Дар чанд ҷумла
Додситон гуфт, ки сарбоз Миралӣ Боқиев чӣ гуна фавтид. ВИДЕО
Додситонии ҳарбии Тоҷикистон марги мармузи Миралӣ Боқиеви 20-сола, сарбози нерӯҳои марзбониро таҳқиқ дорад. Ин парвандаро дар аввал Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб боз карда буд.
Ҳоло нисбати сержант Сиддиқ Саъдуллоев ба гумони “суистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ” парванда боз шуда, ӯ дар ҳабс қарор дорад.
Фирӯз Раҷабзода, додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб, рӯзи 2-юми феврал гуфт, “муайян гардид, ки командири зинаи аввал, сержанти хурд, Боқиевро латукӯб кардааст. Ду зарба задааст. Як зарба ба дил мерасад ва сарбоз вафот мекунад. Ҳоло вобаста ба ин ҳолат бо моддаи “баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ, ки боиси марг гардидаааст” парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, гумонбар ба ҳабс гирифта шуд.”
Наворро дар инҷо бинед:
Тасдиқи мустақилонаи фарзия имконнопазир аст. Наздикони Миралӣ Боқиев мехоҳанд, қазияи марги ӯ ҷиддӣ таҳқиқ шуда, гунаҳкор муҷозот шавад.
Онҳо мегӯянд, сарбози фавтида моҳи майи соли гузашта аз Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ба артиш фиристода шуда, то рӯзи фавт дар дидбонгоҳи марзии ноҳияи Фархор хидмат мекард. Ӯ шаби 17-уми январ фавтида, ҷасадшро 19-уми январ дафн кардаанд.
Додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб рӯзи 2-юми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, онҳо дар соли гузашта 17 мавриди латукӯби сарбозонро сабт карданд. Фирӯз Раҷабзода гуфт, “вобаста ба ин нисбати 27 кас парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва ба додгоҳ фиристода шуд.”
Аммо додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб дақиқ нагуфт, ки аз 27 нафаре, ки нисбаташон парванда боз шудааст, чанд кас сарбоз ва чанд нафар афсар ҳастанд.
Коршиносон мегӯянд, меҳтарсолорӣ ё бадрафторӣ дар артиши Тоҷикистон нисбати навсарбозон падидаи нав нест. Ҳомиёни ҳуқуқи сарбозон мегӯянд, дар як сол аз 10 то 15 парвандаи ҷиддиро, ба мисли ба худкушӣ расондан ва куштори сарбозон, месанҷанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Амрико баррасии визаҳои муҳоҷиратро боздошт
Ҳукумати президент Доналд Трамп баррасии визаҳои муҳоҷиратро боздошт. Манзур раводидҳои кӯчидан ба Амрико бо даъвати хешу табори наздик аст. Аз он бештар касоне истифода мекарданд, ки солҳои охир дар Иёлоти Муттаҳида расман муқим шудаанд.
Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА гуфт, додани чунин визаҳо замоне аз сар гирифта мешавад, ки ҳамаи кормандони консулгариҳои ин кишвар давраҳои махсуси омӯзишро сипарӣ кунанд. Аммо муҳлати ин омӯзишҳо эълон нашудааст.
Гуфта шуд, ҳадаф аз омӯзишҳо шеваҳои таҳқиқи ҳар дархости кӯч ба Амрико аст. Ҳукумати Доналд Трамп мехоҳад, дар мавриди ҳар хостори муҳоҷират маълумоти кофӣ ва ҳамаҷониба дарёфт кунад ва ба натиҷае расад, ки дархостдиҳанда дар оянда ба ҳимояти молии ҳукумат муҳтоҷ намешавад.
Пештар рӯзномаи Financial Times хабар дод, ки дархостдиҳандаҳое, ки кайҳо даъватномаи мусоҳиба гирифта буданд, аз таъхир ёфтани онҳо огоҳинома гирифтаанд. Барояшон гуфта шудааст, ки санаи нави мусоҳиба дертар муайян хоҳад шуд.
Ҳафтаи равон Департаменти давлатӣ гуфт, раводиди 200 000 шаҳрванди хориҷиро бекор мекунад, зеро онҳо бо визаҳои ҷаҳонгардӣ ё тиҷорат вориди Иёлоти Муттаҳида шуда, сипас дархости паноҳандагӣ кардаанд.
Бино бар хабари "Рейтерс", Трамп маъракаи шадиди ихроҷро пеш мебарад ва сиёсати муҳоҷиратро сахттар мекунад. Аз ҷумла, кортҳои сабзи муҳоҷират ё дархости раводид бо сабабҳои гуногун, монанди боварҳои сиёсӣ ва тарафдорӣ аз Фаластин, ҷиноятҳои гуногун бекор карда мешаванд. Доналд Трамп иддао дорад, ки ин чораҳо ба тақвияти амнияти дохилӣ равона шудаанд.
Додгоҳи Амрико рӯзи 22-юми август қарори Департаменти давлатиро барои қатъи додани раводиди муҳоҷирати шаҳрвандони 75 кишвар бекор кард ва онро ғайриқонунӣ донист. Додрас хадамоти консулиро берун аз салоҳияти Департаменти давлатӣ номид ва котиби он Марко Рубиоро барои гузаштан аз ҳадди ваколатҳояш сарзаниш кард.
Ҳалокати 15 навзод дар сӯхтори як бемористон дар Исломобод
Бар асари сӯхтор дар бахши занон ва зоймони "Муассисаи улуми тиббӣ", маъруф ба PIMS, дар шаҳри Исломобод 15 навзод ҷон бохтаанд.
Ҳодиса субҳи 26-уми август рӯй дод.
Нахуствазири Покистон фоҷеаро ба мушкил дар дастгоҳи ҳавополо ё “кондитсионер” рабт дод.
Ба гузориши телевизиони “GEO”, сӯхтор дар табақаи севуми "Бемористони модар ва кӯдак" соати ҳафти субҳи чоршанбе сар задааст.
Дар онҷо 16 тифлро нигоҳ медоштанд, аммо танҳо як нафарашро наҷот дода тавонистанд.
Мустафо Камол, вазири тандурустии Покистон, дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизиони маҳаллӣ гуфтааст, "навзодон ё дар дастгоҳи инкубатор буданд ва ё аз капсули оксиген истифода мекарданд".
Баъзе аз волидон талаб доранд, ки ҷасади кӯдаконашонро ба онҳо бидиҳанд.
“Ман ҳатто рӯйи духтарамро надидам. Шароит дар дохили ҳуҷра бисёр бад буд. Ман ба инҷо ҳашт рӯз пайиҳам меомадам, вазъият бисёр аҷибу ғариб буд. Ҳама дарҳо баста буданд, барои дидани кӯдакон танҳо як дар боз мешуд. Дарҳои дигарро баста нигоҳ медоштанд, то мо ба назди кӯдакон зиёд рафтуомад накунем,” – гуфт Мудассир, падари як навзоде, ки дар сӯхтор ҷон бохтааст.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, ба мақомоти кишвараш амр додааст, ки фоҷеаро билофосила таҳқиқ карда, сабабгоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.
Шавкат Мирзиёев ба Доналд Трамп айвон туҳфа кардааст
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, ба ҳамтои амрикоии Доналд Трамп айвон туҳфа карда будааст.
Нашрияи The New York Times рӯзи 21-уми август навишт, айвонҳои Узбекистонро, ки "ҳунармандона" сохта шудаанд, дар Боғи милии қаҳрамонони Амрико ҷой хоҳанд дод.
Ин боғ дар Вашингтон дар марҳилаи ибтидоии бунёд шудан аст ва тарҳаш ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.
Аз ин пеш, Қатар ба Доналд Трамп як ҳавопаймои боҳашамат ва Арабистони Саудӣ бабр ҳадя дода буданд.
Фурқат Сиддиқов, сафири Узбекистон дар Амрико, гуфтааст, туҳфаи президенти Узбекистон “рамзи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ” аст.
Пас аз бозгашти Трамп ба Кохи Сафед, ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар шуд. Тирамоҳи соли гузашта, дар ҳошияи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк, Трамп ва Мирзиёев мулоқот карда буданд.
Ду кишвар аз баста шудани созишномаҳои миллиарддолларӣ хабар доданд.
Мирзиёев гуфта буд, ки дар Узбекистон Трампро “президенти сулҳовар” медонанд. Трамп дар навбати худ Мирзиёевро “оқил” хонд.
Трамп гуфт, тангаи Ҳурмуз зери назари онҳост
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар шабакаи иҷтимоии худ Social Truth навишт, ки ба Эрон иттилоъ дода шуд, дар сурати минагузории дигарбора дар тангаи Ҳурмуз, онҳо билофосила ва ба сурати систематӣ аз байн бурда хоҳанд шуд.
Ӯ навишт, "ҳамин ҳоло аз тарафи нерӯҳои баҳрии ИМА ба ман хабар дода шуд, ки ҳамаи минаҳо аз обҳои байналмилалии тангаи Ҳурмуз ҷамъоварӣ ва ё мунфаҷир шудаанд".
Ба навиштаи Трамп, "ба Эрон иттилоъ дода шудааст, ки ҳар киштӣ ё қаиқе, ки иқдом ба минагузории дигарбора кунад, бетаъхир ва ба таври систематӣ аз байн бурда хоҳад шуд".
Раисҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки "мо аз тариқи нерӯҳои фазоии Амрико, ҳама нуқтаҳои тангаи Ҳурмузро зери назар дорем".
Трамп пеш аз ин ҳам навишта буд, ки ҳамаи минаҳо дар тангаи Ҳурмуз аз байн бардошта шудаанд.
Мақомоти Эрон то кунун ба ин изҳороти Трамп вокуниш нишон надодаанд. Аммо онҳо борҳо гуфтаанд, ки назорати комили тангаи Ҳурмуз дар дасти доранд.
Даъвати 50 давлат ба хатми ҷанги Русия дар Украина
Беш аз 50 давлати узви Созмони Милал дар як изҳороти муштарак аз Русия тақозо кардаанд, ки ба хатми пурра, билофосила ва беқайду шарти ҷанг алайҳи Украина розӣ шуда, музокироти сулҳро аз сар гирад.
Изҳороти муштаракро рӯзи 24-уми август ба муносибати 35-солагии истиқлоли Украина дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Дания Люкке Расмуссен хонд.
Дар изҳорот, аз ҷумла омадааст: "Ин ҷанги бемаънӣ, ки боис ба ранҷу азоби зиёди инсонҳо шуд, бояд билофосила поён ёбад." Дар матн таъкид шудааст, ки Украина ҳанӯз якуним сол пеш ба қатъи бе пешшарти ҷанг розӣ шуда буд.
Амрико ба изҳорот ҳамроҳ нашуд, вале ба даъвати хатми билофосилаи ҷангу азсаргирии музокирот пайваст. Дан Негреа, намояндаи Иёлоти Муттаҳида дар Шӯрои амният аз Русияву Украина даъват намуд, ки зарбаҳоро ба хонаву дари мардум ва иншооти дигари иҷтимоӣ ва киштиҳо бас кунанд.
“Вақте роҳҳалли ҳарбӣ вуҷуд надорад, рехтани хуни шаҳрвандони бегуноҳ аз мантиқ дур аст,” – гуфт ӯ ва таъкид намуд, ки ИМА омода аст нақши миёнҷиро бибозад ва “ба ояндаи Украина ба ҳайси як давлати мустақилу шукуфо пойбанд боқӣ мемонад”.
Намояндаи Русия Василий Небензя даъват ба музокиротро рад кард. Вай гуфт, "то замоне ки бо Русия бо лаҳни таҳдид суҳбат кардаву воқеиятҳо нодида гирифта мешаванд, ҳеч муколамаи пурмазмуни сиёсию дипломатӣ дар заминаи низоъ бо Украина барпо намешавад."
"Ҳама гуна талошҳои ба мо бор кардани қарори ях задани низоъ ноком мешаванд," -- гуфт Небензя.
Намояндаи Украина Андрей Мелник гуфт, Русия ҷанги саркардаашро бой медиҳад. Ӯ дар айни замон аз кори Шӯрои амният интиқод кард, ки наметавонад Русияро боздорад ва аз шарикон даъват намуд, ки Украинаро бо низоми “Патриот” таъмин кунанд, то ба мушакҳои баллистикӣ муқовимат карда тавонанд. Русия дар Шӯрои амнияти СММ ҳаққи вето дорад.
Боздошти раисҷумҳури пешини Арманистон ва писараш
Роберт Кочарян, раисҷумҳури собиқи Арманистонро ҳамроҳи писараш ба Кумитаи зидди коррупсия дар ин кишвар бурдаанд. Кочарян ҳамзамон раҳбари эътилофи мухолифон бо номи “Арманистон” аст. Писараш, Левон Кочарян, вакили Маҷлиси миллии Арманистон мебошад.
Бахши армании Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми август навишт, пеш аз ин маъмурони зиддифасод хонаи Кочарян ва писарашро кофтукоб кардаанд.
Дар Кумитаи зидди фасод дар Арманистон гуфтаанд, бозҷӯиҳо дар манзили даҳҳо нафари дигар ҳам ҷараён доранд. Дар ниҳоят ин кумита аз боздошти шаш нафар, бо шумули Роберт ва Левон Кочарян хабар дод.
Левон Кочарян рӯзи 24-уми август дар як мубоҳисаи порлумонӣ нахуствазир Никол Пашинянро "хоин" номид. Сомонаи News.am навишт, дар ҷавоб Пашинян пурсидааст, оилаи Кочарян аз кадом ҳисоб "чунин сарватманд аст"?
"Шумо гуфтаниед, ки миллионҳои худро ба фарзандонатон ва фарзандони шумо ба фарзандони худашон медиҳанд? Мебахшед, вале рӯирост мегӯям, ки ин чиз намешавад. Ҳар хеле хоҳед, фаҳмед, барои ман ин масъалаи сиёсӣ аст, на шахсӣ," – афзудааст Пашинян.
Моҳи июн Кумитаи марказии интихобот дар Арманистон розӣ шуд, ки Левон Кочарян мавриди пайгард қарор гирад. Ӯро ба суистифода аз мақом ва пулшӯйӣ айбдор мекунанд. Пеш аз ин, ба ӯ иҷоза надоданд, ки аз кишвар берун шавад. Левон Кочарян гуфт, мехост ба Русия равад.
Дар интихоботи ахири порлумонии Арманистон эътилофи "Арманистон" ва нерӯҳои дигари рӯ ба Русия мағлуб ва тарафдорони Никол Пашинян дастболо шуданд. Мухолифон ҳукуматро ба фишороварӣ айбдор карда, гуфтанд, ки интихобот озод набуд.
Миллионҳо доллар ёрии Амрико ба бахши тандурустии Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳида дар бештар аз се даҳа ба бахши тандурустии Тоҷикистон миллионҳо доллар ёрӣ кардааст.
Карсон Релитс Рокер, кордори сафорати Амрико дар Душанбе, дар як нигошта гуфтааст, кишвараш бо шеваҳои гуногун соҳаи тиббии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.
Навиштаи кордори сафорати Амрико бахшида ба 250-солагии истиқлоли Амрико ва 35-солагии муносибати Вашингтону Душанбе рӯзи 20-уми август нашр шуд.
Ӯ бо ишора ба ихтисоси 78 миллион доллар барои мубориза бо ВИЧ ё вируси норасоии масунияти бадан ва сил дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш дар ин арса ҳамкориҳоро идома хоҳад дод.
Хонум Карсон ҳамчунин навишт, дар Тоҷикистон нахустин платформаи онлайнӣ барои санҷиши мустақил, беном ва ройгони вируси норасоии масунияти бадан бо истифода аз воситаҳои санҷишии сохти Амрико, ки натиҷаашон дар 15-20 дақиқа маълум мешавад, роҳандозӣ шуд.
"То аввали соли 2026 тақрибан 10 000 нафар дар Тоҷикистон аз ин воситаҳо барои санҷиши мустақилонаи вируси норасоии масунияти бадан истифода бурдаанд",-омадааст дар ин навишта.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар замони пандемияи КОВИД-19 ба Тоҷикистон беш аз 4 миллион ваксина, чанд дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ба маблағи 1,8 миллион доллар таҷҳизоти оксиген ва эҳёгарии наврасонро ба клиникаҳои саросари кишвар туҳфа намуд.
Кордори сафорати Амрико дар Душанбе пуштибонии кишварашро аз низоми тандурустии Тоҷикистон баён карда, гуфтааст, ки ИМА ҳаммуалифи Стратегияи миллии мубориза бо сил ва ВИЧ барои солҳои 2026–2030 будааст.
Ӯ мегӯяд, ки барои тақвияти қонунгузории соҳаи тандурустии Тоҷикистон талош карданд ва ба беморхона ва лабораторияҳои Тоҷикистон барои ба даст овардани муҷаввизи байналмилалӣ кӯмак карданд, то беморон тавонанд табобату нигоҳубини беҳтарро дар Тоҷикистон дарёфт кунанд.
Сурияро аз рӯйхати кишварҳои "ҳомии терроризм" берун кардаанд
Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 24-уми август Сурияро аз рӯйхати кишварҳои "пуштибони терроризм" берун кард.
Кишварҳои шомили ин феҳрист аз дарёфти ёриҳои хориҷии Амрико, имкони хариди таҷҳизоти дифоӣ аз Иёлоти Муттаҳида ва анҷоми баъзе аз мубодилоти молӣ маҳрум ҳастанд.
Вазири молияи Амрико дар баёнияе гуфт, "иқдоми имрӯз фурсатҳои сармоягузории бештарро дар Сурия бо ҳадафи пешбурди суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ афзоиш хоҳад дод".
Дар баёния таъкид шудааст, ки ин тасмим дар ростои амалӣ кардани ваъдаи раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп барои коҳиши фишори таҳримҳо алайҳи Димишқ гирифта шудааст.
Раиси Бонки марказии Сурия тасмими Вашингтонро "иқдоми таърихӣ" хонд.
Бар асоси тасмиме, ки 24-уми август эълон шуд, "Ҷабҳат Ан-Нусра", ки ҳамчун як созмони террористии байнулмилалӣ табақабандӣ шуда буд, аз ин феҳрист берун шуд.
Ин гурӯҳ, ки бо номи "Ҳайати Таҳрири Шом" шинохта мешуд, пештар зери шохаи "Ал-Қоида" дар Сурия буд, аммо як даҳа қабл иртиботашро бо ин гурӯҳ бас кард. Раҳбарии ин гурӯҳро Аҳмад Аш-Шаръ, раисҷумҳури ҳозираи Сурия, ба уҳда дошт.
Интихоботи порлумонӣ дар Қазоқистон, аммо бе мухолифон
Дар интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ дар Қазоқистон, онгуна, ки пешбинӣ мешуд, "Адолат", ҳизби рӯ ба давлат, баранда эълон гашт.
Ин созмони сиёсӣ дар заминаи "Нур Отан", ҳизби ҳоким дар давраи раёсати ҷумҳури Нурсултон Назарбоев, таъсис шуд ва ҳоло худро тарафдори сиёсатҳои президенти ҳозира Қосимҷомарт Тоқаев меномад.
Мунтақидон мегӯянд, интихобот дар порлумони Қазоқистон дигаргунии ҷиддие намеорад ва бо ҳадафи тақвияти мавқеи президент Тоқаев баргузор гардид.
Натиҷаҳои интихоботи Қазоқистон зуд эълон шуд. Ба иттилои Кумисюни интихоботӣ, аксар курсиҳои Қурултой, яъне маҷлиси нав, насиби ҳизби “Адолат” гардид. Ин ҳизб 71 дарсади курсиҳоро ба даст овардааст ва чаҳор ҳизби дигар – “Ауил”, “Оқ Жол”, Ҳизби сотсиал-демократ ва “Республика” низ ба порлумон роҳ ёфтаанд.
Дар интихобот 74 дарсади раъйдиҳандагон иштирок кардаанд. Интихоботи зудрас баъд аз қабули Қонуни асосии нав сурат гирифт.
Ислом Текушев, сардабири freeeurasia.com, ки интихоботро дар Қазоқистон назорат кардааст, рӯзи 24-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вижагии порлумони нав ин аст, ки маҷлис якпалатаӣ хоҳад буд. Интихобот аз рӯи феҳристи ҳизбӣ ташкил шуд ва номзадҳои мустақил аз ҳавзаҳои якмандатӣ роҳ дода нашуданд. Ман интихоботро дар ду нуқтаи овоздиҳии шаҳри Остона мушоҳида кардам. Намешавад гуфт, ки одами зиёд омаду фаъол буданд. Борон буд, ором гузашт ва мардум омада мерафтанд.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Назарсанҷиҳо дар остонаи интихобот ҳам пирӯзии ҳизби “Адолат”-ро пешбинӣ мекарданд, ҳарчанд он моҳи май сабтином шуд ва аз президент Тоқаев ҳимоят мекунад.
Додгоҳи олии Қазоқистон моҳи июл гуфт, ки Конститутсияи нав ба Тоқаев имкон медиҳад, барои давраи дигари 7-солаи президентӣ номзад шавад. Худи Тоқаев гуфт, ҳанӯз дар ин замина тасмим гирифтан барвақт аст.
“Мунтақидон мегӯянд, ки порлумони якпалатаӣ пеши роҳи ташкилоту созмонҳои маданӣ ва номзадҳои мустақилро аз таъсиргузорӣ ба қарорҳои мақомот мегирад. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, порлумони якпалатаӣ имкон медиҳад, ки ба таҳаввулоти эҳтимолии берунӣ ва тағйироти босуръат зуд вокуниш кунанд,” – шарҳ дод Ислом Текушев, сардабири freeeurasia.com.
Дар остонаи раъйдиҳӣ нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтанд, ба интихоботи Қазоқистон танҳо ҳизбҳое роҳ ёфтанд, ки сиёсатҳои президент Қосимҷомарт Тоқаевро дастгирӣ мекунанд ва ҳизбҳои воқеан оппозитсионӣ иштирок накарданд.
Дари Театри миллии Тоҷикистонро пас аз 11 сол боз карданд
Пас аз 11 сол бинои бузурги Театри миллиро дар шаҳри Душанбе ба истифода доданд.
Мақомот дар аввал гуфта буданд, ки барои он 680 миллион сомонӣ, ба ҳисоби онвақта 100 миллион доллар, харҷ хоҳанд кард. Ҳоло, бо гузашти вақт ва поин шудани қурби пули миллии сомонӣ дар баробари доллар, маълум нест, харҷи умумии сохтмони театр чӣ қадар шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи театр рӯзи 24-уми август раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, ширкат карданд.
Сохтмони Театри миллӣ соли 2011 оғоз ёфт, вале ба сабаби норасоии пул барои муддате қатъ шуд. Бунёди онро соли 2015 аз сар гирифтанд.
Бинои Театри миллӣ аз 7 ошёна иборат буда, баландии он ба 35 метр мерасад. Толори асосии он барои 2500 бинанда аст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, саҳнаи бузург ва ҷойи махсус барои оркестр имконият фароҳам меорад, ки дар ин ҷо намоишҳои театрӣ, опера, балет, консертҳои симфонӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гарданд."
Театри миллии Тоҷикистон, яке дигар аз иншооти бузургест, ки бо пули давлат сохта шудааст.
Тоҷикистон қаблан баландтарин сутуни парчам ва бузургтарин масҷиду китобхона ва "Кохи Наврӯз"-ро сохтааст.
Муассисаҳои байнулмилалии молӣ, ки барои ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон кумак мекунанд, дар гузашта гуфтаанд, ки ҳукумат барои тарҳҳои намоишкорона маблағҳои зиёде сарф мекунад ва дар ин миён барои соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ба мисли маориф ва тандурустӣ пули кофӣ намерасад.
Навор дар Инстаграм:
Содироти Узбекистон ба Афғонистон ба 961 миллион доллар расид
Афғонистони зери ҳокимияти "Толибон" ба севумин бозори бузурги содиротии Узбекистон табдил шудааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Узбекистон, баррасиҳои ин ниҳод аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ нишон додааст, ки содироти Узбекистон ба Афғонистон ба 961 миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ расидааст.
Дар гузориши ин кумита омадааст, Русия бо 2 миллиарду 400 ҳазор доллар ва Чин бо 1 миллиарду 400 ҳазор доллар дар ҷойгоҳҳои аввал ва дувуми кишварҳое қарор доранд, ки Узбекистон бештарин содиротро ба онҳо анҷом додааст.
Афғонистон дар ин феҳрист аз Қирғизистон, Фаронса, Туркия, Қирғизистон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон пеш гузаштааст.
Бар асоси гузориши расонаҳои Узбекистон, бахши умдаи содироти ин кишвар ба Афғонистонро хӯрокворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.
Ҳамчунон нуриҳои минералӣ, мошинолот ва таҳҷизот, масолеҳи бинокорӣ ва баъзе аз колоҳи саноатӣ ба бозори Афғонистон содир мешавад.
Афғонистон ба Узбекистон бештар меваҳои тоза ва хушк, пахта, ангишт ва қолин содир мекунад.
Боздошти ду марди хориҷӣ дар Маскав барои "таблиғи ЛГБТ"
Додгоҳе дар шаҳри Маскав ду шаҳрванди хориҷиро пас аз боздошт дар бозори "Садовод", ки гуфта мешавад дар он замон либоси занона бар доштанд, ба 10 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.
Онҳо ба паҳн кардани "таблиғоти ЛГБТ" айбдор шуда, бояд аз Русия ихроҷ шаванд. Дар ин бора "Настояшее Время" бо такя ба қарорҳои додгоҳ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки шоми 18 август "Х.Раҳимов" ва "Э. Саидзода" дар бозори "Садовод" дар ҳоле боздошт шуданд, ки либоси занона бар тан доштанд ва шиори "Озодии интихоб" ба намоиш гузошта буданд.
Дар гузориши расмӣ ҷузъиёти дақиқи шакл ё навъи пӯшиш зикр нашудааст. Аммо кормандони пулис дар маҳал ба хулосае омадаанд, ки ин шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳоли "ба намоиш гузоштани ҷаззобияти гароишҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ" будаанд.
Мурофиаи додгоҳӣ нишон додааст, ки Раҳимов оиладор аст ва як фарзанд дорад, дар ҳоле, ки Саидзода соҳиби чор фарзанди хурдсол мебошад.
Додгоҳ амр дод, ки боздоштшудаҳо ба маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар "Сахарово" фиристода шуда, сипас то 17 ноябр аз Русия ихроҷ шаванд. Ҳамчунин аз санаи содир шудани ҳукми додгоҳ, вуруди онҳо ба Русия ба муддати панҷ сол мамнуъ хоҳад буд.
Дар санадҳои расмӣ шаҳрвандии боздоштшудаҳо зикр нашудааст. Расонаи "Осторожно, новости" бе зикри манбаъ хабар дод, ки онҳо гӯё шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Тасдиқи ин хабар аз манбаъҳои дигари мустақил номумкин аст.
Аз соли 2013 ба ин тараф дар Русия қонуне амал мекунад, ки ба истилоҳ "таблиғоти ЛГБТ"-ро дар байни ноболиғон манъ мекунад. Дар соли 2023 Русия тағйири ҷинсиятро манъ кард ва баъдани "Ҳаракати байналмилалии ЛГБТ"-ро ҳамчун як гурӯҳи экстремистӣ эълон намуд.
Толибон гуфтанд, Ҷумъахони Фотеҳ муҳокима мешавад
Мақомоти ҳукумати Толибон гуфтаанд, ки Ҷумъахон Фотеҳ, аз фармондеҳони норозии ин гурӯҳ, ки ахиран дар ноҳияи Нусайи Дарвози вилояти Бадахшон боздошт шуд, муҳокима хоҳад шуд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар суҳбат ба "Afghanistan International" дар ин бора гуфтааст, ки "ҷузъиёти бештар акнун дар даст нест, чун бояд парванда ва иттиҳомот тартиб шавад ва сипас ба ниҳодҳои додгоҳӣ пешниҳод шавад".
Рӯзи 11 август миёни нерӯҳои ҳукумати Толибон ва афроди вобаста ба Ҷумъахони Фотеҳ, раиси пешини ноҳияи Нусай, даргирӣ сурат гирифт.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ин даргириҳо аз ҳар ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Як чархболи ҳукумати Толибон ҳам дар ин даргириҳо сарнагун шуд.
Ҷумъахон Фотеҳ пас аз ҳудуди як ҳафта даргириҳо, рӯзи 17 август ба нерӯҳои ҳукумати Толибон таслим шуд ва ба шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон интиқол ёфт. Гуфта мешавад, ки ӯ сипас аз Кобул интиқол ёфтааст.
Пас аз таслим шудани ин фармондеҳи норозӣ, Толибон аз сокинони Нусай хостаанд, ки шикоятҳо ва аризаҳои худро дар бораи амалкардҳои Ҷумъахони Фотеҳ пешниҳод кунанд.
Ҳайати фиристодашудаи Толибон ба ноҳияи Нусай, ин фармондеҳи худро ба ғасби замин ва дигар дороиҳои мардум ва ҳамчунин "зулм" ба сокинон, муттаҳам кардаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои наздик ба Толибон, дар рӯзҳои ахир аз афроди наздик ба Ҷумъахони Фотеҳ садҳо силоҳи сабук ва вазнин ҷамъоварӣ шудааст.
Ноҳияи Нусай дар рӯбарӯи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир аст. Дар даргириҳои ахир дар Нусайи Афғонистон, як сокини Тоҷикистон аз тири ҷонибҳои даргир ба ҳалокат расид.
Кашфи як махфигоҳи силоҳ дар наздикии Берлин
Мақомҳои амниятии Олмон дар ҳоли таҳқиқ дар бораи як анбори махфии силоҳ дар ҷангале дар наздикии Берлин ҳастанд, ки ба гузориши расонаҳои ин кишвар, мумкин аст барои анҷоми террорҳои ҳадафманд ба намояндагӣ аз созмонҳои истихборотии Русия дар назар гирифта шуда бошад.
Рӯзномаи "Süddeutsche Zeitung" ва шабакаҳои NDR ва WDR рӯзи 21 август гузориш доданд, ки дар пайванд бо ин парванда як гумонбар аз Руминия боздошт шудааст.
Александр Добринт, вазири корҳои дохилии Олмон бо тасдиқи таҳқиқот дар бораи ин парванда гуфт, мақомҳои олмонӣ барои истирдоди эҳтимолии ин фард бо ҳамтоёни руминиягии худ дар тамос ҳастанд.
Ӯ гуфт, ки гумонбар ба ҷосусӣ ва барномарезӣ барои анҷоми як ҳамлаи хушунатомез, ки амнияти кишварро ба хатар меандозад, таҳти таҳқиқ қарор дорад ва афзуд, "ин парванда нишон медиҳад, ки мо бо сатҳи болое аз таҳдид рӯбарӯ ҳастем".
Александр Добринт бо ин ҳол гузоришҳо дар бораи барномарезӣ барои анҷоми террор ба намояндагӣ аз Хадамоти амнияти федеролии Русияро тасдиқ накард ва танҳо гуфт, дахолати як қудрати хориҷиро наметавон аз эҳтимол дур донист.
Тибқи гузориши хабаргузории Олмон, махфигоҳи ошкоршуда дар наздикии Берлин шомили ду мил силоҳ ва миқдоре муҳимот будааст ва нишонаҳое вуҷуд доштааст, ки нишон дода, ин силоҳҳо аз тарафи созмонҳои ҷосусии Русия дар он маҳал қарор дода шудаанд.
Пулис ин маҳалро барои чанд моҳ зери назар дошт, аммо касе барои гирифтани силоҳҳо ба онҷо нарафт. Мақомҳо эҳтимол медиҳанд, афроди вобаста бо парванда, аз кашфи махфигоҳ аз сӯи пулис огоҳ шуда буданд.
Ин парванда дар ҳоле матраҳ шудааст, ки мақомҳои олмонӣ дар моҳҳои ахир борҳо дар бораи афзоиши амалиёти ҷосусӣ, харобкорӣ ва ҳамлаҳои кибернетикӣ ҳушдор додаанд.
Ёдбуди Ҳасиби Панҷшерӣ дар Душанбе
Гурӯҳе аз Афғонистониён дар Душанбе ёдбуди Ҳасиби Панҷшериро баргузор карданд.
Ҳасиби Панҷшерӣ муқобили Толибон дар Афғонистон меҷангид.
Ӯ 19 август дар ҷанг бо Толибон кушта шуд.
Абдулҷаббор Азизёр, директори мактаби “Сомониён, мактаби паноҳҷӯёни Афғонистон рӯзи 21-уми август дар ин маросим гуфт, ки Ҳасиб “бо шаҳомат ва фидокорӣ дар роҳи дифоъ аз мардум ва сарбаландии Афғонистон истодагӣ кард ва саранҷом ба дасти душманони Афғонистон ба шаҳодат расид”.
Видеоро инҷо бинед:
Ҳасиб Панҷшерӣ низомии ҳукумати пешини Афғонистон буд. Толибон соли 2021 Афғонистонро ғасб карданд. Ба ҷуз Русия, ҳеч кишваре ҳукумати ин гурӯҳро эътироф накардааст.
Гурӯҳе аз норозиён дар дохили Афғонистон то ҳанӯз зидди ин гурӯҳ муқовимат мекунанд.