Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Блогерони тоҷик корро аз тарс бас мекунанд ё аз бепулӣ? ВИДЕО


Гапи Озод
  • Чаро баъзе аз блогерҳои тоҷик аз фаъолият даст мекашанд?
  • Сабаб "насиҳат"-и мақомот аст, танқиди мухолифон ё мушкили молӣ?
  • Айни замон чаро шикоят дар бораи кори блогерҳо зиёд аст?
  • Онҳо то чӣ ҳад дар инкишофи гуногунандешӣ ва ифшои камбудҳо мадад мекунанд?
  • Чӣ метавонад монеи боздошту таъқиби блогерҳо шавад?

Блогери тоҷик Далери Имомалӣ ва ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев меҳмони барномаи "Гапи Озод" ҳастанд.

Иқтибосҳо

Нуриддин Қаршибоев: "Аз блогерӣ даст кашидани баъзе муаллифон сабабҳои гуногун дорад. Метавонад фишори мақомот бошад ё тасмими хусусии онҳо. Вале, мутаассифона, мақомоти тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фазои шабакаҳои иҷтимоиро зери назорат дошта бошанд. Мақомоти ҳукуматӣ аз озодии баён ҳарос доранд."

Далери Имомалӣ: "Дар идораи милисаи шаҳри Ваҳдат ду соат маро нигоҳ доштанд. Мегуфтанд, оё мешавад, ки ин наворро пахш накунӣ ё видеои дигарро кӯтоҳтар кунӣ. Ё дар он мавзуъ бештар суҳбат кунӣ, ки ҳалли худро ёбад ё дар мавзӯи дигар аслан гап назанӣ. Ҳеч вақт таҳти таъсири онҳо намондаам."

Нуриддин Қаршибоев: "Як сабаби зери фишору таъқиби мақомот будани блогерҳо дониши ками ҳуқуқӣ доштани онҳост. Блогерҳо бояд ҳам ҳуқуқ ва ҳам уҳдадориҳои худро донанд. Ин муҳим аст. Фаъолияти блогерӣ дар қонунҳои Тоҷикистон шарҳу тафсир надорад."

Далери Имомалӣ: "Дар ҳоли ҳозир дарёфти маблағ барои блогерҳои тоҷик ба сифр баробар шудааст. Ширкатҳо дар Русия таблиғҳои худро дар Ютюб қатъ кардаанд. Маълум аст, бинандагони аслии мо муҳоҷирон ҳастанд. Дар Тоҷикистон даҳҳо барнома пахш кунӣ, реклама истифода намешавад. Даромади мо аслан аз ҳисоби муҳоҷирон дар Русия ва кишварҳои дигар аст. Фикр мекунам, шояд як сабаби аз фаъолияти блогерӣ даст кашидани баъзе муаллифон ҳамин бошад."

Барномаро дар инҷо бинед:

Блогерони тоҷик корро аз тарс бас мекунанд ё аз бепулӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:28:00 0:00

Барномаро дар Ютюб тамошо кунед:

XS
SM
MD
LG