Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манучеҳр Шеровро ба даҳ сол зиндон маҳкум кардаанд


Манучеҳр Шеров. Акс аз ВКД
Манучеҳр Шеров. Акс аз ВКД

Манучеҳр Шеров, як сокини 36-солаи шаҳри Хоруғро бо иттиҳоми таҳқири намояндаи ҳокимият ва авбошӣ ба даҳ сол зиндон маҳкум кардаанд.

Раёсати умури дохилии Бадахшон хабар дод, ки ҳукм 15-уми апрел содир шуд. Мурофиаро раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯшон Зафар Бобизода баргузор кардааст.

Мавқеи Манучеҳр Шеров, вакили дифоъ ва ё наздиконаш маълум нест. Қаблан фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон Манучеҳр Шеровро шахсе хонда буданд, ки “ба зидди худсариҳои мақомоти интизомӣ ва беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон дар вилоят садо баланд мекард.”

Мақомоти интизомӣ Манучеҳр Шеровро ба як ҷанҷолу даъво бо кормандони мақомоти интизомӣ дар Хоруғ гунаҳкор кардаанд. Дар баёнияи Вазорати корҳои дохилӣ аз 31-уми марти имсол гуфта шуда буд, ки “ӯ 14-уми ноябри соли 2021 якҷо бо аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноии шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ҷамшед Шаъбонов ва дигарон дар посгоҳи маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ бо табар ҳуҷум карда, онҳоро захмдор кардааст.”

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз афроди бонуфузи минтақа, рӯзи 31-уми марти имсол дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин ҳодисаро тасдиқ кард, вале гуфт, “табар надоштанд”.

Фаъолони маданӣ дар Бадахшон, ки борҳо шоҳиди тазоҳуроти нооромӣ шудааст, маъмурони амниятӣ ва милисаро ба худсарӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, рафтори ғайриқонунии онҳо сабаби моҷарову занозанӣ мешавад. Мақомот мегӯянд, ин иддао беасос аст.

XS
SM
MD
LG