Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил мегӯяд, Путин барои изҳороти Лавров дар бораи яҳудиён "узр" хост


Пас аз чаҳор рӯзиизҳороти тунд ва бесобиқаи вазири корҳои хориҷии Русия, ки гуфт, "бузургтарин яҳудиситезон яҳудӣ будаанд" ва "Гитлер ҳам хуни яҳудӣ дошт", Исроил мегӯяд, раисҷумҳури Русия дар тамоси телефонӣ бо нахуствазири ин кишвар Нафталӣ Беннет аз ӯ "маъзарат" хостааст.

Дафтари нахуствазири Исроили шаби 5-уми май эълон кард, ки Владимир Путин дар тамоси телефонӣ бо Нафталӣ Беннет, нахуствазири Исроил, ба хотири изҳороти Сергей Лавров "бахшиш хост" ва Нафталӣ Беннет "ин бахшишро пазируфтааст".

Баёнияи дафтари нахуствазири Исроил афзудааст, Нафталӣ Беннет аз Путин ба хотири "рӯшан кардани мавқеи Русия дар баробари миллати яҳуд ва ёдбуди Ҳолокост", сипосгузорӣ кард. Путин дар ин тамос, ки бо дархости ӯ анҷом шуд, ҳафтоду чаҳорумин солрӯзи ташкили Исроилро низ ба Нафталӣ Беннет табрик гуфтааст.

Кремл дар баёнияи худ дар бораи ин тамоси телефонӣ ҳарчанд ба "бахшишхоҳӣ"-и Путин ишора накардааст, афзудааст, ки ду раҳбар бар манфиатҳои муштарак ва тақвияти муносибатҳои дӯстона миёни Русия ва Исроил таъкид кардаанд.

Путин дар солрӯзи таъсиси Исроил бо раиси ҷумҳури Исроил низ телефонӣ сӯҳбат карда ва гуфтааст, ки муносибатҳои Русия ва Исроил бар "дӯстӣ ва эҳтироми дутарафа" устувор аст.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи якуми май дар мусоҳиба бо телевизиони Итолиё дар посух ба ин суол, ки чӣ гуна Русия метавонад, кишвареро, ки раҳбараш яҳудӣ аст, аз "фашистон пок созад" иддао кард, ки худи Адолф Гитлер ҳам хуни яҳудӣ доштааст.

Лавров дар мусоҳиба бо телевизиони Rete 4 гуфт: "Ӯ (Зеленский) ваҷҳ (далел, асос, ҷиҳат) меорад, ки ӯ яҳудӣ аст ва чӣ гуна мо фашизм дорем. Шояд хато кунам, вале Адолф Гитлер ҳам хуни яҳудӣ дошт. Ин ҳеч аҳамият надорад. Мардуми хирадманди яҳудӣ мегӯяд, сарсахттарин яҳудиситезон, маъмулан яҳудиён ҳастанд."

Ҳамаи мақомоти баландпояи Исроил изҳороти Лавровро маҳкум карданд ва ниҳодҳои гуногуни яҳудӣ ва марказҳои ёдбуди Ҳолокост дар Исроил ва ҷаҳон алайҳи он баёния содир одир карданд.

Йаир Лапид, вазири умури хориҷии Исроил гуфт, ба унвони касе, ки бобояш ба дасти фашистон дар Ҳолокост кушта шудааст, таъкид дорад, ки яҳудиён ва украиниҳо фашист набуданд, балки нозиҳо ҷинояткороне буданд, ки бо ҳадафи нобуд кардани қавми яҳуд даст ба куштори систематик ва ҳадафманд заданд. Вазири корҳои хориҷии Исроил таъкид карда буд, ки Русия бояд аз Исроил ва яҳудиён бахшиш бихоҳад.

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Русия як рӯз баъд аз дархости Йаир Лапид, дар баёнияи сахттаре гуфт, ки ҳамин изҳороти вазири корҳои хориҷии Исроил нишон медиҳад, ки чаро Исроил ба режими Киев кӯмак мекунад.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷи Русия дар баёнияи дигаре иддао кард, ки "зархаридони исроилӣ бо ташкили дастаҳо ба неофашистони Украина кӯмак мекунанд". Хонум Захарова афзуда буд, ки "наворҳои видеоӣ ва мустанадҳо дар бораи ҳамкорӣ миёни зархаридони исроилӣ ва неофашистони Украина мавҷуд аст".

Ба гузориши расонаҳои Исроил, акнун, ки Путин аз ин кишвар ба хотири ҳамлаҳои яҳудиситезонаи Лавров бахшиш хостааст, ҳукумати Исроил талош мекунад, ки ба миёнҷингарӣ дар ҷанги Русия алайҳи Украина оғоз кунад.

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар 70 рӯзи пеш, Нафталӣ Беннет бо истифода аз муносибатҳои наздик бо Зеленкский ва Путин талош карда буд, ки нақши миёнаравро бозӣ кунад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG