Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро дигарандешон дар Тоҷикистон бекору берӯзӣ мемонанд? ВИДЕО


Мухолифини тоҷик мегӯянд, дар ватан онҳоро аз кор ҳам маҳрум кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Мухолифини тоҷик мегӯянд, дар ватан онҳоро аз кор ҳам маҳрум кардаанд

Даҳҳо ҳуқуқшинос, ҳомиёни ҳуқуқ, олимону рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ба далели, ба истилоҳ, дар “рӯйхати номатлуб”-и мақомоти тоҷик қарор доштанашон наметавонанд ҷои кор пайдо кунанд.

Ин чӣ гуна рӯйхат аст, кӣ ва барои чӣ ба он дохил шудааст ва муҳимтар аз ҳама - ин афрод чӣ гуна зиндагӣ мекунанд? Ҳамкорони мо аз Телевизони Настояшее время бо чанде аз ин нафарони барои мақомот “нохушоянд ” сӯҳбат доштанд.

Доктори илм, муаллифи китобҳои дарсӣ, вале бекор

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ бо садхо мақолаҳои илмии нашршуда дар даҳҳо кишварҳои ҷаҳон, сездаҳ монография ва китобҳои дарсӣ дар Тоҷикистон наметавонад кор пайдо кунад. Ӯ муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст, ки расонаҳои маҳаллӣ онро охирин иттиҳодияи сиёсии воқеан мухолифи кишвар меноманд.

Бо вуҷуди ҳама дастовардҳо, Шокирҷон Ҳакимов дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои давлатии кишвар ба кор қабул намешавад. Ҳатто, соҳибкорони хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ӯро ба кор қабул намекунанд. Ба гуфтаи Ҳакимов, ҳарф сари он меравад, ки дар Тоҷикистон, ҳар касе, аз режими кунунӣ интиқод намуда, тасмимҳои ҳукумат ва сарвари давлатро баррасӣ мекунад, “бегона” мешавад.

“Дар ҳамоҳангӣ бо роҳбарияти сиёсӣ ба ҳамаи мактабҳои олии кишвар, аз ҷумла ба Академияи илмҳо кадом як дастуре фиристода шудааст. Вақте мо муроҷиат мекунем, дар аввал мисле ин ки барои ба кор қабул кардан ва ҳамкорӣ намудан иҷозат медиҳанд, вале пас аз муддате, онҳо ишора мекунанд, ки мусоҳобаҳо, суханронӣ ва ё сафар доштани ман ба ҷое, барояшон мушкил офаридааст. Яъне ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мақомот як принсип доранд: “Ҳар кӣ бо мо нест, зидди мост!”,--мегӯяд Ҳакимов.

Рӯйхати сиёҳ

Ба қавли рӯзноманигор Азиз Накибзод, ӯ низ ба истилоҳ ба "рӯйхати сиёҳи мақомот" шомил аст. Ӯ тӯли солҳои фаъолияташ дар нашрияи мустақили "Озодагон" дар бораи сохторҳои мухталифи қудрати Тоҷикистон садҳо мақолаи интиқодӣ нашр кардааст. Рӯзноманигор пас аз баста шудани ин хабаргузорӣ, на аз рӯи ихтисос ва на дар дигар бахшҳо ҷои кор пайдо карда натавонист ва маҷбур шуд, ки ба тиҷорати хурд машғул шавад, то худ ва хонаводаашро таъмин кунад.

Вакили дифоъ, Шӯҳрат Қудратов, барои фаъолиятҳои ҳуқуқи башар ва адвокатияш тақрибан чаҳор солро дар зиндон сипарӣ кард. Ӯ соли 2018 ба озодӣ баромад. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар парвандаи зидди Қудратовро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид. Ҳуқуқшиноси варзида баъди озод шуданаш дар ватан кор пайдо карда натавонист ва маҷбур шуд, ки ба Русия ҳиҷрат намояд. Ҳоло ӯ дар Русия кору зиндагӣ мекунад.

“Чаро мақомот маро чап гирифтанд? Пеш аз ҳама, ин фаъолияти касбии ман ҳамчун ҳуқуқшинос аст. Чун он замон ман ба ҳимояи афроде пардохтам, ки ба ҳукумат писанд набуданд. Ба ибораи дигар ман аз шахсоне дифоъ мекардам, ки бо сабабҳои сиёсӣ нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Ман корамро софдилона ва поквиҷдонона анҷом додам ва ин ба мақомоти тафтишотие, ки парвандаҳои ҷиноиро пеш мебурдаанд, хуш наомад,”—гуфт ӯ.

Шеваи бархӯрд бо танқидгарон дар Тоҷикистон

Стив Свердлов, ҳомии ҳуқуқи башар, мегӯяд, имкони пайдо накардани ҷои кор танҳо яке аз усулҳои таъсиррасонӣ ва дар асл аз кишвар берун андохтани он нафароне аст, ки ба худ ҳар гуна интиқод ё мухолифат бо сиёсати Душанбеи расмиро иҷоза медиҳанд. Свердлов итминон медиҳад, ки дар Тоҷикистон садҳо маҳбуси сиёсӣ ба сар мебаранд ва даҳҳо нафар ба далели таъқиб маҷбур ба тарки кишвар шудаанд. Дар пасманзари онҳо чунин қазияҳо аз назарҳо дур мемонанд, аммо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ин ҳолатҳоро сабт ва пайгирӣ мекунанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, пайдо кардани кор на танҳо барои афроде, ки ба мақомот “нофоранд”, балки барои наздиконашон низ мушкил аст.

“Ин яке аз усулҳои хомӯш кардани садоҳои интиқодӣ, маҳв кардани мухолифон аст. Дар ниҳоят, аз байн бурдани зиёниёни қишри миёна. Ин дар воқеъ фишор овардан аст. Як занги хадамоти махсус ва ишораи онҳо ба дилхоҳ кордиҳанда кофист, ки ин мард ва ё ин зане, ки мақомотро интиқод мекунад, ба кор қабул нашавад. Албатта, ин усули бозмонда аз замони Сталинӣ мебошад,”—гуфт Свердлов, ҳомии ҳуқуқ.

Ба таъкиди Стив Свердлов, мубориза бурдан бо дигарандешон ба мақомоти Тоҷикистон паёмади хуб намеорад. Ӯ изҳори умедворӣ мекунад, ки дар Душанбе ба дарки ин масъала мераванд ва барои ислоҳи хисороти ворида ба кишвар бо ҳомиёни ҳуқуқи башар вориди муколама мешаванд.

XS
SM
MD
LG