Дар чанд ҷумла
Раҳматилло Зоиров: Путин кори чандон дуруст накард. ВИДЕО
Раҳбари пешини Ҳизби сотсиал-демократ ва мушовири собиқи президенти Тоҷикистон пас аз чанд муддати хомӯшӣ ба ҳамлаи Русия ба Украина вокуниш кард. Раҳматилло Зоиров гуфт, тасмими Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, барои ҳамла ба Украина "то он дараҷа кори дуруст нест".
"Мо дар инҷо сабаби аслияшро намедонем. Ҳоло маълум мешавад. Фикр мекунам, Украина бе Донбасс ҳам бошад, бояд мустақилии худро ҳифз кунад," -- афзуд ӯ рӯзи 4-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Раҳбари пешини ҲСДТ дар пасманзари рӯйдодҳои охир эҳтимоли тақсим шудани Украинаро тахмин зад, вале ҳамзамон гуфт, "ҳама чиз аз иродаи мардум вобаста аст".
"Мехоҳам, Украина доимо ҳамчун давлат амал кунад. Барои Украина ва мардумаш ҳамин чиз зарур аст. Ин ҳама вақт аз таҷовузкор на, аз иродаи аҳолӣ вобаста аст,» -- илова кард ӯ.
Наворро дар инҷо бинед:
Аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина, ки ҳазорҳо касро кушту захмӣ ва садҳо ҳазор нафарро фирорӣ кард, 10 рӯз гузашт.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз дар мавриди ҷанг дар Украина мавқеи худро ошкор накарданд. Вале аз рой додан ба зидди Русия дар Маҷмаи кулли Созмони Милал худдорӣ варзиданд. Русия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон аст ва дар кишвар пойгоҳи низомӣ дорад.
Дар пайи ҳамлаи Русия, тақрибан ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Лаҳистону Молдова фирор кардаанд. Маълум нест, мақомот онҳоро кай ва чӣ гуна ба кишвар меоранд. Узбекистону Қазоқистон садҳо шаҳрванди худро бо ҳавопаймоҳо аз Лаҳистон баргардонданд.
Матну навори пурраи суҳбатро бо Раҳматилло Зоиров рӯзи 7-уми март дар сомонаи мо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хонеду бинед.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Муҳоҷири корӣ чандсола бошад? Қонуни нав дар Тоҷикистон
Шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо аз 18-солагӣ метавонанд барои кор ба хориҷа раванд.
Ин талабот дар қонуни нав “Дар бораи муҳоҷират”, ки 23-юми октябр дар нашрияи порлумонии "Садои мардум" нашр шуд, таъкид шудааст.
Бар асоси моддаи 16-и қонуни нав, сафар барои кор ба шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз 18-солагӣ танҳо ба кишварҳое иҷоза дода мешавад, ки “дар ҳудуди онҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳифз карда мешаванд”.
Дар қонун гуфта шудааст, ки ҳуқуқи муҳоҷирон бар асоси созишномаи миёни кишварҳо ва қонунҳои ду кишвар дар самти муҳоҷират ҳимоя хоҳад шуд.
Ин қонун на танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ба хориҷиёне, ки барои кор ба ин кишвар меоянд, чунин синни муҳоҷиратро муқаррар кардааст.
Қонуни навро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 21-уми октябр имзо кардааст.
Қонуни пешина, ки аз соли 1999 то ин дам амал мекард, ҳеч маҳдудияти синнусолӣ барои муҳоҷират аз Тоҷикистон ва ё ба ин кишварро муқаррар накарда буд.
Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2024 пули фиристодаи муҳоҷирон тақрибан 45 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистонро ташкил додааст, ки яке аз баландтарин нишондиҳандаҳо дар ҷаҳон аст. Ин маблағ манбаи муҳими даромад барои бисёр оилаҳо буда, таъсири назаррасе ба иқтисоди кишвар дорад.
Русия яке аз кишварҳои аслиест, ки маъмулан шаҳрвандони Тоҷикистон, бо вуҷуди фишору азият, барои кор ба онҷо мераванд.
Бар асоси омори расмӣ, дар соли 2025 беш аз 702 ҳазор нафар дар ҷустуҷӯйи кор аз Тоҷикистон ба хориҷа рафтаанд.
Владимир Путин, президенти Русия, моҳи октябри соли гузашта ҳангоми сафараш ба Душанбе изҳор дошт, ки дар Русия беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд. Он замон раисҷумҳури Тоҷикистон омори Русияро зери шубҳа нагузошт.
Қонуни нав инчунин ду роҳи бо кор таъмин шуданро дар хориҷа пешбинӣ мекунад: ҷустуҷӯи мустақилонаи кор ва ҷалби ташкилшуда тавассути Оҷонсиҳои бозори кор. Ба онҳое, ки мустақилона кор меҷӯянд, мақомоти давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират бояд дар бораи ҷойҳои кории холӣ, маош, шароити меҳнат ва талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда ройгон маълумот диҳанд.
Боздошти як зан дар Душанбе бо гумони ҳамла ба шавҳараш
Маъмурони милиса дар шаҳри Душанбе як зани 32-соларо бо гумони ҳамла ба шавҳараш боздошт кардаанд.
Мақомот гуфтанд, М.Самадова рӯзи 22-юми октябр дар пайи муноқишаи хонаводагӣ ба шиками шавҳараш, М.Маҳмадқулов, се корд задааст.
Ин мард, ба гуфтаи пулис, “ҷароҳати вазнин” бардошта, дар беморхона бистарист.
Радиои Озодӣ ҳанӯз наздикони зану шавҳарро барои тафсилоти бештар пайдо накард.
Аз ин пеш, мақомот хабар дода буданд, ки як зани 49-соларо дар шаҳри Истаравшан бо гумони қатли шавҳари 74-солааш дастгир кардаанд. Ангезаи ҳодиса ҳодиса маълум нест ва баъзе аз хешовандон аз шеваи таҳқиқ норозиянд.
Дар ду соли охир аз чанд мавриди қатли шавҳар аз ҷониби ҳамсар дар Тоҷикистон гузориш шудааст.
Занҳо дар аксар ҳолат ба тафтишот гуфтаанд, ки пайваста зери озору азият буданд.
Кумитаи занон ҳам мегӯяд, танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар бораи хушунат дар оила тақрибан 800 шикоят гирифт. Ҳарчанд ин омор дар муқоиса ба солҳои гузашта андаке камтар аст, ҳамчунон нигаронкунанда будааст.
Дар шаш моҳ беш аз 1,5 млрд бушка нафт аз тангии Ҳурмуз гузаштааст
Фармондеҳии марказии нерӯҳои Амрико мегӯяд, бо вуҷуди маҳдудиятҳои Эрон, дар содироти беш аз якуним миллиард бушка нафти хом аз тариқи тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳамкорӣ кардааст.
СЕНТКОМ рӯзи 25-уми октябр дар баёнияе эълом кард, ки дар шаш моҳи охир беш аз се ҳазор киштии тиҷорӣ бо пуштибонии нерӯҳои амрикоӣ аз ин тангӣ гузаштаанд.
Бред Купер, фармондеҳи СЕНТКОМ, гуфт, масирҳои асосии рафтуомади киштиҳо дар тангии Ҳурмуз аз минаҳои баҳрии Эрон пок нигоҳ дошта шудаанд.
“Мо ҳамчунон дар канори шарикони худ дар Халиҷи Форс ва бахши киштиронӣ қарор дорем ва ҳамкориро идома медиҳем,” – афзуд ӯ.
Эрон пас аз ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ки рӯзи 28-уми феврал оғоз шуд, назорат бар ин тангаи муҳимро дар даст гирифта буд. Вашингтон иддао мекунад, ки Теҳрон акнун назорати пурраи худро ба ин масир аз даст додааст.
Раҳмон хостааст, Худоёрзода бозхонд, Ализода раиси КМИР шавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 26-уми октябр номзадии Зариф Ализодаро ба мақоми раиси Кумисюни интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) пешниҳод кардааст.
Қарор аст, онро Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон, баррасӣ ва тасдиқ кунад.
Аксар курсиҳои порлумон дар ихтиёри намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократӣ аст ва онҳо то кунун ҳеч пешниҳоди раисҷумҳурро рад накардаанд.
Зариф Ализодаи 64-сола то ин дам ёвари раисҷумҳур дар масоили ҳуқуқӣ буд.
Ӯ дар гузашта дар мақомҳои Омбудсмен, намояндаи президент дар Маҷлиси олӣ ва раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ кор кардааст.
Дар ҳамин рӯз раисҷумҳури Тоҷикистон аз порлумон хостааст, Бахтиёр Худоёрзодаро аз мансаби раиси Кумисюни интихобот ва раъйпурсӣ бозхонд кунад.
Вай аз соли 2016 дар ин вазифа кор мекунад. Пеш аз он раиси дастгоҳи иҷроияи ҳукумат ва вазири адлия буд.
Мақомот далели дигаргунии кадриро дар Кумисюни марказии интихобот "ба поён расидани муҳлати ваколат" гуфтаанд.
Ҳамзамон интизор меравад, соли 2027 дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор шавад, аммо то кунун дар бораи баргузории ин маъракаи сиёсӣ ё номзадҳои эҳтимолӣ чизе гуфта намешавад.
Интихоботи пешинаи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 11-уми октябри соли 2020 гузашта буд.
Кумисюни марказии интихобот гуфта буд, ки Эмомалӣ Раҳмон беш аз 90 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст, вале мухолифон дар дохил ва хориҷ натиҷаро напазируфтанд.
Ҷонибдорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 зимоми қудратро дар Тоҷикистон ба даст дорад, бунёди роҳҳову нерӯгоҳҳои хурду бузургро ҳосили талошҳои ӯ медонанд. Намояндагони мухолифон ба саркӯби дигарандешон ва маҳдуд кардани озодиҳои сиёсиву динӣ ва баён танқид мекунанд.
Русияву Украина асирони ҷангиашонро иваз карданд
Мақомоти Русия ва Украина рӯзи 23-уми октябр аз табодули 270 асири ҷангӣ хабар доданд.
Вазорати дифои Русия гуфт, ки асирони раҳошудаи кишвар дар хоки ҷумҳурии Беларус қарор доранд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, аксарияти 270 сарбози украинӣ аз соли 2022 дар асорати нерӯҳои Русия будаанд.
Дар байни онон 5 сарбозе ҳам будаанд, ки артиши Украина гумон мекард, дар ҳамлаи Русия ба маҳаллаи Еленовка дар тобистони соли 2022 кушта шудаанд.
Масъулони тарҳи «Хочу найти», ки ба ҷустӯҷуи сарбозони бенишон машғул ҳастанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз соли 2025 то кунун бори аввал аст, он асиронеро ҳам иваз кардаанд, ки аз манотиқи ишғолии вилоятҳои Донетск ва Луҳанск ба хидмат ҷалб шудаанд.
Як рӯз пештар аз ин ҷонибҳо ҷасади низомиёни ҳалокшударо низ аваз карданд. Русия ба Украина 252 ҷасад дода, дар иваз ҷасади 25 сарбози худро бозпас гирифтааст.
Интиқоли сӯзишворӣ аз Русия ба Амрико шуруъ шудааст
Нахустини киштии ҳомили сӯзишворӣ аз Русия ба сӯйи Амрико ҳаракат кардааст.
Нашрияи "Важние истории" навишт, интизор меравад, киштӣ бо тақрибан 36 ҳазор тонна дизел рӯзи 7-уми ноябр ба Иёлоти Муттаҳида бирасад.
Рӯзноманигорон муайян кардаанд, ки нафткашро як ширкати мутааллиқ ба миллиардери юнонӣ, Танасис Мартинос, идора мекунад.
Дар аввали моҳи октябр маълум шуд, ки раҳбарони Амрико ва Русия дар бораи содироти сӯзишвории дизелии Русия ба Иёлоти Муттаҳида ва бозорҳои ҷаҳонӣ ба созиш расидаанд.
Ба гуфтаи президент Доналд Трамп, Русия аввал 300 ҳазор тонна сӯзишворӣ содир карда, сипас дар моҳи ноябр 500 ҳазор тонна ва баъдан як миллион тоннаи дигарро ба бозор хоҳад баровард.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ин тасмими Амрикоро танқид кард.
Ӯ гуфт, коҳиши фишори таҳримҳо ба Русия имкон медиҳад, ки ба ҷанг идома диҳад.
Ҳуҷуму боздошт ва даъват ба артиш. Амалиёти "Нелегал 2026" дар Русия
Дар нимаи аввали моҳи октябр дар Русия амалиёти бо номи "Нелегал 2026" барпо шуд, ки ба қавли мақомот, ҳадафаш пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошад.
Шадидтарин бахши амалиёт дар вилояти Маскав ҷараён гирифт ва танҳо аз 1 то 10-уми октябр дар ин ҷо 16 ҳазор санади маъмурӣ тартиб дода, шашуним ҳазор касро ба ихроҷ маҳкум кардаанд. Ҳаждаҳуним ҳазор нафари дигар аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд. Ҷамъи ҷаримаҳо 255 миллион рублро ташкил дод.
Айни чунин рейдҳо дар вилояти Свердловск гузашт. Дар минтақаи Старополйе дар давоми даҳ рӯз 900 муассисаро тафтиш кардаанд. Дар Нижний Новгород полис ҳатто ба хонаву хобгоҳҳои муҳоҷирон рафт.
Дар рейдҳои Санкт-Петербург кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ҳам иштирок карда, дар қайди ҳарбӣ будани соҳибони шиносномаҳои русиро тафтиш мекарданд.
Соли ҷорӣ бори дуюм аст, ки амалиёти "Нелегал" барпо мешавад. Пеш аз ин чунин тафтишҳои сартосарӣ дар фасли тобистон баргузор шуда буд. Он вақт Вазорати корҳои дохилии Русия аз ихроҷи чордаҳуним ҳазор хориҷӣ хабар дод.
Мақомоти Русия мегӯянд, ин мубориза бо кори ғайриқонунӣ буда, ҷойҳои холишударо бо сокинони маҳаллӣ пур мекунанд. Вале кордиҳандагон бо мушкили ҷалби коргарони нав дучор мешаванд.
Аз 1-уми январи соли 2027 қоидаҳои кору зиндагии хориҷиҳо дар Русия боз ҳам сахттар мешаванд. Ин сабаби коҳиши муҳоҷирон дар Русия мегардад.
Сипоҳ иддао кардааст, ки ба чанд киштӣ дар Ҳурмуз зарба зад
Ҳамзамон бо нашри гузоришҳо дар бораи омодагии Исроилу Амрико барои ҳамлаҳои нав ба Эрон, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ аз ҳамла ба чанд киштӣ дар тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз хабар дод.
Ба гузориши Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, Сипоҳи Посдорон 22-юми октябр дар баёнияе гуфтааст, шаби гузашта чаҳор киштиро ҳангоми интиқоли нафт ҳадаф қарор дод.
Сипоҳ ҳамчунин иддао карда, ки се киштии дигар ба минаҳои баҳрӣ задаанд.
Ҳанӯз тасдиқи мустақиле дар мавриди вазъияти ин ҳафт киштӣ нест.
То оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон дар моҳи феврали имсол, беш аз 20 дарсади нафт ва гази ҷаҳон аз тангии Ҳурмуз мегузашт.
Пас аз он, Эрон гуфт, ин роҳи муҳими обиро бастаасту киштиҳоро интихоб иҷозаи гузаштан медиҳад, вале Амрико мегӯяд, онро зери назорат дорад.
Масҷидҳоро дар Қирғизистон ба ихтиёри муфтиёт медиҳанд
Масҷидҳоро дар Қирғизистон ба ихтиёри муфтиёт ё Идораи мусулмонони ин кишвар медиҳанд.
Ҳоло дар ин давлати ҳамсояи Тоҷикистон 4470 масҷиди панҷвақта ва ҷомеъ ҳаст, аммо баъзе аз онҳо иҷозаи истифодаи замин ва сохтмонро надоштаанд.
Раванди санҷиш ва ба ихтиёри Идораи мусулмонон додани масҷидҳо дар Қирғизистон бояд то 1-уми феврали соли 2027 поён ёбад.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми октябр аз қавли мақомот навишт, ин кор мутобиқ кардани вазъи соҳа ба Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ аст.
Қонуни нав моҳи феврали соли 2025 ба иҷро даромад.
Тибқи он бунёди иншооти динӣ бояд бо мақомот ҳамоҳанг шуда, шумораи масҷидҳоро Девони вазирон муайян мекунад.
Аз ин ба баъд Идораи мусулмонони Қирғизистон дар ҳамоҳанг кардани сохтмони масҷиду мадрасаҳо ва таъйини роҳбарони онҳо нақш хоҳад дошт.
Идораи мусулмонон дар Қирғизистон расман як созмони мустақили иҷтимоии динист, аммо амалан ниҳодҳои давлатӣ кори онро зери назорат доранд.
Русия 260 ҳазор хориҷиро ба қаламраваш роҳ надодааст
Мақомоти Русия эълон карданд, ки аз аввали сол то моҳи август 260 ҳазор хориҷиро ба кишвари худ роҳ надодаанд. Ин дар ҳолест, ки даҳҳо муҳоҷири кории тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки аз фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзии Русия бозпас фиристода шудаанд.
Ирина Волк, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Русия, рӯзи 22-юми октябр дар як баёнияи расмӣ дар Телеграм гуфт, аксаран онҳое вориди Русия шуда натавонистанд, ки аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шудаанд.
Ӯ афзуд: “Сабабҳои асосии рад шудани ҳаққи вуруд ба Русия ихроҷи маъмурӣ, депортатсия, риоя накардани муҳлати иқомати қаблӣ, пешниҳоди маълумоти дурӯғ ё санадҳои сохта, ҷавобгариҳои маъмурии пешина ва пардохт нашудани андоз ё ҷаримаҳо дар замони иқомати пешина аст."
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба Радиои Озодӣ дар гузашта гуфтаанд, ки бори аввал ба Русия сафар мекарданд ва ба қонуншикание роҳ надодаанд, вале аз марз пас гардонда шуданд.
Бар пояи изҳороти расмӣ, шумораи онҳое, ки дар ҳашт моҳи гузашта ба Русия ворид шуда натавонистанд, назар ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 76 дар сад бештар будааст.
Дар давоми имсол чандин хабару видео аз муҳоҷирони тоҷик ба дасти Радиои Озодӣ расид, ки онҳоро аз фурудгоҳҳои Русия баргардондаанд ё дар гузаргоҳҳои марзии Қазоқистону Русия дурудароз нигаҳ дошта ва сипас гуфтаанд, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд. Аз ин кишвар дар ду соли гузашта на камтар аз 70 000 шаҳрванди Тоҷикистонро берун рондаанд. Мақомоти давлатии Тоҷикистон низ ин хабарҳоро тасдиқ кардаанд.
Русия, ки мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, дар ду соли гузашта бо қабули зиёда аз 30 қонун ва тағйиру иловаҳо вуруд ва кору истиқомати муҳоҷиронро сахттар кард.
Даҳҳо ҳазор нафар низ аз сафар ба ин кишвар даст кашиданд. Бино бар омори охирини ҳукумати Тоҷикистон, соли 2025 андаке бештар аз 700 000 нафар ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2024 тақрибан 100 ҳазор нафар камтар будааст.
Озодии як шаҳрванди Амрико аз зиндони Русия
Стивен Ҳаббарди 74-сола аз аёлати Мичигани Амрико рӯзи 21-уми октябр аз зиндоне дар Русия озод шудааст.
Додгоҳи шаҳри Маскав ӯро соли 2024 ба зархаридӣ ба фоидаи Украина гунаҳкор дониста, шаш солу даҳ моҳ аз озодӣ маҳрум намуд, аммо хонаводааш бепоя донистанд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи чоршанбе дар музокирот бо Стив Виткофф, намояндаи вижаи президенти Амрико Доналд Трамп озодии Ҳаббардро эълом кард.
Дертар Трамп низ озодии Ҳаббардро тасдиқ кард ва гуфт, ӯ ба зудӣ ба аъзои хонаводааш мепайвандад.
“Ба ватан хуш омадӣ, Стивен. Бисёр хушҳолам, ки ту боз бо мо ҳастӣ,” – навишт раисҷумҳури Амрико дар шабакаи “Truth Social”.
Оҷонси давлатии “Интерфакс”-и Русия навишт, Путин дар мулоқот бо Виткофф аз ӯ хостааст, натиҷаҳои музокироти Норвегияро дар мавриди поён додан ба ҷанги Маскав дар Украина ошкор кунад.
Виткофф як рӯз пеш бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар Осло, пойтахти Норвегия гуфтугӯ дошт.
Зеленский рӯзи чоршанбе дар як изҳорот гуфт, Киев омода аст, даргириро бо Русия дар дарозои хати ҳозираи ҷабҳа боздорад ва музокироти дипломатиро барои поён додан ба даргириҳо оғоз кунад. Ӯ дар айни замон вогузории минтақаи Донбассро ба Русия рад кард.
Муфтии Тоҷикистон аз сарбозон хостааст, ҳамдигарро озор надиҳанд
Дар ҳоле ки даъвати ҷавонон ба артиши Тоҷикистон идома дорад ва як сабаби худдории онҳо аз хидмат латукӯбу шиканҷа дар баъзе аз қисмҳои ҳарбӣ гуфта мешавад, раиси Шӯрои уламо сарбозонро ба ҳимоят аз якдигар даъват кардааст.
Изҳороти камсобиқаи Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 20-уми октябр ҳангоми мулоқот бо сарбозони як маркази Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар Душанбе садо додааст.
Муфтӣ гуфтааст, “на ин ки озор бидиҳед, баръакс, дасти ҳамдигар бигиред.”
Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо нашри навор гуфт, Абдулқодирзода ба сарбозон тавсия додааст, ки “интизом, эҳтироми якдигар, сабру таҳаммул ва ахлоқи ҳамидаро” риоя кунанд.
Ҳарчанд дар навор ошкоро вожаҳое ба мисли меҳтарсолорӣ ё “дедовшина” ва хушунат дар артиш баён нашудааст, ба назар мерасад, ҳадафи насиҳатҳои муфтии Тоҷикистон ҳамин мушкил аст.
Шикоят аз бадрафторӣ дар миёни низомиён дар артиши Тоҷикистон, ки гоҳе бо марги сарбозон меанҷомад, як масъалаи ҷиддии артиш дониста мешавад.
Бино ба гузориши созмони иҷтимоии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" ва Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, агар дар солҳои 2014-2016 дар умум 59 мавриди шиканҷаи сарбозон сабт шуда, 11 нафар ҷон бохтаанд, соли 2025 аз тақрибан ҳафтод мавриди шикоят аз меҳтарсолорӣ хабар дода шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши худ ба Созмони Милали Муттаҳид аз зиёда сад мавриди марги низомиён дар солҳои 2019-2021 хабар дода буд.
Вокуниши донишгоҳ ва шарҳи ҳуқуқдон ба ронда шудани 5 донишҷӯ
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон хабари Радиои Озодиро дар бораи ихроҷи панҷ донишҷӯяш барои сарпечӣ аз ширкат дар раҳпаймоҳои ҷашнӣ тасдиқ кард, аммо гуфт, ба се рондашуда баъди эътирофи камбудӣ иҷоза додааст, ба таҳсил баргарданд.
Дар баёнияи донишгоҳ, ки 20-уми октябр дар Фейсбук нашр шуд, омадааст, “дар ҳақиқат, панҷ донишҷӯ бо сабаби риоя накардани қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳӣ, аз ҷумла иштирок накардан дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ, аз сафи донишҷӯён хориҷ гардида буданд.”
Баъди ин, ба гуфтаи раҳбарияти донишгоҳ, “бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён ва фароҳам овардани шароити мусоид барои идомаи таҳсили онҳо”, се нафар ба сафи донишҷӯён барқарор карда шуданд.
Рӯзе пештар аз ин баёния, Радиои Озодӣ бо такя ба фармони раҳбарияти донишгоҳ гузориш дод, ки панҷ донишҷӯро барои иштирок накардан дар роҳпаймоӣ ё маршировкаи бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар тобистону тирамоҳи имсол аз донишгоҳ хориҷ кардаанд.
Ҷашни мазкур рӯзи 9-уми сентябр сурат гирифт. Вазорати маориф гуфта буд, ки ширкат дар чунин маросим маҷбурӣ нест. Хуршед Мавлонов, сухангӯи вазорат, рӯзи 20-уми октябр бори дигар тасдиқ кард, ки ширкати донишҷӯён дар раҳпаймоӣ ихтиёрист.
Ҳуқуқшиноси тоҷик Бахтиёр Насруллоев дар шарҳи кӯтоҳе ба Радиои Озодӣ гуфт: "Агар донишҷӯ дар дарсҳо мунтазам иштирок накунад, имтиҳонҳоро супурда натавонад ва ё ба амалҳои ғайриқонунӣ ё ҷинояте даст занад, раҳбарияти донишгоҳ метавонад ӯро хориҷ кунад. Дигар чизҳо, ба мисли иштирок накардан дар корҳои ҷамъиятӣ ё маршировка, асос барои аз донишгоҳ хориҷ кардан намешавад."
Ҷалби ҳазорон нафар бавижа хонандагону донишҷӯён дар барномаи ҷашнии 35-умин солгарди истиқлол дар Душанбе сабаби танқидҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Корбарон дар Фейсбук ва Инстаграм мегуфтанд, ки донишгоҳҳо ба ҷойи дарс додан ба донишҷӯён, онҳоро барои рақсу бозӣ мефиристанд.
Мунтақидони маршировка бовар доранд, ки чунин маъракаҳо дар Тоҷикистон аз даврони шӯравии собиқ ба мерос мондаанд ва бояд ҳарчи зудтар аз он даст кашид. Маъракаҳое, ки ба гуфтаи онҳо даврони шахспарастӣ, саркӯб ва поймоли ҳуқуқу озодиҳои бунёдии мардумро ба ёд меоваранд.
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон гуфтааст, ихроҷи панҷ донишҷӯ “хусусияти ислоҳӣ дошта, ҳадафи асосии он ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯён ба масъулиятшиносӣ, ислоҳи камбудиҳо ва риояи талаботи тартиботи донишгоҳ буд.”
Ҳарчанд донишгоҳ гуфтааст, ки барои ширкаткунандагони раҳпаймоии идона 10 рӯз рухсатӣ дод, намояндаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, барои ин қишри донишҷӯён ҳеч гуна таътили иловагӣ эълон накардааст.
Сарбозонро дар Туркманистон ба пахтачинӣ бурдаанд
Мақомоти Туркманистон, ки пайваста ба нақзи ҳуқуқи одамон танқид мешаванд, дар вилояти Дашоғуз сарбозону афсаронро бо либоси якхелаи сиёҳ ба ҷамъоварии пахта ҷалб кардаанд.
Дар вилояти Ахал низ аз сарбозон талаб шудааст, ки барои иштироки “ихтиёрӣ” дар ҷамъоварии ҳосил ба таври хатӣ ризоят диҳанд.
Бахши туркмании Радиои Озодӣ 19-уми октябр аз қавли манбаъҳои худ навишт, “фармондеҳон мошинҳои ҳарбиро пушти дарахтон гузошта, иҷоза намедиҳанд, ки мардум ба сарбозон наздик шаванд”.
Ин манбаъ мегӯяд, низомиён вазифадор шудаанд, ки ҳар рӯз 50 кило пахта чинанд.
Баъзе аз волидон аз истифодаи сарбозон ҳамчун нерӯи кории бепул норозиянд.
Ҳар сол кормандони идораҳои давлатӣ, аз ҷумла омӯзгорону пизишконро ба ҷамъоварии пахта дар Туркманистон маҷбур мекунанд.
Бо вуҷуди танқидҳои батакрор ва даъват ба ислоҳот, дар Тоҷикистон ҳам пахта асосан бо ёрии хонандагону омӯзгорон ва кормандони идораҳои давтаӣ чида мешавад.
12 миллиард доллар. Созишномаҳои нави Амрико ва Узбекистон
Ҳайатҳои Амрико ва Узбекистон рӯзи 19-уми октябр дар шаҳри Самарқанд як бастаи иборат аз 54 созишномаи шарикии тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкориҳоро дар бахши фанновариҳо имзо карданд.
Департаменти давлатии Амрико гуфт, маблағи ин созишномаҳо 12 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.
Созишномаҳои ҳамкорӣ навсозии бахши саноат, нақлиёт, зербунёдҳои энержӣ, коркарди маъдан, хадамоти молӣ, фанновариҳои рақамӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маорифро дар бар мегиранд.
Дар изҳорот омадааст, ки ҳамкорӣ бо ширкати GE Aerospace таъмини муҳаррик барои ҳавопаймоҳои нави ширкати ҳавопаймоии Узбекистон ва ташаббусҳои вобаста аз ширкати Wabtec истеҳсоли маҳсулот барои роҳҳои оҳани маҳаллиро пешбинӣ мекунад.
Дар бахши молӣ бо ширкатҳои Franklin Templeton, Oppenheimer & Co., Citigroup ва BlackRock созишномаҳое имзо шудаанд, ки роҳи ширкатҳои узбекистониро ба бозорҳои байнулмилалӣ ҳамвор мекунад. Бо ширкатҳои ReElement Technologies, Traxys ва Trafigura кор дар бахши маъдан ва захираҳои табиӣ пешбинӣ мешавад.
Дар оянда ҳамкорӣ бо ширкатҳои Amazon Leo, GE HealthCare ва Valmont Industries эҷоди иртиботи моҳвораӣ, фанновариҳои пешрафтаи тиббӣ, афзоиши ҳосили кишоварзиро дар назар мегирад.
Департаменти давлатии ИМА гуфтааст, ин созишномаҳо робитаҳои иқтисодии миёни Амрико ва Узбекистонро тақвият хоҳанд дод.