Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Иштироки беш аз 320 ҳазор кас дар рӯзи дав дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯнд, дар рӯзи дав, ки 15-уми май дар саросари кишвар баргузор шуд, беш аз 320 ҳазор нафари син ва касбашон гуногун иштирок кардаанд. Ин маърака ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки 23-юми май таҷлил мегардад, бахшида шуд.

Дави миллӣ бори аввал 20-уми майи соли 2007 баргузор шуда буд.

Дар дави имсола, ки бори 15-ум доир гашт, дар шаҳри Душанбе беш аз 45 ҳазор нафар ширкат варзиданд. Инчунин, дар марафони велосипедронӣ ё дучархасаворӣ беш аз 1300 нафар иштирок карданд.

Рӯзи дав ва марафони велосипедронӣ дар масири маҳаллаи Чорбоғ – "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт, ки масофаи 10 километрро ташкил медиҳад, баргузор шуд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Профессор Аҳмад Абдуллоев даргузашт

Аҳмад Абдуллоев дар овони ҷанги дохилии Тоҷикистон ба зодгоҳаш дар Узбекистон кӯчид

Профессор Аҳмад Абдуллоев, муҳаққиқи адабиёти форсу тоҷик, дар 86-солагӣ дар Узбекистон даргузашт. Дар ин бора рӯзноманигор Мирасрори Фарғонӣ рӯзи 24-уми июн дар саҳифааш дар "Фейсбук" хабар дод.

Абдуллоев солҳои 1980 бо мақолаҳои ҷасуронааш дар нашрияи "Маориф ва маданият"-и зери раҳбарии Бӯринисо Бердиева дар Тоҷикистон шуҳрат дошт. Ҳадаф аз онҳо бедории миллӣ, арҷгузорӣ ба таърих, забон ва фарҳанги миллии тоҷикон буд.

Ӯ бо сар задани ҷанги шаҳрвандии 1992-97 аз Тоҷикистон ба зодгоҳаш дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон рафт ва солҳои охири умрашро дар онҷо гузаронд.

Бахши суханшиносӣ ё филологияи тоҷикро дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз асос гузоштааст. Асари "Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ"-ро соли 2013, дар авҷи сардии равобити Тоҷикистону Узбекистон, бо забони тоҷикӣ дар Тошканд нашр кард.

Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм карда, дар Академияи илмҳо ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор кардааст.

Бино ба маълумоти "Википедияи тоҷикӣ", асосан ба адабиёти қарнҳои 11-12 ва намояндагони он – Адиб Собири Тирмизӣ, Заҳири Форёбӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва дигарон – таваҷҷуҳ дошт. "Девони Адиб Собири Тирмизиро соли 2001 омода ва нашр кард," – омадааст дар "Википедия".

Фарзанди ӯ, доктори илм Масрури Абдуллоҳ, солҳои охир дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа мекунад. Пештар дар созмони "Интернюс" ва Донишгоҳи славянии Тоҷикстону Русия фаъолият дошт.

Президенти пешини Туркманистонро ба додгоҳ кашиданд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти пешини Туркманистон.

Шаҳрвандони Туркманистон, ки дар Туркия паноҳанда ҳастанд, президенти пешини худ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва як қатор мансабдоронро ба додгоҳ кашидаанд.

Онҳо президенти пешини Туркманистон ва мансабдрони кишвари худро ба нақзи ошкорои ҳуқуқи инсон айбдор кардаанд.

Вакили дифои паноҳандаҳои туркман Гюлден Сонмез бо нашри як видео дар Интернет хабар дод, ки зидди Бердимуҳаммадов, вазири умури хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ва вазири умури дохилии он кишвар Муҳаммад Хидиров 21 июн ба додгоҳи шаҳри Истамбули Туркия расман шикоят карда шудааст.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, президенти пешин ва мансабдорони баландпояи Туркманистон ба нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла “боздоштҳои ғайриқонунӣ, муҷозоти бидуни додгоҳ ва шиканҷаи дастгиршудаҳо” айбдор мешаванд.

Вазири савдои Қазоқистон гуфт, гароншавии шакар ногузир аст

Вазири савдои Қазоқистон Бахт Султонов гуфт, гароншавии нархи шакар дар он кишвар ногузир аст.

"Бештари маҳсулотҳое, ки аз воридот вобаста ҳастанд, ба монанди шакар, хоҳед ё нахоҳед, нархи он гарон мешавад. Нархи шакар дар ҷаҳон гарон шудааст ва яке аз кишварҳои содиркунандаи шакар - Русия содироти онро маҳдуд кардааст ва ин бетаъсир нахоҳад монд", - изҳор доштааст Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, Қазоқистон аз кишварҳои хориҷ 100 ҳазор тонна шакар дархост кардааст ва дар ҳоли ҳозир 350 ҳазор тонна шакар захира намудааст.

Қазоқистон дар пасманзари камчин шудани шакар аз 23 май содироти онро ба муҳлати шаш моҳ манъ кардааст.

Дар Узбекистон "Стелс-омикрон" ошкор шудааст

Мақомоти Узбекистон яке аз намудҳои коронавирусро бо номи "Stealth-Omicron BA.2" ошкор кардаанд, ки хеле зуд паҳн мешавад.

Дар ин бора сардори Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон Баҳодур Юсупалиев рӯзи 23 июн дар суҳбат бо хабаргузории УзА иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, давоми як ҳафтаи ахир шумори мубталоён ба навъи мазкури коронавирус афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла 20 июн 87 кас, 21 июн 82 кас ва 22 июн 98 кас ба он мубтало шудааст.

Намуди "Stealth-Omicron BA.2" бо номи "стелс-омикрон" маъруф аст ва ҳоло дар аксари кишварҳои ҷаҳон ошкор гаштааст.

Ҳайатҳои порлумонии кишварҳои туркзабон вориди Бишкек шуданд

Ҳайатҳои порлумонӣ ба роҳбарии раиси Маҷлиси Қазоқистон Ерлан Кошанов ва раиси Маҷлиси миллии Озарбойҷон Соҳиба Ғафарова 23-юми июн вориди шаҳри Бишкек шуданд.

Муовини раиси порлумони Қирғизистон Улан Примов худи ҳамон рӯз ҳайатҳои дигарро таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси олии Туркия Мустафо Шентоп ва раиси Маҷлиси олии Узбекистон Танзила Норбоева ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон, ин ҳайатҳо дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи порлумонии кишварҳои туркзабон иштирок хоҳанд кард.

Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи порлумонии кишварҳои туркзабон 24 июн дар Иссиқкӯли Қирғизистон оғоз хоҳад шуд.

Номи сафири нави эҳтимолии Амрико дар Душанбе маълум шуд

Мануэл Миколлер дар гузашта дар сафорати Амрико дар Душанбе ҳам кор кардааст.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико яке аз дипломатҳои собиқадорро номзад ба мақоми сафири кишвараш дар Тоҷикистон пешбарӣ кардааст.

Дар баёнияе, ки Кохи Сафед рӯзи 22-уми июн нашр кард, омадааст, ки раиси ҷумҳур Байден қасд дорад, Мануел Миколлер, ки ҳоло ба ҳайси муовини сафири Амрико дар Непал кор мекунад, ҳамчун намояндаи кишвар ба Тоҷикистон бифристад.

Мануел Микколер, дар гузашта дар сафоратҳои Амрико дар Муғулистон, Марокаш ва ҳамчунин Тоҷикистон кор кардааст ва яке аз мақомҳои баланд дар вазорати умури хориҷии Амрикоро ҳам доштааст.

Дар сурати тасвиби номзадиаш дар Конгресси Амрико Мануэл Макколер, ки забони форсиро медонистааст, ҷойгузини Ҷон Марк Поммершайм мешавад, ки аз моҳи январи соли 2019 то кунун сафири Амрико дар Тоҷикистон аст.

Генерали қазоқро бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир кардаанд

Акс аз бойгонист.

Дар Қазоқистон сардори собиқи Хадамоти марзбонӣ генерал Дархон Дилманов ва чанде аз зердастони собиқашро бо иттиҳоми фасоду ришвахорӣ дастгир кардаанд.

Кумитаи Амнияти Миллӣ рӯзи 22-уми июн гуфт, боздошт бар асоси парвандаи сӯистифода аз мақом ҳангоми назорати воридоти молу коло аз марзи Қазоқистону Чин сурат гирифтааст. Дархон Дилмановро, ки муовини раиси Кумитаи Амнияти Миллӣ буд, моҳи апрели имсол аз мақомаш барканор карданд.

Чанд рӯз пештар аз ин Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, як ширкати боркашӣ, ки хоҳари раиси ҷумҳури пешин Нурсултон Назарбоев яке аз муассисонаш аст, ҳангоми интиқоли мол аз марзи Қазоқистону Чин “чандин ҷиноят” содир кардааст. Кумитаи Мубориза Бо Фасодкорӣ ҳам дар он замон гуфт, ки Эрбол Назарбоев, яке аз ҷиянҳои раиси ҷумҳури собиқро ҳам аз мақомаш барканор кардаанд.

Баъди тазоҳуроти маргбор дар моҳи январи имсол дар Қазоқистон, раиси ҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев аз президенти пешин Назарбоев ва атрофиёни ӯ фосила гирифт. Назарбоев соли 2019 аз мақомаш канор рафт ва Тоқаевро ҷойгузини хеш баргузид.

Дар Брюссел сарнавишти Украинаву Молдоваро баррасӣ мекунанд

Нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ду рӯз идома мекунад.

Қарор аст, раҳбарони Иттиҳоди Аврупо имрӯз дар шаҳри Брюссел ба нишасте оғоз кунанд, ки тасдиқи мақоми номзадии Украина ва Молдова дар ин иттиҳод аз масоили аслии он аст.

Нишаст рӯзҳои 23 ва 24-уми июн сурат мегирад ва ба назар мерасад, ки ҳеч яке аз 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо мухолифи қарори мазкур нест. Интизор меравад, ки ба Гурҷистон, яке дигар аз муштоқони узвият дар Иттиҳоди Аврупо бигуянд, ки бояд барои гирифтани мақоми номзад чанд шарту шароити дигареро иҷро кунад. Дар тарҳи эъломияи ниҳоии эъломия омадааст, ояндаи Украина ва Молдова ва шаҳрвандони онҳо дар Иттиҳоди Аврупо нуҳуфта аст.” Тарҳи эъломияро Радиои Озодӣ дид.

Қарори бесобиқаи Иттиҳоди Аврупо дар замоне қабул мешавад, ки Украина зери ҳамлаҳои сахти Русия мондааст, ки рӯзи 24-уми феврал ҷанги бедалелеро ба зидди ҳамсояааш оғоз кард ва сабаби ҳалокати ҳазорон нафару вайрониҳои зиёд шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз талафот дар Афғонистон андӯҳгин шудааст

Дар натиҷаи заминларза на камтар аз 1000 нафар ҳалок шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба хонавода ва наздикони қурбониёни зилзилаи Афғонистон ҳамдардӣ кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 23-юми июн дар вебсайти худ навишт, "ба намояндагӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки ҳодисаи заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон, ки бар асари он теъдоди зиёди сокинони ин минтақаҳо фавтида ва хисороти зиёди моддиро ба бор овардааст, моро сахт андӯҳгин кард".

"Тасаллияти амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагони ин заминларза баён менамоем",-омадааст дар идомаи ин нома.

Дар ин номаи тасаллияти ҳукумати Тоҷикистон номе аз Толибон, ки айни ҳол қудратро дар даст доранд, бурда нашудааст. Дар ҳоли ҳозир ҳеч яке аз кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносанд.

Дар урфи дипломатӣ ҳам номаҳо ба ҳукуматҳои эътирофшуда аз сӯи СММ фиристода мешаванд ва зоҳиран ба ҳамин далел, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мустақиман ба пайвандони қурбониёни зилзила тасаллият гуфтааст.

Бар асари зилзилаи ду рӯзи пеш дар Афғонистон беш аз 1000 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 1500 захмӣ шудаанд. Бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳо хостори кӯмак ба зилзилазадагони Афғонистон шуданд.

Сардори пешини Хадамоти марзбонии Қазоқистон боздошт шуд

Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар додааст, ки сардори пешини Хадамоти марзбонии он кишвар Дархон Дилманов ҳамроҳи шуморе аз мансабдорони собиқи ин ниҳод боздошт шудааст.

"Дар доираи тафтишоти пешакии ҳолатҳои сӯиистифода аз мансаб дар гузаргоҳҳои марзии Қазоқистону Чин собиқ муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ – сардори хадамоти марзбонӣ, генерал-лейтенант Дилманов Д.А., майор Н.Арисбоев ва мансабдорони пешини дигари шуъбаҳои хадамоти мазкур 22 июн дастгир гаштанд", - омадааст дар иттилоияи расмии Кумитаи амнияти Қазоқистон.

Дархан Дилманов моҳи апрели соли равон аз мақоми муовинии раиси Кумитаи амнияти миллӣ - сардори Хадамоти марзбонии Қазоқистон барканор шуда буд.

Ӯ дар ин мақом аз моҳи июли соли 2015 ифои вазифа мекард. Вай соли 2020 бо фармони президенти Қазоқистон рутбаи генерал-лейтенантро соҳиб шуда буд.

Бонки миллии Қирғизистон норасоии доллари нақдинаро шарҳ дод

Бонки миллии Қирғизистон эътироф кардааст, ки дар бозори асъори ин кишвар ҳолатҳои норасоии доллари нақдина мавҷуд аст ва бинобар ин, наметавонанд талаботи мардум ба онро пурра таъмин кунанд.

Ин изҳороти бонк дар посух ба муроҷиатҳои сокинон барои гирифтани маблағ аз низомҳои байналмилалии интиқоли пул нашр шудааст.

Ба гуфтаи масъулони бонк, норасоии доллари нақдина ба далели "амалиётҳои шахсони алоҳидаи ҳуқуқӣ ва воқеие пеш омада, ки доллари ғайринақдиро ба Қирғизистон ворид карда, дар бонкҳои дохилии кишвар нақдина мекунанд ва дубора ба берун интиқол медиҳанд".

Амалиётҳои мазкур гӯиё бо мақсади ба даст овардани даромади ҳаннотӣ аз ҳисоби фарқияти қурби байни рублу доллар мебошад. Бинобар ин, баъзе аз бонкҳои Қирғизистон маҷбур шудаанд, аз хидматрасонӣ ба муштариён дар робита ба дарёфти маблағ аз низомҳои интиқоли байналмилалӣ даст кашанд.

Дар Туркманистон зидди бонувони ронанда "рейд" шуруъ шудааст

Пулиси шаҳри Туркманбошии вилояти Балкани Туркманистон назорати ронандагии занҳоро пурзӯр кардааст.

Нозирони роҳи ин шаҳр бонувони ронандаро боз дошта, бо баҳонаҳои гуногун ҳуҷҷати ронандагии онҳоро мегиранд ва мошинҳояшонро ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ мебаранд.

Чандин зани ронанда аз Балкан, ки нахостан номашон зикр шавад, дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, як ҳафта мешавад, алайҳи занони ронанда дар ин минтақа "рейд" ҷараён дорад.

"Нозирони роҳ баҳона пеш меоранд, ки дар мошин дастгоҳи иловагӣ насб шудааст, вале ҳеч гуна қарор ё қонунеро нишон намедиҳанд, ки онро манъ кунад. Бо чунин баҳонаҳо ҳуҷҷатҳои даҳҳо занро гирифтаанд", - гуфт як бонуи ронанда.

Порлумони Қирғизистон аз бозшавии қиморхонаҳо ҷонибдорӣ кард

Порлумони Қирғизистон.

Порлумони Қирғизистон 22 июн баъди чаҳор бори раъйгирӣ қонуни баҳсбарангези додани иҷозат ба фаъолияти қиморхонаҳоро дар он кишвар қабул кард.

Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон, аз ҷумла аъзои ҷиноҳи "Бутун Кыргызстан" дар раъйгирӣ барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба нишони эътироз иштирок накарданд.

Раъйгирии порлумонӣ дар робита ба қабули ин қонун чаҳор бор ба ҳам зад ва раиси порлумони Қирғизистон Талант Мамитов баъди раъйгирии чаҳорум, ки 5 вакил аз иштирок дар он низ даст кашиданд, лоиҳаро қабулшуда номид.

Мухолифони боз шудани дари қиморхонаҳо дар Қирғизистон субҳи 22 июн дар назди бинои порлумони он кишвар ба нишони эътироз ҷамъ шуда, аз вакилони порлумон хостанд, қонун дар бораи додани иҷозат ба фаъолияти қиморхонаҳоро қабул накунанд.

Дар Қирғизистон аз 1 январи соли 2012 қонуне мавриди амал қарор дорад, ки ташкили қиморбозиро манъ мекунад.

Узбекистон рахнашавии садди обанбори Тупалангро рад кард

Ҳаҷми обе, ки аз обанбори Тупаланг дар вилояти Сурхандарёи Узбекистон берун мешавад, субҳи 22 июн якбора афзоиш ёфтааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон дар ин бора хабар дод. Аммо ин ниҳод афзуда, ки сабаби афзоиши якбораи об дар ҳоли ҳозир номаълум аст.

Ба иттилои вазорат, обанбор тавони нигаҳдории 400 миллион метри мукааб обро дорад ва дар ҳоли ҳозир ҳаҷми оби он ба 378 миллиону 870 ҳазор метри мукааб мерасад.

"Корҳо барои кам кардани ҳаҷми обе, ки ба тамомияти обанбор осеб нарасондааст, идома дорад", - омадааст дар хабари вазорат.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари рахнашавии садди обанбори мазкур ва зери об мондани минтақаҳои наздик ба он нашр шуда буд.

Финландия омодааст, дар сурати ҳамла бо Русия биҷангад

Сарбозони финландӣ. Акс аз бойгонӣ.

Сарфармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Финландия генерал Тимо Кивинен гуфт, артиши ин кишвар омодааст, дар сурати ҳамла бо Русия биҷангад.

Ба гуфтаи ӯ, Финландия тӯли даҳсолаҳо омодагии худро ба ҷанге, ки ҳоло дар Украина рух медиҳад, нигаҳ доштааст. Кивинен ҳамчунин таъкид карда, ки ҳатто пас аз пайвастан ба НАТО низ масъулияти аслии дифои кишвар ҳамоно бар души худи финландиягиҳо хоҳад буд.

Кивинен афзудааст, Финландия лавозимоти муҳими ҳарбиро дорад, аммо омили асосие, ки зарбаи таҷовузгарро пас мегардонад, ангезаи баланди низомиёни кишвараш аст. "Украина барои Русия як қитъаи хеле сахт шуд ва Финландия низ чунин хоҳад буд", - изҳор доштааст генерал.

Финландия дар солҳои 1940-ум ду бор бо Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг карда, дар натиҷа панҷяки қаламрави худро аз даст додааст, вале тавонист истиқлолияти худро ҳифз кунад. Дар ин ду ҷанг ҳудуди 100 ҳазор сокини Финландия кушта шудааст.

Тазоҳуроти мухолифони бозшавии дари қиморхонаҳо дар Қирғизистон

Мухолифони боз шудани дари қиморхонаҳо дар Қирғизистон субҳи 22 июн дар назди бинои порлумони он кишвар ба нишони эътироз ҷамъ шуданд.

Тазоҳургарон, ки ҳудуди 20 нафар ҳастанд, аз вакилони порлумони Қирғизистон талаб доранд, то қонуни баҳсбарангез дар бораи додани иҷозат ба фаъолияти қиморхонаҳоро қабул накунанд.

Порлумони Қирғизистон 11 майи соли равон баррасии лоиҳаи қонунеро оғоз кардааст, ки фаъолияти қиморхонаҳоро дар он кишвар иҷозат медиҳад. Лоиҳа ҳамчунин иҷозати қиморбозии онлайниро низ дар он кишвар пешбинӣ кардааст.

Дар Қирғизистон аз 1 январи соли 2012 қонуне мавриди амал қарор дорад, ки ташкили қиморбозиро манъ мекунад.

Украинаву Молдоваро ба Иттиҳоди Аврупо "роҳ медиҳанд"

Тарҳи ниҳоии эъломияе, ки мумкин аст, сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо қабул кунанд, нишон медиҳад, ки ба Украина ва Молдова мақоми номзад ба узвият дар ин хонаводаи аврупоӣ дода мешавад.

Дар тарҳи эъломия аз рӯзи 21-уми июн, ки Радиои Озодӣ ҳам онро дид омадааст: ”Шӯрои Аврупо қарор кард, ки ба Украина ва Молдова мақоми номзад дода шавад”. Аммо ба Гурҷистон гуфтаанд, ки барои гирифтани мақоми узвият дар Иттиҳодияи Аврупо бояд чанд меъёру муқаррароти дигарро иҷро кунад.

Дар эъломия ҳамчунин омадааст: “Ояндаи ин кишварҳо ва шаҳрвандони онҳо дар Иттиҳоди Аврупо нуҳуфта аст.” Тамоми 27 кишвари узв бояд ин қарорро дастгирӣ кунанд ва зоҳиран ба он мухолифате нахоҳад шуд. Жан Асселборн, вазири умури хориҷии Люксембург қабл аз нишасти вазирони кишварҳои узв дар Брюссел гуфт, “ягон кишвари узв бо қарори мазкур мушкилӣ надорад.”

Қарори бесобиқаи Иттиҳоди Аврупо дар замоне қабул мешавад, ки Украина зери ҳамлаҳои сахти Русия мондааст, ки рӯзи 24-уми феврал ҷанги бедалелеро ба зидди ҳамсояааш оғоз кард ва сабаби ҳалокати ҳазорон нафару вайрониҳои зиёд шуд.

Дар Узбекистон як корманди давлатӣ худро ба дор овехтааст

Акс аз бойгонӣ.

Ҷасади як корманди ҳукумати ноҳияи Боёвути вилояти Сурхандарёи Узбекистонро дар утоқи корияш овезон пайдо кардаанд.

Дар додситонии Сурхандарё гуфтанд, мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии ҳукумати Боёвут Т.Б. 13 июн ба далели мушкилоти шахсӣ худро дар утоқи корияш ба дор овехтааст.

Додситонии ноҳия ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон навиштаанд, ки ин хидматчии давлатии Боёвут қурбони қиморбозӣ шудааст. Вале ҷузъиёти бештар надодаанд.

Русия барои муҳосираи неруҳои украинӣ саъй дорад

Северодонетск дар рӯзи 14-уми июн.

Неруҳои Русия бомборони сахти Донбасро идома медиҳанд, то охирин ҳалқаҳои муқовимат дар шаҳрҳои Лисичанск ва Северодонетскро дар вилояти Луганскро муҳосира кунанд.

Айни замон талафот аз ҳарду тараф зиёд мешавад. Сергей Гайдай, сардори раёсати низомии ҳукумати Луганск гуфт, неруҳои украинӣ дар шаҳри Лисичанск зери ҳамлаҳои азиму беамони Русия қарор доранд. Ӯ дар саҳифааш дар Телеграм навиштааст:”Онҳо ҳамачизро нобуд мекунанд. Онҳо биноҳоро вайрон карданд ва мутаасифона талафот ҳаст.”

Вазорати дифои Бритониё дар хабарномаи ҳаррӯзааш дар бораи ҷанги Украина рӯзи 22-уми июн гуфт, натиҷаи ҷанг эҳтимолан ба қудрати тарафҳои даргир дар ҷалби воҳидҳои иловагӣ ба ҷабҳа вобаста хоҳад буд.

Вазорат гуфтааст, ки ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия дар Донетск талафоти фавқуллода зиёде додаанд. Вазорат омори ҷудоиталабон дар бораи талафотро нашр кардааст, ки гуфтаанд, 2100 сарбозашон талаф ёфта ва 8900 нафар захмӣ шудаанд, ки 55 дар сади тамоми неруҳои ҷудоиталабонро ташкил медиҳанд.

Ба иддаои вазорати дифои Бритониё, неруҳои Русия ҳам, ки аз 25-уми март инҷониб доир ба талафот дар байни сарбозон омор намедиҳад, шояд сарбози зиёдеро аз даст додаанд.

Заминларзаи қавӣ 255 нафарро дар Афғонистон куштааст

Ба гуфтаи мақомоти Толибон заминларза 250 нафарро куштааст.

Заминларзаи бештар аз 6 дараҷаӣ дар вилояти Пактикои Афғонистон сабаби марги на камтар аз 255 нафар шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Бохтар” рӯзи 22-уми июн хабар дод.

Мақомоти вазорати умури дохилии Толибон дар суҳбат бо хабаргузории “Ройтерс” бо тасдиқи ин хабар гуфтаанд, ки садҳо нафари дигар дар натиҷаи ин фалокат захм бардоштаанд. Як мақоми дигари вилояти Пактико ба Би Би Си гуфтааст, ки дар заминларза камаш 250 нафар ҷон додаанд. Аз талафот дар вилояти шарқии Нангарҳор ва Хӯст ҳам гузориш мерасад.

Ба гуфтаи “Бохтар” маъмурони наҷот барои кумак бо чархбол ба маҳалли ҳодиса шитофтаанд. Фалокат дар замоне рух медиҳад, ки Афғонистони таҳти ҳукумати Толибон ҳамчунон дар инзивои байналмилалӣ аст. Толибон баъди тарки неруҳои Амрико ва ҳампаймонҳояш аз Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дигарбора ба қудрат баргаштанд. Идораи Зилзиласанҷии Амрико гуфт, ки заминларза бо неруи 6.1 дараҷа субҳи 22-уми июн бахшҳое аз Афғонистону Покистонро такон додааст.

Марказҳои зилзиласанҷии Аврупо ва Олмон неруи заминларзаро 6 дараҷа гуфтаанд. Бино ба гузориши Идораи Зилзиласанҷии Амрико маркази заминларза дар 46 километрии шаҳри Хӯст дар ҷанубушарқи Афғонистон ва дар умқи 51 километр будааст. Заминларзаро дар Покистону Афғонистону Ҳинд ва аз ҷумла Тоҷикистон ва бештар аз 119 миллион нафар эҳсос кардаанд.

Расонаҳо: Ҳайатҳои Русия, Туркия, Украина ва СММ дар Истамбул гуфтугӯ мекунанд

Интизор меравад, намояндагони Русия, Украина, Туркия ва СММ ҳафтаи оянда дар шаҳри Истамбул гуфтугӯ кунанд. Нашрияи туркии "Milliyet" бо истинод ба манбаъҳои худ навиштааст, ки дар ин гуфтугӯ масъалаи содироти гандум аз Украина баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳайати гуруҳҳои гуфтугӯкунанда дар ҳоли ҳозир маълум нест. Нашрия навиштааст, ки эҳтимол дорад, дар он президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ва дабири кулли СММ Антониу Гутерриш иштирок кунанд.

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков тасдиқ кардааст, ки бо Туркия дар робита ба содироти гандум аз Украина тамосҳо ҳастанд ва гуфтугӯҳо низ дар ин бора тавассути вазорати дифои Русия сурат хоҳад гирифт.

Дар хадамоти матбуотии СММ дақиқ нагуфтанд, гуфтугӯ кадом рӯз сурат мегирад. Ҷониби Украина низ ин хабарро шарҳ надодааст.

Украина чорумин кишвари содиркунандаи ғалла дар ҷаҳон аст ва соли 2021 қариб 45 миллион тонна ғаллаву донагӣ фурӯхтааст. Он имрӯз ба далели баста будани бандарҳояш наметавонад 22 миллион тонна гандуми худро содир кунад.

Шаҳрванди Қазоқистон барои тазоҳурот алайҳи ҷанг дар Украина ҷарима шуд

Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва шаҳрванди Қазоқистон Владимир Чувиловро бар асоси моддаҳои “беобрӯ кардани артиши Русия” ва “вайрон кардани қоидаҳои баргузории тазоҳурот”, 70 ҳазор рубл ҷарима кард.

Дар ин бора лоиҳаи ҳомии ҳуқуқи "ОВД-Инфо" хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Қазоқистон ҳамчунин ба нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор мешуд, вале вакили дифоъ тавонистааст, бегуноҳии ӯро дар ин бора собит кунад.

Владимир Чувиловро 19 июн дар Майдони сурхи Москва дастгир карданд. Ӯ дар даст лавҳае бар зидди ҷанг дар Украина тазоҳуроти инфиродӣ баргузор кард.

Қазоқистониҳо зидди ҳамлаи Русия ба Украина дар кишвари худ низ борҳо тазоҳурот карда буданд. Эътирозҳо бидуни иҷозати мақомот баргузор шуда, бо боздоштҳо анҷомиданд.

Дар Андиҷон қотили ду кудаки ноболиғро дастгир карданд

Акс аз бойгонӣ.

Додситонии кулли Узбекистон хабар додааст, ки дар робита ба куштори ду кудак дар Андиҷон як хеши наздики модари онҳо боздошт шудаааст.

Зани гумонбар дар куштор гуфтааст, оилааш аз пушти модари кудакон вайрон шуд ва ӯ ҳамчунин намехост хонаи онҳоро тарк кунад.

Расонаҳои маҳаллии Узбекистон бо истинод ба додситонӣ навиштаанд, гумонбар сокини ноҳияи Избоскани вилояти Андиҷон аст ва кудакон, духтарчаи 7-сола ва писарбачаи 10-сола ҳамроҳи модарашон дар хонаи ӯ зиндагӣ мекарданд.

Зан 16 июн аз набудани модари кудакон ва нобиноии модарбузурги худ истифода карда, кудаконро барқасдона куштааст ва ҷасади онҳоро дар зери фарши айвони хона пинҳон кардааст.

Гумонбар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Бародари президенти собиқро ба "ғасби моликият" муттаҳам карданд

Болат Назарбоев

Оҷонси назорати молии Қазоқистон мегӯяд, як соҳикбори маҳаллӣ ба ин ниҳод шикоят кардааст, ки Болат Назарбоев, бародари президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев, ширкати ӯ - "Karuan"-ро "ғасби рейдерӣ" кардааст.

Дар оҷонс гуфтанд, шикояти соҳибкор Какенов Н., ки 17-уми июн қабул шуд, мавриди таҳқиқ қарор гирифта, натиҷааш эълом хоҳад гашт.

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки зидди Болат Назарбоев ва ҳамсари пешинаш Майра Курмангалиева бо гумони "ғасби рейдерӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Дар бораи шахсияти бародари раисҷумҳури собиқи Қазоқистон сару садо зиёд аст. Мардум хеле барвақт мегуфтанд, ки Болат Назарбоеви 68-сола бозорҳои бузурги хӯрокворӣ, либос ва ҳатто мошинро дар шаҳри Алмаато ва атрофи он зери назорат дошт.

Аммо ба назар мерасад, ки дороиҳои бародари Назарбоев дар Қазоқистон танҳо бо бозорҳову марказҳои савдо маҳдуд намешуд. Насаби ӯ дар рӯйхати соҳибон ва мансабдорони ширкатҳои давлатӣ, ҳадди ақал дар ҳуҷҷатҳои Биржаи фондии Қазоқистон, пайдо шудааст.

Болат Назарбоев соли 2000 узви шӯрои мудирони ширкати “Казахмис” шуд. Ин корхонаи бузургтарини истеҳсоли мисро дар Қазоқистон расман ба Владимир Ким мутааллиқ медонанд (Forbes сарвати ӯро 4,6 миллиард доллар арзёбӣ кардааст), вале мухолифин ба Болат Назарбоев пайванд медиҳанд. Дар як пажӯҳиши Маркази таҳқиқоти ҷиноятҳои созмонёфта ва фасод (OCCRP), Владимир Ким "шахси боварноки Назарбоев" номида шудааст.

Сатҳи фақр дар Қирғизистон аз 25 то ба 38 дарсад боло рафтааст

Акс аз бойгонӣ

Вакили порлумони Қирғизистон Ойбек Осмонов гуфт, сатҳи фақр дар ин кишвар аз 25 то ба 38 дарсад боло рафтааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии порлумони Қирғизистон, Осмонов дар ин бора рӯзи 20-уми июн дар ҷаласаи кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ, амният ва муҳоҷират изҳори назар кардааст.

Ӯ гуфта, ки ин маълумоти СММ аст ва хостори таъсиси ҷойҳои корӣ дар Қирғизистон шудааст.

Пештар гузоришгари вижаи СММ дар умури фақр ва ҳуқуқи башар Оливе де Шуттер аз Қирғизистон боздид карда, бо талошҳои ҳукумати ин кишвар барои аз байн бурдани фақр ошно шуда буд.

Вай гузориши худро аз натиҷаи боздидаш ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар моҳи июни соли 2023 пешниҳод хоҳад кард.

Қирғизистон дар раддабандии фақиртарин кишварҳои ҷаҳон, ки аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ таҳия мешавад, дар ҷои 60-ум қарор дорад. Бар асоси он, 53 дарсади аҳолии Қирғизистон зери хатти фақр ба сар мебаранд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG