Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амриддин Аловатшоев ба 18 сол зиндон маҳкум шуд


Амриддин Аловатшоев

Амриддин Аловатшоев, як чеҳраи шинохта дар миёни ҷавонони Бадахшонро ба 18 сол зиндон маҳкум кардаанд. Муҳокимаи ӯ рӯзи 29-уми апрел сар шуд ва дар ҳамин рӯз ба поён расид. Тафсилоти ҳукм дастрас нест. Мақомот пештар Аловатшоевро ба "гаравгонгирӣ" ва "аз озодӣ маҳрум кардан" айбдор медонистанд. Тарафдоронаш пайваста ба бегуноҳии ӯ таъкид доранд.

Як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, баррасии парвандаи Амриддин Аловатшоев соати 14-и рӯзи 29-уми апрел дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и Душанбе оғоз шуда, "аллакай бегоҳӣ ҳукм содир шуд". Парвандаро додрасе аз Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ кардааст.

"Муҳокимаи парванда ҳамагӣ чанд соат тӯл кашид. Мо ҳайрон шудем, ки чунин иттиҳомҳои вазнинро чӣ гуна мумкин аст дар як рӯз баррасӣ карда, ҳукм содир намоӣ? Вакилони дифоъро дер хабардор карданд," -- гуфт манбаъ.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш фош шавад, Амриддин Аловатшоев гуё ба иттиҳоми эълонкардаи мақомот эътироф кардааст, вале маълум нест таҳти чӣ шароите. Тибқи иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ҳамаи наздикони Аловатшоевро ба Боздоштгоҳ роҳ надодаанд. Мақомот дар ин бора чизе намегӯянд.

Амриддин Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохта дар миёни зодагони ВМКБ дар Русия, 11-уми январи имсол дар Русия нопадид ва дар Тоҷикистон “пайдо шуд”. Мақомот танҳо 2-юми феврал боздошти ӯро дар Душанбе тасдиқ карданд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, Аловатшоев ба Тоҷикистон истирдод шуд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ эълон кард, ки Аловатшоев бо хоҳиши худ баргашт.

Пештар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз эҳтимоли шиканҷа шудани Аловатшоев нигаронӣ карда, хоҳони раҳоияш шуданд.

Амриддин Аловатшоев дар чанд наворе, ки тавассути мақомот нашру паҳн шуд, гуфта буд, сиҳату саломат аст ва касе ӯро “назадааст”. Маълум нест, наворҳо дар чӣ шароит сабт шудаанд. Ҳомиёну ҳуқуқ ва ҷонибдоронаш низ ба “табиӣ” будани изҳороти ӯ шубҳа карда, аз шиканҷа шуданаш шикоят доштанд.

Амриддин Аловатшоевро пас аз он боздошт карданд, ки дар тазоҳуроти зодагони ВМКБ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ширкат кард. Зодагони Бадахшон дар робита ба ҳодисаҳои охири моҳи ноябри соли 2021 дар назди сафорат эътироз карданд.

Шарҳҳоро бинед (17)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG