Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ба деҳқон халал нарасонед.” Лағви консерти чанд сароянда дар Панҷакент


Консерти Фирӯза Ҷумъаниёзова, сарояндаи узбекистонӣ ва Зиёвиддини Нурзод, сарояндаи тоҷик дар Панҷакент лағв шуд.

Дар шаҳри Панҷакент баргузории чанд консерти овозхонҳои саршиноси узбеку тоҷикро иҷоза надодаанд.

Дар ин бора сокинону созмондиҳандагони барнома хабар доданд ва мақомоти шаҳр сабаби манъ шудани консертҳоро “халал” нарасонидан ба “корҳои саҳроӣ” номиданд.

Консерти сарояндаҳои узбек ва тоҷик баргузор нашуд

Дастикам чор барномаи ҳунарии овозхонҳои шинохтаи Тоҷикистону Узбекистон Фирӯза Ҷуманиёзова, Нигина Амонқулова, Зиёвиддини Нурзод ва Сурайё Абдуллоева дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бекор шуд. Пештар эълону огаҳӣ ва таблиғашон дар маркази шаҳр насб гардида буд.

Манучеҳр Ҷумъаев, продюсер ва ташкилкунандаи барномаи консертии Фирӯза Ҷумъаниёзова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар охирин лаҳза аз мақомот чунин дастур гирифтаанд. Қарор буд, ин барнома рӯзи 9-уми май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент барпо шавад. “Ҳоло ҳамаи чиптаҳои фурухтаамонро баргардонида истодаам,”--афзуд Ҷумъаев.

Як моҳ боз эълону таблиғоти ин овозхони ҳамсоякишвари Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гӯшаву канори шаҳр мечархид.

Айни чунин барномаи консертии Зиёвиддини Нурзод, сарояндаи шинохта, рӯзи 7-уми май ва овозхони дигар бо номи Сурайё Абдуллоева рӯзи 8-уми май дар Кохи Фарҳанги ин шаҳр баргузор нашуд. Зиёвиддин дар суҳбати кутоҳи телефонӣ гуфт, ки “ҳамроҳи мутрибон омодагӣ гирифта будем ва пеш аз сафар ба Панҷакент аз манъи баргузории консертамон огоҳ шудем. Ман танҳо даъватӣ будам ва корҳои ташкилӣ ба души дигарон буд.”

Додари Нигина Амонқулова шарҳ надод

Ширинёд Амонпур, ташкилкунандаи барномаи консертии Зиёвиддин ҳам мегӯяд, масъулони Кохи Фарҳанги шаҳр дархост карданд, ки ин барномаҳоро ба моҳи дигар гузаронанд. Зарнигор Қиёмова, мудири Кохи Фарҳанги шаҳр гуфт, ки баргузор нашудани ҳамаи ин барномаҳо ба “кори деҳқонон” рабт дорад.

Барномаи консертии Нигина Амонқулова рӯзи 23-уми май дар варзишгоҳи шаҳр баргузор намешавад. Хусрав Амонқулов, мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳри Панҷакент ва бародари Нигина Амонқулова аз шарҳи бештари ин мавзӯъ худдорӣ кард.

Санъат Тоҳирзода, роҳбари Дастгоҳи шаҳри Панҷакент гуфт, “азбаски ҳамин моҳ дар шаҳри Панҷакент киштукори баҳорӣ ҷараён дорад, аксари ин барномаҳоро хоҳиш кардем, ки ба моҳи дигар гузаронанд. Бе ин ҳам моҳи май чорабиниҳои давлативу ҳукуматӣ зиёданд ва мардум вақт намеёбанд, ки дар аксари он иштирок кунанд. Аз санаи 5-уми июн баргузории чунин барномаҳоро иҷоза додаем”.

Баргузор нашудани барномаҳои консертӣ солҳои ахир бештар ба эҳтиёт аз коронавирус пайванд дода мешуд ва қабл аз он чунин ҳолатро ба “рӯйхати сиёҳ”-и чанде аз овозхонҳои саршинос бастагӣ медоданд. Аммо ин бори аввал аст, ки мақомоти як шаҳр барои “корҳои саҳроӣ” монеъи барномаҳои ҳунарӣ шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки ҷалби ҳазорон нафар ба барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла сафари президент ба минтақа ба корҳои саҳроӣ халале нарасондааст.

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG