Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз эълони таҳрим. Мақомдори рус бо президенти Қазоқистон додугирифтҳоро баррасӣ кард


Михаил Мишустин (аз чап) ва Қосимҷомарт Тоқаев
Михаил Мишустин (аз чап) ва Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон роҳҳои ҳифзи равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар пасманзари таҳримҳои ҷоришудаи Ғарб болои Русияро баррасӣ карданд.

Пас аз ҳамлаи Русия ба хоки Украина дар рӯзи 24-уми феврал кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карданд.

Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон рӯзи 25-уми феврал гуфт, ки Тоқаев ва Мишустин, дар баробари масоили дигар, “талошҳои муштарак барои пешгирӣ аз коҳиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар дар пасманзари тағйироти вазъ дар Украина ва таҳримҳои байналмилалии таҳмилшуда болои Русия”-ро баррасӣ карданд. Мишустин бо ҳадафи ширкат дар кори Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё ба шаҳри Нурсултон рафтааст.

Ин гуфтугӯҳо дар пайи он барпо шуд, ки раҳбарони Иттиҳоди Аврупо барои қабули бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русия ба мувофиқа расиданд. Дар вокуниш ба он чӣ ки ҳуҷуми “ваҳшиёна”-и президент Владимир Путин ба Украина номиданд, аврупоиҳо таҳримҳои, ба гуфтаашон, “азим ва пуроқибате”-ро ҷорӣ карданд.

Ин дуюмин мақомдори рус аст, ки пас аз оғози ҷанг дар Украина ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунанд. Рӯзи 25-уми феврал раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба Душанбе сафар кард ва расонаҳои расмӣ хабар доданд, ки ӯ Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро "дар бораи вазъи кунунӣ атрофи Украина огоҳ кардааст".

Шоми 24 феврал президенти ИМА Ҷо Байден эълон кард, ки дар посух ба таҷовузи хоки Украина нисбати Русия таҳримҳои сахте ҷорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG