шаҳрро барои таълими ғайриқонунии динӣ ҷазо додааст.

Дар хабарномаи додгоҳ омадааст, ин нафар "бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ тариқи барномаи интернетии Instаgram ва WhatsApp аз соли 2023 то инҷониб" ба чанд нафар аз рӯи наворҳои чанд рӯҳонии афғонистонӣ таълими динӣ додааст.

Назари ин марди боздоштшуда, ки сокини ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара мебошад, ба қазия маълум нест. Додгоҳ мегӯяд, ӯ гуноҳашро эътироф кардааст.

Додгоҳи шаҳри Исфара ин мардро барои таълими ғайриқонунии динӣ 7020 сомонӣ ё 730 доллар ҷарима баст.

Дар Тоҷикистон бидуни иҷозаи Вазорати маориф таълими динӣ додан манъ аст. Аммо дар кишвар ба ҷуз Донишкадаи исломӣ, гирифтани таълими динӣ дар дигар ҷой амалан номумкин шудааст.

Охирин мадраса дар Тоҷикистон соли 2011 баста шуд. То он замон 19 мадраса вуҷуд дошт. Дар мактабҳо фанни "Таърихи дин" барои синфҳои 9 дар як ҳафта 1 соат омӯзонда мешавад, ки моҳияти дунявӣ дорад.

Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз маҳдуд шудани озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон интиқод кардаанд.

Вазорат аз муҳоҷирон хост, ба кортҳои бонкии шубҳанок пул нафиристанд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз тоҷикистониҳои муқими Русия хостааст, ба кортҳои бонкии шубҳанок, аз ҷумла, ба гурӯҳҳои ношиносе, ки барои гӯё барои зарардидагон маблағ ҷамъ мекунанд, пул нагузаронанд.

Намояндагии Вазорат дар Русия дар хабарномае навишт, муҳоҷирон бояд аз "интиқоли маблағҳо ба кортҳои шахсони бегона, ташкилотҳои кишварҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд, чун барои ин амалиётҳо дар Русия ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст".

Аммо мақомот аз ягон гурӯҳ ном набурда, танҳо ишора кардаанд, ки бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ва Додгоҳи олии Русия чанд созмон ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ шомил шудаанд.

Мақомот дар ҳоле ба муҳоҷирон ин ҳушдорро медиҳанд, ки ахиран додгоҳҳои Тоҷикистон чанд муҳоҷири собиқро барои фиристодани пул ба мухолифони ҳукумат зиндонӣ карданд.

Аз ҷумла, як сокини Ваҳдат барои фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, муасссиси сомонаи "Ислоҳ" ба панҷ сол ва як сокини Исфара барои кӯмак ба "Гуруҳи 24" ба 13 соли зиндон маҳкум шуданд. Дар Тоҷикистон фаъолияти сомонаи "Ислоҳ" ва "Гуруҳи 24" мамнуъ аст.

Ин созмонҳои мухолифини ҳукумат ин қарорро қабул надоранд.

Дар садамаҳо дар ду рӯз 8 нафар ҷон додаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, давоми ду рӯзи ахир дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар 8 нафар, аз ҷумла як кӯдаки 4-сола ба ҳалокат расидаанд.

Вазорат рӯзи 11-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, яке аз маргбортарин садамаҳо рӯзи 9-уми май дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух додааст. Дар инҷо дар ҳудуди ноҳияи Деваштич як ронанда ҳангоми ҳаракат, зоҳиран идораи мошинро аз даст дода се нафареро, ки назди як мошин дар канори роҳ меистодаанд, задааст.

Ҳарсе аз ҷумла як модару фарзандаш ба ҳалокат дар ҷойи ҳодиса ҷон додаанд. Худи ронанда зинда мондааст.

Тифли чаҳорсоларо дар ноҳияи Восеъ як ронандаи 22-сола зер кардааст.

Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва сабабҳои онро роҳҳои ноҳамвори кӯҳистонӣ, суръати баланд ва риоят накардани қоидаҳои роҳ меноманд.

Гузоришҳо аз "ҳамлаи" Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Эрон

Дар ҷараёни ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ борҳо ҳадафи ҳамлаи Теҳрон қарор гирифтааст
Дар ҷараёни ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ борҳо ҳадафи ҳамлаи Теҳрон қарор гирифтааст

Рӯзномаи Wall Street Journal бо такя ба манобеи огоҳ хабар додааст, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба баъзе маконҳо дар Эрон ҳамла кардааст.

Бар асоси ин гузориш, ин ҳамлаҳо, ки Иморот то кунун ба таври ошкор онҳоро тасдиқ накардааст, шомили "ҳамла ба як полоишгоҳ дар ҷазираи Лован"-и Эрон дар халиҷи Форс будааст.

Ба навиштаи Wall Street Journal, ин ҳамла дар аввали моҳи апрел анҷом шудааст.

Ин рӯзнома менависад, ин иқдоми Иморот метавонад ин кишварро ба яке аз тарафҳои фаъоли ҷанг табдил диҳад.

Аз замони оғози ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Исроил ба Эрон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ беш аз ҳамсояҳои дигар ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон қарор гирифт. Мақомоти Иморот дар ҷараёни оташбас ҳам аз ҳамлаҳои Эрон хабар доданд.

Эмомалӣ Раҳмон: Дар Чин 6000 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд

Дар арафаи сафараш Эмомалӣ Раҳмон ба хабаргузории чинии "Синхуа" мусоҳиба анҷом дод, дар ҳоле ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо расонаҳои Тоҷикистон суҳбат намекунад ва мисли президентҳои дигар нишастҳои хабарии солона намеорояд
Дар арафаи сафараш Эмомалӣ Раҳмон ба хабаргузории чинии "Синхуа" мусоҳиба анҷом дод, дар ҳоле ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо расонаҳои Тоҷикистон суҳбат намекунад ва мисли президентҳои дигар нишастҳои хабарии солона намеорояд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, қариб шаш ҳазор ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои Чин таҳсил мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабаргузории чинии Синхуа аз он тавсиф кардааст, ки дар Тоҷикистон "барои омӯзиши забон ва фарҳанги чинӣ шароит" фароҳам шудааст.

Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон қабл аз сафараш ба Чин садо дод. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон 11-уми май ба Чин рафт ва қарор аст се рӯз онҷо монад. Расонаҳои Тоҷикистон аз имзои қариб 30 созишнома бо ширкатҳои чинӣ хабар доданд, аммо шарту шароити ин созишҳо рӯшан нест.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки имрӯз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон узви шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай буда, дар 13 донишгоҳи мо омӯзиш аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба гузориши пойгоҳи China Media Group, ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар дар чормоҳаи аввали соли 2026 ба 790 миллион расидааст, ки дар қиёс ба як соли пеш панҷоҳ дарсад зиёд аст.

Чин сармоягузори муҳими иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва ҳамзамон бо ёриҳои афзоянда, ба бовари мунаққидон, вобастагии сиёсию молии Душанбе аз Пекин ҳам афзун мешавад.

Дар ду сол 120 ҳазор тоҷикистонӣ шиносномаи русӣ гирифтаанд

Сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта зиёда аз 78 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Ин омор назар ба соли 2024 зиёдтар будааст ва дар он сол 42,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамзамон шаҳрванди Русия шуданд. Тасдиқи дурустии ин омор аз манобеи мустақим ғайриимкон аст.

Семен Григорев дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфтааст, бештари тоҷикистониҳо шаҳрвандии Русияро баъди таваллуд дар он кишвар ё аз тариқи яке аз аъзои хонаводаашон қабул кардаанд.

Баъди оғози ҷанги Русия алайҳи Украина, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик аз тарси фиристода нашудан ба ҷанг, аз гирифтани шиносномаи русӣ даст кашиданд.

Миёни Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад. Муҳоҷирони тоҷик ба хотири халос шудан аз тафтишҳои зиёд ва маблағи патент, талош мекунанд шиносномаи русӣ бигиранд.

Ҳалокати 643 кас дар садамаҳои нақлиётии як соли ахир

Садамаи нақлиётӣ дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ. Моҳи июни соли 2025
Садамаи нақлиётӣ дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ. Моҳи июни соли 2025

Соли 2025 дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон 643 нафар ҷон бохтаанд, яъне қариб ҳар рӯз ду нафар. Ин оморро Ҷаҳонбин Ҳакимзода, сухангӯи Бозрасии давлатии автомобилӣ эълон кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт ҳамчунин 1542 кас ҷароҳат гирифтанд.

Мақомот набастани тасмаи бехатариро аз сабабҳои асосии зиёд будани фавт дар роҳҳо медонанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар кишвар танҳо 24 дарсади ронандагон аз тасмаи бехатарӣ истифода мекунанд. Дигар ронандагон танҳо бо дидани нозири роҳ тасмаи бехатариро мебастаанд.

Дар зимн мошинҳои кӯҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат низ аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.

Бонки чинӣ ба Тоҷикистон 800 миллион доллар медиҳад

Акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон
Акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон

Дар Пекин як нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба имзо расид. Сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 11 май хабар дод, ки барои иҷрои ин нақша бонк беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ ихтисос медиҳад.

Имзои санадҳо баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Зоу Ҷиайи барпо шуд. Ҷузъиёте аз ин беш нашр намешавад.

Раҳмон бо ҳадафи як сафари серӯзаи давлатӣ дар Чин қарор дорад ва ин сафар то 14 май давом мекунад. Дар сӯҳбат бо Ҷиайи, “таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои зерсохторӣ, ба мисли энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, обрасонӣ, технологияҳои рақамию “сабз” ва ҳамчунин кишоварзӣ зоҳир гардид”, гуфта шудааст дар хабар. То ҳол ин бонк ба Тоҷикистон барои иҷрои як қатор лоиҳаҳои зерсохторӣ 400 миллион доллар кӯмак кардааст.

Чин сармоягузори муҳими иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва ҳамзамон бо ёриҳои афзоянда, ба бовари мунаққидон, вобастагии сиёсию молии Душанбе аз Пекин ҳам афзун мешавад.

Тоҷикистон ва Олмон муҳоҷират ва реадмиссияро баррасӣ карданд

Акс аз ВКД Тоҷикистон
Акс аз ВКД Тоҷикистон

Дар мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо фиристодаи вазири корҳои дохилии Олмон оид ба масъалаҳои муҳоҷират Людвиг Юнг дар Душанбе рӯзи 11 май ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи муҳоҷират баррасӣ шуд.

Ба навиштани сомонаи ВКД Тоҷикистон, “ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират, диверсификатсия, раванди муҳоҷират, содда гардонидани низоми ҳуҷҷатгузорӣ барои муҳоҷирон ва пешгирии қаллобӣ” баррасӣ гардид.

Раҳимзода ва Юнг инчунин мавзӯи мубориза бо ҷинояткорӣ ва реадмиссияро баррасӣ карданд, ки бозгардони шаҳрвандонро ба ватанашон дар сурати содир шудани ҷиноят пешбинӣ мекунад.

Дар идома омадааст, ки тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, киберҷиноятҳо (қаллобии онлайнӣ), терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар мавзӯъҳо ҳам дар ин дидор матраҳ шудааст.

Олмон мегӯяд, дар қаламрави ин кишвар зиёда аз 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд. Шумори паноҳҷӯни Тоҷикистон дар Олмон бахусус баъди саркӯби мухолифон дар даҳ соли пеш бештар шуд ва аз он замон то кунун Душанбе талош кардааст мунаққидони ҳукуматро ба ватан баргардонад.

Дар чанд ҳодисаи ихроҷу истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки баъдан ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндон шуданд, мақомоти Олмонро барои ҳамкорӣ бо ҳукумате интиқод карданд, ки даст ба таъқибҳои фаромиллии мунаққидонаш мезанад.


Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG