Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи як духтар дар Душанбе. Модар ба "афтоданаш" шубҳа дорад


Амина Мухторова. Аксро модараш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт
Амина Мухторова. Аксро модараш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт

Мақомот дар Тоҷикистон марги мармузи Амина Мухторова, донишҷӯйи 17-солаи Коллеҷи техникии Душанберо таҳқиқ доранд. Ҷасади ӯро шоми 25-уми апрел аз зери пули роҳи Душанбе-Бохтар, дар канори деҳаи Заркамари ноҳияи Рӯдакӣ, ёфтаанд. Мақомот эҳтимоли аз рӯйи пул афтодани ӯро месанҷанд, наздиконаш шубҳа доранд.

Сафармоҳ Комилова, модари Амина, рӯзи 28-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд лаҳза пеш аз ҳодиса бо духтараш тамос дошт. Ӯ афзуд, он шом духтараш аз донишгоҳ ба хонаи иҷораашон ба деҳаи Заркамар бармегашт, вале ногаҳон нопадид шуд.

"Лаҳза ба лаҳза ба зангҳо посух медод ва хаттӣ ҳаракаташро бароям мегуфт. Наздикии шом буд. Наомад. Дигар ба зангҳо ҷавоб надод. Касе телефонро хомӯш мекард. Дертар як нафар гӯширо бардошта, гуфт, ки духтаратон дар беморхона аст. Рафтем, ки духтарам фавтидааст," – нақл кард ӯ.

Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шоми 25-уми апрел сокинон ба онҳо занг задаанд, ки як духтар аз пул афтодааст. Як манбаъ аз ниҳод гуфт, маводи ибтидоиро ба додситонии ноҳия супурданд.

"Маълум нест, ки ӯ худашро партофтааст ё дар моҳи Рамазон сараш чарх зада афтодааст. Шоҳидон афтиданашро дидаанд. Прокуратура тафтиш дорад, вале ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ гуфта нашудааст," -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ мавзуъро шарҳ надоданд.

Пуле, ки ҷасади духтарро аз зери он ёфтаанд, тақрибан 8-10 метр баландӣ дорад. Аз онҷо об намегузарад.

Сафармоҳ Комилова ба фарзияи афтодан ё худашро партофтани духтараш бовар надорад ва мегӯяд, "ба ҷуз аз миён, дигар дар ҳеч ҷойи бадани ӯ осеб дида намешуд."

"Он рӯз хеле хурсанд буд. Ҳатто вақте шом занг мезадем, дар садояш ягон хастагӣ эҳсос намешуд. Барои мо муаммо аст, ки чаро се соат пас ба зангҳои мо дар телефони духтарамон посух доданд. Ҳарчанд ҳамон лаҳза ӯро бо телефонаш пайдо карда буданд," -- гуфт хонум Комилова.

Хонаводаи Амина аз деҳаи Деҳмалики ноҳияи Варзоб ҳастанд, аммо як сол боз дар ноҳияи Рӯдакӣ иҷоранишин будаанд. Модари Амина мегӯяд, ба хотири таҳсили духтараш ба ҷойи наздиктар ба макони таҳсили ӯ кӯчида буданд.

XS
SM
MD
LG