Шоира Зулқайнарова, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар дувумин рақобати худ дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар шаҳри Истамбули Туркия пирӯз шуд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард.
Шоира рӯзи 15-уми май дар даври ҳаштякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни то 63 кило бар Ҳаидун Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ дастболо шуда, ба чорякфинал баромад.
Аз ин пеш ӯ дар даври муқаддамотӣ бар Нура Ал-Мутаирӣ аз Кувайт пирӯз шуда буд. Рақиби муштзани тоҷик дар даври чорякниҳоӣ, ки имрӯз, 16-уми май, доир мегардад, Парвин аз Ҳиндустон мебошад.
Вале варзишгари дигари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50 кило дар қувваозмоии дувумаш аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа мағлуб гашт. Руҳафзо дар даври аввал бар Айда Санталла аз Боливия пирӯз шуда буд.
Қаблан дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ду варзишгари тоҷик - Сумайя Қосимова (-48 кг) ва Миҷгона Самадова (-57 кг) – ноком шуданд. Сумайя дар даври аввал қувваозмоиро ба Севда Асенова (Булғористон) бохт. Миҷгона Самадова, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) шикаст хӯрд.
Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар шаҳри Истамбули Туркия, ки 9-уми май бо ширкати 310 варзишгар аз 73 кишвар шуруъ шуд, то рӯзи 21-уми май идома меёбад.
Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло, 100 ҳазор доллар мегиранд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.
Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон соли 2001 дар шаҳри Скрэнтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бриҷтоун (Барбадос), Синҳуандао (Чин), Ҷеҷу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона (Қазоқистон) ва Улан-Удэ (Русия) мизбони мусобиқаи ҷаҳонӣ буданд.
Зимнан, ягона медали Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Мавзуна Чориева соли 2012 дар шаҳри Синҳуандаои Чин ба даст овардааст. Ӯ дар вазни то 60 кило медали биринҷӣ гирифтааст.
Баъди чанде мешавад гусола- гов Вой к-ин гусолача гове нашуд Гург ин дафъа дар пустини меш омада аст.
Мулорачаб акнун фахмиди камерахои ту дар дасти ки будааст ??? Афсонаро бинед ки боз онхо аризаи туро кабул кардаанд. 🤣🤣🤣 Макомот хамаи корашон спектакл будааст ку . Дар урфият бехуда нагуфтаанд : Хар шом ки ояд, зи паси он сахаре аст. Дуруги макомот дер напоид . Воры в законе - мегуянд шуморо ! Рушод медуздану боз худатро гунахкор мебароранд.
Гап дар сари гаронии НАРХИ махсулот НЕСТ балки дар чайби ТИХИ-м мардуму НОТАВОН будани ХАРИДОРИ-и мардум аст...масъалан бигирем дар Аврупо як чувт чуроб 5 евро НАРХ дорад азбаски аврупои маоши муносиби зиндагиашро МЕГИРАД бари вай як чуфт чуроб 5 евро киммат НЕСТ ва у ин чуробро БЕМАЛОЛ харидопри мекунад...бояд МАОШ ба сабади истимоли МУВОФИК бошад!!!
Хело афсонаи дуру дарози бе маъне! Хабарнигорони радиои Озоди барои дар назди хочагони худ, худро нишон додан хар афсонаи бе маънеро дар бораи ФР. чоп мекунанд. Озоди вактхои охир завки кас барои хондани маколахои бе маънии Шумо намеояд. Хохишмандам чоп кунед.
Проблема дар логистика аст, яъне шабакаи аз истеҳсолкунанда то истеъмолкунанда расидани маҳсулот мураттаб нест. Хусусан, ин камбуди дар шаҳри Душанбе баръало аён мегардад, ки набудани низоми савдои ғайристансионари нархи маҳсулоти кишоварзиро беасос зиёд менамояд. Баъди иваз шудани роҳбарияти шаҳр сатҳи идоракунӣ хеле паст шуд, зеро дар дастаи ҷавони шаҳрдорон малакаи касбӣ кофӣ нест ва чунин ҳолат ба ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти маишии сокинон таъсири манфӣ мерасонад.