Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як тоҷики дигар дар ҷанги Украина кушта шуд. ВИДЕО


Абубакр Нозимов афсари Русия буд, ки дар Украина кушта шуд.

Ҷасади як низомии тоҷиктабори артиши Русияро рӯзи 23-уми апрел дар шаҳри Барнаули ин кишвар ба хок супориданд.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Абубакр Нозимови 24-сола, рӯзи 12-уми апрел, дар шаҳри Харкови Украина кушта шудааст. Абубакр, рӯзи 15-уми феврал, барои ҷанг дар Украина сафарбар шуда буд.

"Афсарони баландпояи рус ба ҷаноза омаданд"

Дар чандин наворе, ки пайвандони ин сарбоз ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки дар маросими дафни ӯ афсарони баландпояи рус ширкат доранд. Пайвандони Нозимов гуфтанд, ки ҳамроҳи ӯ боз чанд низомии дигар низ кушта шудааст.

Ба қавли онҳо, ҳодиса замоне рух додааст, ки гурӯҳе аз сарбозони Русия барои ишғоли шаҳри Харков ва иҳота кардани аҳолии он ҳаракат мекарданд.

Абубакр Нозимов ҳамроҳи ду фармондеҳи гурӯҳи сарбозон дар сафи пеш будаанд ва аз зарби хумпора (минамёт) ба ҳалокат расидаанд. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ аз қафои сараш захм бардоштааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Як сарбози тоҷики артиши Русия дар ҷанги Украина кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Абубакр Нозимов, зодаи ноҳияи Ашти Тоҷикистон, пас аз хатми омӯзишгоҳи касбӣ ва гирифтани шиносномаи русӣ, аз соли 2018 ба хидмати ҳарбии шаҳри Новосибирски Русия рафта, ду соли охир тариқи шартномавӣ, бо рутбаи “сержант” дар қисми низомии шаҳри Самара фаъолият бурдааст.

Роҳи Абубакр аз Тоҷикистон то Украина

Пайвандонаш мегӯянд, ӯ дар сафи низомиёни рус соли 2020 ба муддати 5 моҳ дар машқгоҳи “Лоҳур”-и Тоҷикистон ҳам машқи низомӣ кардааст.

Ӯ пеш аз сафараш ба Украина як моҳ фармондеҳи қисми низомии 2120208-и шаҳри Маскав будааст.

Саноат Мадобидова, холаи ин сарбози кушташуда, дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Русия гуфт, Абубакр 7 соли охир зери парастории ӯ буд ва бо хоҳиши худ ба артиши Русия пайваст. Мадобидова мегӯяд, ҷиянаш писари ягонаи падару модар буд ва имсол ният доштанд ӯро оиладор кунанд.

Падару модари ин сарбоз низ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва барои дафни фарзандашон дар қабристони шаҳри Барнаул ризоият додаанд. Мақомоти низомии Русия ба оилаи онҳо ваъдаи кумак кардааст.

Гӯрҳои нав дар Тоҷикистон

Дафни Абубакр Нозимов дар ҳолест, ки дар қабристонҳои Тоҷикистон ҳам чандин гӯри нав аз ҳисоби сарбозони кушташудаи тоҷик дар ҷанги Украина пайдо мешаванд. Ахиран расонаҳо хабар доданд, ки Маҳмадалӣ Абдуллоев, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳам дар Украина ҳалок шудааст. Пайвандонаш аз интиқоли ҷасади ӯ ба Тоҷикистон хабар додаанд.

Ҷанги Русия бо Украина беш аз ду моҳ боз давом дорад.

Як нашрияи украинӣ чанде пеш рӯйхати низомиёни Русияро расонаӣ кард. Дар ин феҳрист номи наздик ба 6 ҳазор нафаре омадааст, ки аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар бораи наздик ба 100 нафари онҳо гуфта шудааст, ки зода ва парвардагони Тоҷикистонанд. Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро доранд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ ҷорист.

XS
SM
MD
LG