Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сояи ҷанги Русия дар Украина бар Рӯзи Ғалаба. ВИДЕО


Сарбозони рус ҳангоми тамрини омодагӣ ба паради ҳарбӣ

77 сол пеш дар ин рӯз Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони нозӣ ғалаба кард. Дар бисёр кишварҳои собиқ Шӯравӣ аз ҷумла Русия 9-уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Вале ҳамлаи Русия ба Украина имсол болои Рӯзи Ғалаба соя андохтааст. Бархеҳо ҳамлаи бедалели Русия ба Украинаро ба юриши Олмон болои Шӯравӣ ташбеҳ медиҳанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки то куҷо ба қиёси ҳамлаи Русия ба юриши Олмон розианд. Посухҳои сокинонро дар инҷо бихонед:

-Ҳамлаи Русия ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ монанд аст, ҳатто аз он бадтар аст. Барои украинҳо ин ҷанги сеюми ҷаҳон аст.

-Аз ҷиҳати бандерҳо гирем монанд аст. Бандерҳо ҳам мисли фашистҳо буданд.

-Инхел ҳодисаҳоро ман шарҳ намедиҳам.

"Ҳозир ягон раҳму шафқат нест"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

-Монанд аст, лекин дар давраи Шӯравӣ раҳму шафқату инсоф буд. Ҳозир ягон раҳму шафқат нест.

- Русия бар зидди миллатгароён мубориза мебарад.

-Ҳамин айнан ҳамон ҷанг аст. Лекин ин ҷанг чӣ даркор?

-Гитлер бидуни эълон ба Шӯравӣ ҳамла кард. Аммо Путин пешакӣ эълон карда, ба Украина ҳамла кард.

-Барои мо куҷое бошад тинҷӣ бошад хуб. Мисли ватани мо тинҷ бошад хуб. Аҳволи мардумро дар Украина мебинем раҳмамон меояд.

Аксари ҳамсуҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе тасдиқ карданд, ки хабарҳо дар бораи ҳамлаи Русияро аз телевизиони русӣ тамошо мекунанд. Дар расонаҳои зери идораи мақомоти Русия далели ҳамла ба Украина “мубориза бо миллатгароён” ном бурда мешавад.

Неруҳои Русия субҳи 24-уми феврал бо фармони президент Владимир Путин ба Украина ҳамла карданд. Ин ҷанг боиси кушта шудани садҳо низомиву ғайринизомӣ ва сарсон шудани беш аз 12 миллион украинӣ шуд. Поёни ҷанг ҳанӯз номаълум аст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG