Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба ҷойи хидмат ба муҳоҷират рафт." Ҷазои як марзбони тоҷик барои "фирор" аз қисми ҳарбӣ


Додгоҳи ҳарбии Душанбе як ҷавони 26-соларо бо гуноҳи фирор аз маҳалли хидмат аввал ба се сол зиндон маҳкум карда, сипас онро то ду сол поин овард. Пайвандони Давлатмурод Ғафуров аз ноҳияи Шаҳритус ҳукмро қабул надоранд. Мақомот мегӯянд, ҷурми ҷавон исбот шудааст.

"Ариза навишт, имзо нагузоштанд"

Натиҷа Шарифова, модари Давлатмурод Ғафуров, мегӯяд, писараш соли 2016 хидматро дар артиш ба поён расонд, аммо баъдан бо шартнома ба кор дар қисми ҳарбӣ идома дод. Ба иддаои ӯ, мушкил аз онҷо сар зад, ки муҳлати шартномаи писараш ба поён расиду "аризаи аз кор рафтанро навишт, вале имзо нагузоштанд".

"1200 сомонӣ маош мегирифт. Ба рӯзгор намерасид. Ночор ба Русия рафт. Ба зидди ӯ парванда кушоданд,” – гуфт хонум Шарифова.

Вай афзуд, писараш тобистони соли гузашта дар Русия дастгир ва баъдан ба Тоҷикистон фиристода шуд. Ба қавли ӯ, писараш шаш моҳро дар боздоштгоҳе дар Русия гузаронд. Ҳукми ҷавонро 28-уми феврали имсол эълон карданд.

"Нахост, ба ноҳияи дурдаст равад, ба Русия рафт"

Як муфаттиши Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб рӯзи 8-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳлати шартномаи Давлатмурод Ғафуров пурра ба охир нарасида буд. "Вай расмиёти аз кор баромаданро риоят накарда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст," – афзуд мусоҳиби мо.

Ба нақли намояндаи Додситонӣ, ҳама чиз баъди он тағйир кард, ки Давлатмурод Ғафуровро ба кор ба яке аз қисмҳои марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин фиристоданд. "Ӯ намехост ба ноҳияи дуртар аз макони зисташ равад. Ба ҷойи ин билет харида, ба Русия рафтааст. Яъне, бе фармони аз кор озод намудан," – шарҳ дод мусоҳиби мо дар Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб.

Модари ҷавон шикоят дорад, ки ӯро ба мурофиаҳои додгоҳии писараш роҳ надодаанд. Ҳамсуҳбати мо дар мақомоти додситонӣ гуфт, падари ҷавон дар мурофиаҳои додгоҳии фарзандаш ширкат дошт.

Ҳуқуқдон: Меъёрҳо бояд рияо шаванд

Ҳуқуқшиносон бар инанд, ки ҷавонон пас аз адои хидмати ҳарбӣ метавонанд, хидматро шартномавӣ идома диҳанд, вале масъалаи қатъи корашон дар қисмҳои ҳарбӣ муқаррарот дорад ва бояд риоя шавад.

Дилрабо Самадова, мудири Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, мегӯяд, то содир шудани фармони аз кор рафтани прапоршикон дар қисмҳои ҳарбӣ, онҳо ҳаққи саркашӣ аз идомаи хидматро надоранд.

Дар гузашта мавридҳои фирори сарбозон аз сафи артиши Тоҷикистон сабт шудааст. Додгоҳи ҳарбӣ моҳи майи соли 2020 як сарбозро барои саркашӣ аз хидмат ба ду сол зиндон маҳкум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Отабек Иброҳимов бо фурӯ бурдани 17 дона санги майда талош кардааст, дар бемористон бистарӣ шавад ва ба ин тартиб аз адои хидмат раҳо гардад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, шароити начандон хуби қисмҳои ҳарбӣ ва "дедовшина" гоҳе боис мешавад, ки ҷавонон аз артиш фирор кунанд. Ҳарчанд мақомот шароит дар қисмҳои ҳарбиро беҳтар арзёбӣ карда, аз афзоиши сафи ихтиёриён ба хидмат хабар медиҳанд, баъзе ҷавонон бо роҳҳои гуногун аз рафтан ба артиш мегурезанд.

XS
SM
MD
LG