Дар чанд ҷумла
"Дар эътирозҳо ширкат намекунам..." Сокинони Бадахшон нусхаи забонхатро нашр карданд
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ нусхаи забонхате нашр шудааст, ки ба гуфтаи фаъолони Бадахшон, "мақомот дар Хоруғ зери он аз сокинон имзо мегиранд".
Пештар баъзе аз сокинони Хоруғ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта буданд, ки шоҳиди ҷамъоварии имзо аз ронандагон ва баъзе аз мардум шудаанд. Мақомоти давлатӣ хабарҳоро дар бораи имзогирӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасдиқ ё рад накардаанд.
Дар матни забонхате, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, аз номи сокинон гуфта мешавад, ки "дар эътирозҳои ғайриқонунӣ ширкат ва аз саркардагону аъзои гурӯҳҳои ҷиноӣ муҳофизат намекунанд."
Гуфта мешавад, бо гузоштани имзо, сокинон ризоият медиҳанд, ки ҳангоми ба ҷавобгарӣ кашида шудан, даъвое нахоҳанд дошт. Вале ҳақиқати ин нусха тасдиқ нашуда, он муҳри ниҳодеро надорад ва низ маълум нест, ки аз ҷониби кӣ тартиб дода шудааст.
Мақомот ба таври расмӣ чизе нагуфтаанд. Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, он хилофи моддаи 5-и Конститутсияи кишвар аст.
Дар охири ҳафтаи гузашта, сокинони шаҳри Хоруғ аз афзоиши теъдоди нерӯҳои низомӣ дар ин шаҳр хабар дода, гуфтанд, эҳтимол мақомот ба як амалиёти густарда омодагӣ мегиранд. Мақомот дар Бадахшон вазъро ором арзёбӣ карда буданд.
Зодагони Бадахшон дар муроҷиатҳои видеоӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, аз анҷоми амалиёт ва "рехтани хуни бегуноҳон худдорӣ кунад." Вазъ дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, аз охири моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ печида аст.
Мақомот Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров яке аз шахсони бонуфуз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба латукӯби Лутфулло Наврӯзов, сардори идораи маорифи Бадахшон муттаҳам намуда, аз ӯ хостаанд, худ ё ҳамроҳонашро таслим кунад.
Маҳмадбоқиров ва ҷонибдоронаш ин айбномаро туҳмат хонда, талаби мақомотро рад кардаанд. Дар Хоруғ бо гузашти 3 моҳ аз эътирозҳо интернет нест.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Мақомоти тоҷик мегӯянд, "талафоти нерӯи барқ кам шуд"
Мақомоти тоҷик мегӯянд, баъд аз ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ талафоти нерӯи барқ кам шудааст.
Барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ имсол дар Тоҷикистон аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ карданд.
Бино ба иттилои ниҳоди навтаъсиси Оҷонси назорати давлатии энергетикӣ, дар 9 моҳи соли равон сарфаи беҳуди нерӯи барқ қариб се дарсад коҳиш ёфтааст.
Кормандони ин ниҳод якҷоя бо Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 11-уми ноябр дар хиёбонҳои шаҳр ҳамчунин ба сокинон тарзи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқро фаҳмонда, аз онҳо даъват кардаанд, ки барқро беҳуда истифода набаранд.
Ин даъват дар шабу рӯзе сурат мегирад, ки сокинони чанд гӯшаи пойтахт аз он шикоят доранд, ки соатҳо барқ надоранд.
Баъзе аз сокинон, аз ҷумла дар ноҳияи Сино, мегӯянд, зоҳиран дар хонаҳои онҳо ҳам лимити барқ ҷорӣ шудааст ва чанд рӯз боз аз соати 9-и субҳ то 5-6-и бегоҳ бе барқ мемонанд.
Мақомот камбуди барқро дар пойтахти кишвар шарҳ надодаанд.
Дар занозании мактабхонҳо дар Душанбе як нафар ҷон бохтааст
Дар пайи занозании гурӯҳе аз мактабхонҳо дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як кас ҷон бохта, як тани дигар захмӣ шудааст.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 9 уми ноябр рух дода, наврасон ҳангоми муноқиша аз корд истифода бурдаанд.
Ба иттилои пулис, ҳодиса бинобар "баҳси лафзӣ" дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ду нафар бо номҳои Р. Н. ва Р. А. сар зада, сипас ҳарду муноқишаи гурӯҳӣ ташкил кардаанд.
Дар натиҷа Р. H. бо корд ба Р. A. зарба зада, ӯро ба ҳалокат расондааст. Як нафар ноболиғи дигар бо номи Ш.Ш. ҳоло бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарист.
Сомонаи хабарии your.tj қаблан навишта шуд, ки ҳодиса дар маҳаллаи маъруф ба 65, дар наздикии мактабҳои рақами 77 ва 78 рух додааст. Ба нақли манбаъ дар муноқиша хонандагони чанд мактаб ширкат доштаанд. Ин сомонаи хабарӣ дар шарҳи ҳодиса навишт, як наврасро ронандаи таксӣ дар ҳолати вазнин пайдо карда, ба беморхона бурдааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки айни замон гумонбар Раҳматшозода Н. дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Занозанӣ миёни наврасон дар ин авохир бештар аз баҳсҳо дар интернет, ба вижа шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз шуда, ба кордзанӣ ва фоҷеа табдил меёбад. Ин муноқишаҳо солҳои охир боис ба куштаву захмӣ шудани чанд хонандаи мактаб шудааст. Дар чунин муноқишаҳо ҷавонон гоҳе аз корду силоҳҳои дигар истифода мекунанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта буданд, ки барои пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо маъракаи ҷустуҷӯ ва дарёфти корд аз хонандагонро ба роҳ монда, дар мактабҳо муҳофиз гузоштаанд.
Суқути як ҳавопаймои низомии Туркия дар марзи Озарбойҷону Гурҷистон
Як ҳавопаймои борбари низомии Туркия дар наздикии сарҳади Озарбойҷон ва Гурҷистон афтодааст.
Вазорати мудофиаи Туркия дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки ҳодиса рӯзи 11-уми ноябр рух дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои C-130 аз Озарбойҷон ба Туркия бармегашт ва дар дохилаш 20 нафар буд.
Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, он "тақрибан 5 километр дуртар” аз марзи Гурҷистон бо Озарбойҷон рух додааст.
Талафот ва сабаби садама маълум нест.
Вазорати дифои Туркия гуфт, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот идома дорад.
Садҳо ронандаи тоҷик дар Санкт-Петербург бекор мондаанд
Пас аз манъи фаъолияти муҳоҷирон дар ширкатҳои таксиронӣ дар Санкт-Петербург, садҳо зодаи Тоҷикистон ин шаҳри Русияро тарк кардаанд.
Ҳукумати Санкт-Петербург аз 8-уми ноябри имсол шаҳрвандони хориҷиро аз ҳаққи рондани таксӣ маҳрум кард. Бар асоси ин қарор, ҳоло ҳазорон муҳоҷир бахусус аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Молдова ва Украина бекор мондаанд.
Чанде аз ронандагони тоҷик рӯзи 11-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз 7-уми ноябр ширкатҳои таксӣ дастрасии онҳоро ба барномаашон қатъ кардаанд.
Яке аз ин муҳоҷирон, ки 5 сол боз дар ширкати “Яндекс-Такси” кор мекардааст, гуфт, ҳамроҳи ӯ беш аз 1100 муҳоҷири тоҷик фаъолият мекарданд ва аз охири ҳафтаи гузашта тақрибан 40 дарсади онҳо ночор ба ватан баргаштанд.
Баъди ҳамла ба “Крокус” дар соли 2024 дар Русия кору иқомати муҳоҷиронро маҳдуд ва сахт карданд. Дар як соли охир Думаи давлатии Русия бо қабули даҳҳо қонун вуруду иқомат ва фаъолияти муҳоҷирон, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро душвор ва онҳоро ҳарчи бештар беҳуқуқ ва осебпазиртар кард.
САҲА мегӯд, ба нозирони роҳ дар Тоҷикистон дурбин дод
Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе ба милисаҳои тоҷик, бавижа нозирони роҳ дурбинҳое додааст, ки дар бадан ё либос насб карда мешаванд.
Масъулони созмон рӯзи 10-уми ноябр дар иттилоияе гуфтанд, ки ин иқдом дар доираи як тарзи санҷишӣ ва бо ҳадафи шаффофият дар кори маъмурони ҳифзи ҳуқуқ роҳандозӣ шуд.
Дар ҳоли ҳозир ба нозирони роҳ дар Тоҷикистон 24 дурбини наворбардорӣ тақдим шудааст. Бо ин дурбин ё камераҳое, ки дар бадан насб карда мешавад, фаъолияти кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ё сӯҳбату муносибати онҳо бо шаҳрвандон сабт мегардад.
Ташаббускорон интизор доранд, ки истифодаи он бовари ҷомеаро ба ниҳодҳои интизомӣ бештар карда, ба таъмини шаффофият дар кори онҳо мусоидат хоҳад кард.
Ба иттилои дафтари САҲА дар Душанбе, наворҳои сабтшуда бо ҳадафи омӯзиш ва тафтиши дохилӣ истифода хоҳад шуд. Дар бораи паҳлӯҳои ҳуқуқии сабти навор аз сӯйи маъмурони пулис чизе гуфта нашудааст.
Ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Амрико ба ҷиноят муттаҳам кардаанд
Пулиси ноҳияи Линколн дар Каролинаи Шимолии Амрико ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ғорати банкоматҳо аз роҳи ҳамлаи сайберӣ (киберӣ) айбдор кардааст.
Расонаҳои Амрико аз қавли пулис хабар доданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда, дигаре бо як шарики эронияш дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
Ба иттилои пулис, Нурмуҳаммад Раҳмонзодаи 26-сола ва Фирдавс Раҷабови 35-сола ҳамроҳи Милод Аваздавонии 36-сола, зодаи Эрон, дар моҳи феврали имсол ва пас аз ҳамлаи киберӣ аз банкоматҳои фурӯшгоҳе зиёда аз даҳ ҳазор доллар рабудаанд.
Пулис гуфтааст, замоне аз ҳодиса огоҳ шуд, ки рӯзи 21-уми феврали имсол дар аёлати Мэйн ба банкоматҳои фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ ҳамлаи густардаи киберӣ сурат гирифт. Ин навъи ғоратгариро "ATM jackpotting" меномидаанд, ки бо анҷоми ҳамлаи киберӣ сохтори банкоматро вайрон карда, онро маҷбур мекунанд, то пулҳоро ба берун барорад.
Пулис гуфтааст, Нурмуҳаммад Раҳмонзодаро, ки бо ному насаби сохта дар Амрико ба сар мебурд, моҳе пас аз ҳодиса дар Каролинаи Ҷанубӣ боздошт карданд, вале Фирдавс Раҷабов ва шарики эронии ӯ, Милод Аваздавонӣ, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Мақомоти Амрико онҳоро ба дуздӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ муттаҳам медонанд.
Назари пайвандон ва вакилони дифои ин афрод маълум нест, вале пулис бо нашри акси Фирдавс Раҷабов ва шарики эрониаш аз сокинон хостааст, ҳангоми дидани онҳо ба мақомот хабар диҳанд.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд. Солҳои охир чанде аз онҳо бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла озори ҳамсар, поймоли қоидаи будубош ва пайравӣ аз созмонҳои мамнӯи ифротгароӣ дастгир ва бархе аз ҳудуди Амрико ронда шудаанд.
Трамп аз Би-би-сӣ як миллиард доллар товон талаб кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, барои баргардондани шаъну шараф ва обрӯи худ хостори як миллиард доллар товон аз шабакаи хабарии Би-би-сӣ шудааст.
Би-би-сӣ муттаҳам шудааст, ки суханони Доналд Трампро пеш аз ҳодисаи юриши мардум ба бинои Конгресс дар моҳи январи соли 2021 ба таври нодуруст нашр кардааст.
Вакилони Трамп то рӯзи ҷумъа мӯҳлат додаанд, ки Би-би-сӣ мустанади нашршударо ҳазф кунад, маъзарат бихоҳад ва ба хотири латма задан ба обрӯи президенти Амрико товони муносибе бипардозад.
Дар пайи ин ҷанҷол, раиси умумии Би-би-сӣ ва раиси бахши нашароти ин шабака истеъфо доданд.
Дар таркиш дар шаҳри Деҳлӣ 10 кас ҷон бохт
Дар пайи таркиши як мошин дар шаҳри Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон, даҳ кас кушта ва беш аз сӣ тани дигар захмӣ шуданд.
Ин ҳодиса шоми душанбе дар як минтақаи сераҳолӣ дар наздикии "Қалъаи Сурх" рух додааст.
Тибқи гузоришҳо, ин таркиш ба одамон ва мошинҳои зиёде осеб расонидааст.
Мансабдорони Ҳиндустон гуфтаанд, ки таҳқиқоти худро дар мавриди ин ҳодиса оғоз карданд.
Сабабҳои ҳодиса маълум нест.
Вазири корҳои дохилии Ҳинд гуфт, онҳо дар ҳоли баррасии "ҳамаи эҳтимолҳо" ҳастанд.
Дар Бағдод масъалаи бозгардонии тоҷикҳо аз маҳбасҳои Ироқ баҳс шуд
Мақомоти тоҷик масъалаи бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз зиндонҳои Ироқро бо ҳамтоёни ироқии худ баррасӣ кардаанд.
Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 10 уми ноябр навишт, ки дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо вазири адлияи Ироқ дар Бағдод, вазъи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маҳбасҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд ва мавзӯи овардани онҳо ба кишвар, матраҳ шудааст.
Ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Котиби Шӯрои амният Юсуф Раҳмон зимни ин сафар ҳамчунин бо президенти Ироқ Абдул Латиф Рашид масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар самти сиёсату амниятро баррасӣ кардаанд.
Мақомот нагуфтаанд, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд, аммо моҳи феврали имсол гуфта шуда буд, ки 381 нафарро аз Сурияву Ироқ ба кишвар баргардондаанд ва вобаста ба имкон овардани тоҷикон идома хоҳад кард.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон авоили соли ҷорӣ гуфта буд, ки бозгардонидани шаҳрвандони кишвар аз гӯшаҳои ҷангзадаи ҷаҳон ва ҳамоиши онҳо ба зиндагии оддӣ, як масъалаи муҳим барои ҳукумат ба ҳисоб меравад..
Ба иттилои расмии мақомоти Тоҷикистон, аз соли 2014 ва баъд аз зуҳури ДОИШ, тақрибан 2 ҳазор нафар ба сафи ин созмон ва дигар гурӯҳҳои тундрав дар Ироқу Сурия пайвастаанд.
Аксари онҳо дар ҷангҳо кушта шуда, зану кӯдаконашон қисман ба Тоҷикистон оварда шуданд ва боқимонда дар зиндонҳои Ироқ ва урдугоҳҳои Сурия ба сар мебаранд.
Маҳбусон ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ борҳо аз шароити нигаҳдории зиндониён дар маҳбасҳои Сурия ва Ироқ шикоят карда буданд.
Тоҷикистон дар 9 моҳ беш аз 3,7 млн тонна семент истеҳсол кардааст
Дар 9 моҳи соли равон истеҳсоли семент дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Бино ба иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, дар ин давра дар кишвар зиёда аз 3,7 миллион тонна семент тавлид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 500 ҳазор тонна ё қариб 16 дарсад зиёд будааст.
Афзоиши истеҳсоли семент дар ҳолест, ки содироти ин маҳсулот ба Узбекистон мушкил шудааст. Мақомоти гумруки Узбекистон аз соли 2024 барои воридоти ҳар тонна семент аз Тоҷикистон 300 доллар талаб мекунанд. Пештар чунин пардохт ҳамагӣ 35 доллар буд.
Аммо бо вуҷуди афзоиши истеҳсолот ва маҳдудиятҳо барои содир намудани он ба хориҷ, нархи як халта семент дар бозори масолеҳи сохтмонӣ ба 55 сомонӣ баробар аст.
Солҳои ахир дар Тоҷикистон асосан бо сармояи Чин чанд корхонаи бузурги тавлиди семент бунёд шуданд, ҳарчанд нигарониҳо дар бораи зарари ин корхонаҳо ба муҳити зист ҷой дорад.
Лавров гуфт, омодаи дидор бо Рубио аст
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ки омодаи мулоқот бо Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико аст. Ин дар ҳолест, ки Русия эълон кардааст, аз шарти аслӣ барои поён додан ба ҷанги Украина ақибнишинӣ нахоҳад кард.
Пеш аз ин гузоришҳое нашр шуда буд, ки Лавров пас аз бекор шудани нишасти Трамп бо Путин дар Будапешт, ҷойгоҳаш дар Кремлро аз даст додааст. Кремл рӯзи 7-уми октябр ин гузоришҳоро рад кард ва Лавров низ рӯзи 9-уми ноябр дар гуфтугӯ бо хабаргузории расмии РИА Новости аз идомаи тамоси худ бо Марко Рубио дар масъалаи Украина хабар дод.
Талошҳои Трамп барои миёнравӣ дар поён додан ба ҷанги Украина то кунун бенатиҷа мондааст ва ӯ моҳи гузашта ба таври ногаҳонӣ нишасти барномарезишудаи худро бо Путин дар Будапешт бекор кард.
Кремл рӯзи 7-уми ноябр гузориши расонаҳои ғарбиро рад кард, ки навишта буданд Лавров пас аз лағви ин нишаст, ҷойгоҳи худро назди Путин аз даст додааст. Ин гузоришҳо пас аз он нашр шуд, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия паёме нашр кард ва таъкид намуд, ки Маскав ҳозир нест аз мавзеи худ дар бораи Украина ақибнишинӣ кунад.
Идеяи баргузории нишасти президентҳои Амрико ва Русия дар Будапешт дар ҷараёни тамоси телефонӣ байни ду раҳбар дар моҳи гузашта матраҳ шуд. Аммо пас аз чанд рӯз Кохи Сафед эълон кард, ки барномае барои мулоқот "дар ояндаи наздик" миёни он ду вуҷуд надорад.
Чанд рӯз баъд Доналд Трамп ҳам гуфт, агар президенти Русия омодаи тавофуқ барои поён додан ба ҷанги Украина набошад, ӯ вақти худро барои дидор бо Путин "талаф нахоҳад кард".
Сергей Лавров рӯзи 9-уми ноябр гуфт, "ман ва вазири корҳои хориҷӣ Марко Рубио зарурати гуфтугӯҳои муназзамро дарк мекунем. Ин гуфтугӯҳо барои баррасии масъалаи Украина аҳамият доранд. Ба ҳамин сабаб, аз тариқи телефон дар тамосем ва дар сурати ниёз омодаи мулоқоти ҳузурӣ ҳастем".
Сенаторҳои амрикоӣ розӣ шуданд, ки таътили ҳукумат поён ёбад
Сенаторҳои Амрико ба созише расиданд, ки бар асоси он, таъмини буҷаи федеролӣ аз сар гирифта мешавад ва ба таътили ҳукумат поён дода хоҳад шуд. Ин созиш миёни сенаторҳои демократ ва ҷумҳурихоҳ рӯзи якшанбеи 9-уми ноябр ба даст омад.
Таътили ҳукумати Амрико 40 рӯз пеш оғоз шуд ва бесобиқатарин дар таърихи ин кишвар ба шумор меравад. Дар натиҷаи таътил шудани ҳукумат, фаъолияти шуморе аз ниҳодҳо фалаҷ шуд ва садҳо ҳазор корманди федерол бемаош мондаанд.
Мақомҳо ҳушдор додаанд, ки дар сурати идомаи ёфтани таътили ҳукумат, сафарҳои ҳавоӣ дар Амрико мумкин аст ба зудӣ "тақрибан фалаҷ шавад", зеро ҳазорон парвоз дар охири ҳафта бекор ё бо таъхир рӯбарӯ шудааст.
Қарор аст имрӯз дар мавриди ин тавофуқ раъйгирӣ сурат бигирад.
Пас аз қабул шудан, ин созиш ба Маҷлиси намояндагон, ки дар назорати ҷумҳурихоҳон аст, фиристода хоҳад шуд ва пас аз тасдиқ дар онҷо, барои имзои президент Доналд Трамп омода мешавад.
Дар аксар шаҳрҳои Украина интиқоли барқ қатъ шудааст
Дар пайи ҳамлаҳои Русия интиқоли барқ ба шаҳри Киев ва дигар манотиқи Украина ба мушкил дучор шудааст.
Гурӯҳҳои таъмиргар талош доранд, ки хатҳои барқрасонӣ ва зеристгоҳҳои осебдидаро зудтар барқарор кунанд.
Ширкати давлатии энержии "Укрэнерго" ҳушдор дод, ки рӯзи 9-уми ноябр дар аксари минтақаҳо барқ барои муддати аз ҳашт то 16 соат қатъ хоҳад шуд.
Бар асари ҳамлаҳои Русия дар рӯзи 7-уми ноябр, дастикам ҳафт нафар кушта ва шумораи номаълуме захмӣ шудааст.
Владимир Зеленский, президенти Украина аз кишварҳои ҳампаймонаш даъват кардааст, ки фишор ба Русияро бештар кунанд, то аз харобкорӣ даст кашад.
Ба гуфтаи мақомоти украинӣ, Русия рӯзи 8 ноябр бо беш аз 450 ҳавопаймои бесарнишин ва 45 мушак ба Украина ҳамла кардааст.
Украина низ дар посух бо даҳҳо бесарнишин ба корхонаҳои коркарди нафти Русия ҳамла кардааст. Мақомоти Русия зиёни расида аз ин ҳамлаҳоро шарҳ надодаанд.
Русия наздик ба чор сол аст, ки бедалел зидди Украина меҷангад ва сарбозони артиши ин кишвар ҳазорон бегуноҳро кушта, боиси фирори миллионҳо украинӣ аз ватанашон шудаанд.
Ҷабборов гуфт, дигар ба табаддулот дар Қирғизистон роҳ намедиҳанд
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфтааст, ки дигар ба табаддулот дар кишвараш роҳ нахоҳад дод.
Ӯ ин ҳарфро дар саҳифаи фейсбукиаш ҳангоми посух додан ба суоли сокинон гуфтааст.
Ҷабборов шашумин президенти Қирғизистон дар беш аз сӣ соли замони истиқлоли ин кишвар аст. Раҳбарони пешини ин кишвар дар пайи эътирози сокинон барканор шуда буданд. Содир Ҷабборов низ пас аз барканории Сооронбой Ҷеэнбеков дар эътирозҳои охири соли 2020 моҳи январи соли 2021 президент интихоб шуд.
Ӯ гуфтааст, ки ҳанӯз гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки мардумро ба эътироз таҳрик медиҳанд, вале ҳукумат дигар ба ин роҳ нахоҳад дод.
"Ба табаддулот роҳ намедиҳем. Якум инки мо баҳонае барои табаддулот намедиҳем. Дуюм, давлат мисли гузашта заиф нест. Давлат ҳоло қавӣ аст. Сеюм инки мардум медонад, ки киро биронад ва киро бимонад,"--гуфт ӯ.
Содир Ҷабборов, ки дар гузашта мансабдори давлатӣ буд, соли 2017 бо иттиҳоми гаравгонгирӣ зиндонӣ шуд. Ӯ дар пайи эътирозҳои сартосарӣ дар охири соли 2020 аз зиндон берун ва раҳбари Қирғизистон шуд.
Акмалиддин дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт
Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2025 дар риштаи самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 58 кило дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек – 7-уми ноябр шуруъ шуда, то рӯзи 9-уми ноябр идома меёбад. Дар мусобиқот гуштигирони зӯртарини ҷаҳон барои 31 маҷмуи медалҳо дар риштаҳои самбои варзишӣ ва самбои размӣ, инчунин самбо байни варзишгарони нобино рақобат мекунанд.
Акмалиддин дар даври ҳаштякниҳоӣ Илҳом Фармоновро аз Узбекистон бо ҳисоби 8:0, дар чорякфинал намояндаи FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) Бурдз Владзичлауро бо ҳисоби 4:0 шикаст дода, дар даври ниманиҳоӣ аз Нурсултон Жубатхон аз Қазоқистон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.
Акмалиддин барои дарёфти медали биринҷӣ намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Вернелл Робертсро бо ҳисоби 8:0 шикаст дода, мақоми сеюмро азони худ кард.
Ин чаҳорумин медали биринҷии паҳлавони 35-солаи тоҷик Акмалиддин Каримов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳамчунин вай дар қаҳрамонии ҷаҳон чаҳор медали нуқра ба даст овардааст.
Соли 2021-ум барои Акмалиддин соли аз ҳама бобарор буд. Вай дар қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Тошканд дар самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило медали тило гирифт, ки ин натиҷаи беҳтарин дар корномаи варзишиаш маҳсуб мешавад.
Бояд гуфт, ки cоли 1975 дар Мински Беларус паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбои варзишӣ қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.
Баъди 42 сол, яъне соли 2017, Беҳрӯзи Хоҷазода дар шаҳри Сочии Русия ин унвонро ба даст овард. Баъдан соли 2018 дар Бухарести Руминия Хушқадам Хусравов ва соли 2021 дар Тошканди Узбекистон Акмалиддин Каримов қаҳрамони ҷаҳон гардиданд.
Дар риштаи самбои размӣ бошад, ду паҳлавони тоҷик – Сайриддин Икромов (-74 кг, соли 2007, Прагаи Ҷумҳурии Чех) ва Эраҷ Раҳимов (-52 кг, соли 2009, Солоникии Юнон) - медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овардаанд.