Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд


Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон. Акс аз моҳи апрели соли 2022

Мақомоти амниятии Қириғизистон 11 сокини деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро бо ҷурми “убури ғайриқонунии марз” боздошт намудаанд.

Боздошти онҳо ду ҳафта пеш сурат гирифтааст, вале мақомоти тоҷик расман ин хабарро шарҳ надодаанд.

Як сокини деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, бидуни зикри номаш, рӯзи 13-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ду ҳафта гузашт, вале аз сарнавишти онҳо дараке нест.

Ба қавли ӯ, “онҳо ҳар субҳ мерафтанду дар кони ангишт кор мекарданд ва шаб боз ба хонаҳояшон бармегаштанд, вале аз рӯзи 29-уми апрел ба ин тараф нопадид шудаанд.”

Дар дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов, рӯзи 13-уми май, ин хабарро тасдиқ карданд, вале аз шарҳи ҷузъиёти ин боздошт худдорӣ намуданд.

Расонаҳои Қирғизистон бо такя ба хабари Кумитаи амнияти милии Қириғизистон навиштаанд, ки 11 сокини ҷамоати Қурғончаро рӯзи 29-уми апрел боздошт кардаанд ва онҳоро ба боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ интиқол додаанд.

Мақомоти қирғиз гуфтаанд, ки гуиё шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ дар анбори ангишти шаҳри Сулуктаи Қирғизистон кор мекардаанд. Нисбат ба онҳо бо моддаи 378 Кодекси ҷиноӣ, яъне “убури ғайриқонунии марз” парванда боз намудаанд.

Пас як як муноқишаи марзӣ дар охири моҳи апрели соли гузашта муносибати Тоҷикистону Қирғизистон ба сардӣ гароид. То ин дам, ду ҷониб дар дохил ва хориҷ, аз ҷумла Русия, чандин шаҳрванди кишварҳои ҳамсояи хешро боздошт кардаанд. Аксари коршиносон, дар гузашта, ин боздоштҳоро сиёсӣ номида буданд.

Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки бар сари муайяну аломатгузории марз ба мувофиқат намерасанд. Дар деҳоти наздимарзӣ зуд-зуд муноқишаи сокинон ва марзбонони ду тараф сабт мешавад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG