Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Толибон нагузоштанд, ки Карзай ба берун равад


Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай

Расонаҳо рӯзи 15-уми май гузориш доданд, ки Толибон монеи сафари Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон, ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шудаанд.

Карзай бояд барои иштирок дар маросими дафни Халифа бин Зоид ал-Наҳён, раҳбари пешини Иморот, ба он кишвар мерафт.

Манобеи наздик ба Ҳомид Карзай ба баъзе аз расонаҳо тасдиқ кардаанд, ки Толибон ба ӯ иҷозаи сафар надоданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, гуфт, хабарро таҳқиқ мекунанд.

Абдулло Абдулло, раиси пешини иҷроияи ҳукумати Афғонистон, ки то чанде пеш дар Кобул мезист, дар аввали моҳи май ба назди хонаводааш ба Ҳиндустон рафт. Вай то ҳанӯз ба Афғонистон барнагаштааст.

XS
SM
MD
LG