Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далери Имомалӣ, Бахтиёр Мирзоев ва Зеварбону Рауфӣ – барандагони озмуни Радиои Озодӣ. ВИДЕО


Далери Имомалӣ, Бахтиёр Мирзоев ва Зеварбону Рауфӣ

Радиои Озодӣ ғолибони озмуни "Сухане дорам"-ро муайян кард.

Ҷоизаи аввал ба блогери тоҷик Далери Имомалӣ барои силсилаи блогҳояш аз мушкилоти мардум ва ширкаташ дар баҳсҳои "Гапи Озод";

Ҷоизаи дувум ба Бахтиёр Мирзоев, омӯзгор аз шаҳри Душанбе барои пешниҳоди ҷолиби рушди дучархасаворӣ;

Ҷоизаи севум ба донишҷӯ Зеварбону Рауфӣ барои силсилаи блогҳояш аз ҳаёт ва андешаи ҷавонон тақдим шуд.

Филмсоз, ҳунарпеша ва рӯзноманигор Далери Имомалӣ, ки соли гузашта мақомоти Тоҷикистон ба ӯ иҷоза надоданд, хабарнигори Радиои Озодӣ шавад, даст ба фаъолияти озод зад ва ба як блогери муваффақи кишвар табдил ёфт.

Ӯ дар гузоришҳои худ масаъалаҳои муҳими ҷомеаро ба намоиш мегузорад ва ба ҳалли онҳо мадад мерасонад. Далери Имомалӣ ҳамчунин дар чанд барномаи Радиои Озодӣ, аз ҷумла “Гапи Озод”, ширкат намуд ва беҳтарин паёму андешаҳоро дар миён гузошт.

Барандаи ҷоизаи дувуми Радиои Озодӣ, омӯзгор аз шаҳри Душанбе Бахтиёр Мирзоев пешниҳод кард, ки дар шароити гароншавии сӯзишворӣ мардум бештар аз дучарха истифода кунанд. Ӯ аз таҷрибаи худ, ки ду сол ба ин сӯ ба ҳама ҷойи шаҳр бо дучарха меравад нақл кард.

Сухани ӯ дар рӯзҳое садо дод, ки мақомоти тоҷик дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байнулмилалии дучархарониро баргузор ва барои ин чанд рӯз бахше аз роҳҳои марказии шаҳрро баста буданд.

Рӯзноманигори ҷавон, дониишҷӯи донишгоҳе дар Фаронса Зеварбону Рауфӣ дар як силсила номаҳо ба ҳамсолонаш масъалаҳоеро матраҳ намуд, ки ҳаводорони зиёд пайдо намуданд.

Навиштаҳои ӯ саҳми ҷиддие барои рушди озодии сухан ва маърифати ҷомеа дониста шудаанд. Зеварбону аз даст задан ба масъалаи сахту душвор ҳарос надорад ва онҳоро аз диди як намояндаи насли ҷавон матраҳ намуда, суолҳоеро пеш мегузорад, ки зеҳни ҳамсолонашро такон медиҳанд.

Радиои Озодӣ пирӯзони озмуни “Сухане дорам”-ро шодбош мегӯяд:

Ҷойи якум – видеокамераи нимаҳирфаӣ

Ҷойи дувум – навтарин намуди планшет

Ҷойи cеюм – телефони ҳушманд

Эълони номи барандагони озмуни Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Ин озмуни беҳтарин суханон буд дар мавзӯи озод. Шартҳое эълон шуда буданд, ки корбарон ҳар чизеро, ки муҳим медонанд ва он бояд ба гӯши ҷаҳониён расад ва ба инсонҳои дигар мадад кунад, пешниҳод намоянд.

Гуфта мешуд, ин метавонад изҳори дард бошад ё хурсандӣ, машварату насиҳат ба дигарон ё таҷрибаи бобарори Шумо, мушкили худу ҳамсоягон ё дастоварди онҳо, пешниҳоде барои беҳбуди рӯзгори мардум ё норозигӣ аз ягон қонуншиканӣ, хулоса, ҳар чизе, ки фикр мекунед, дигарон бояд аз он бохабар бошанд. Сухани ҳақ, созанда ва ибратбахш.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG