Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд Фирдавс Абдурауфзода, ҳуқуқшиноси Ҳукумати шаҳри Исфараро боздошт кардааст. Дар ин бора манбаъҳои Радиои Озодӣ аз ин шаҳр иттилоъ доданд. Намояндагони оҷонсӣ боздошташро на тасдиқ карданд ва на рад. Рӯзи дақиқи боздошти Абдурауфзода маълум нест, вале бархе аз ҳамкоронаш гуфтанд, ки беш аз ду ҳафта боз ба кор намеояд.
Сабаби расмии боздошти ӯ низ рӯшан нест. Эҳтимол Фирдавс Абдурауфзодаро бо гумони “қаллобӣ” ё “гирифтани ришва” дастгир кардаанд. Дар Ҳукумати шаҳри Исфара омода нашуданд дар ин бора сӯҳбат кунанд. Аммо нафарони огоҳ аз қазияи боздошти ӯ гуфтанд, ки нисбаташ чанд сокини шаҳри Исфара ба мақомот шикоят бурдааст. Шикояти аслии онҳо ба додугирифти маблағ рабт дорад.
Ба хабарнигори Радиои Озодӣ муяссар шуд бо баъзе аз шикоятгарон сӯҳбат кунад, вале ба сабаби халал нарасондан ба рафти тафтишот аз ошкор кардани шахсияти онҳо худдорӣ карда мешавад (Ному насаби онҳо ба Радиои Озодӣ маълум аст). Барои мисол А.М. як сокини ҳамин шаҳр гуфт, ки тақрибан панҷ сол боз Фирдавс Абдурауфзода маблағи гирифтаашро барнамегардонад. “Ба маблағи 135 ҳазору 478 сомонӣ маҳсулоти сохтмонӣ гирифта дода будам, зеро Фирдавс Абдурауфзода гуфта буд, ки дар як ҳафта пулашро медиҳад. Ин ҳолат соли 2021 буд, «як иншоотро бояд сохта супорем» гуфт. «Имрӯз медиҳам, пагоҳ медиҳам» гуфта ана соли 2025 шуд. Чанд бор рафтам, занг мезадам, баъзан ба телефон ҷавоб намедод. Баъд маҷбур шудам аз болояш ба мақомот муроҷиат кунам”.
Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ду нафари дигар гуфтанд, баъди боздошти Фирдавс Абдурауфзода яке аз додараш «50 ҳазор сомонӣ» ва дигаре «35 ҳазор доллар» қарзашонро баргардонида тавонистаанд.
Аксари ҳамсӯҳбатон намегӯянд, ки чаро маҳз ба ӯ пул додаанд ё чӣ робитае байни онҳо буд. Вале дар рафти мусоҳиба баъзе аз онҳо гуфтанд, ки солҳо боз аз нагирифтани замини наздиҳавлигӣ ранҷ мекашанд ва дар ин бора бо ӯ сӯҳбатҳо доштанд.
Назари Фирдавс Абдурауфзода ва пайвандону вакили мудофеаш ба ин қазия маълум нест. Дар сурати дастрас шудани назари онҳо ба матлаби зерин илова карда мешавад. Вале ба иттилои як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки хост исмаш нашр нашавад, мавзӯи муолиаи онҳо ба «гирифтани замини наздиҳавлигӣ» рабт дошт, вале «кушиш мекунам гуфту, натиҷа надод».
Дар Идораи Оҷонсии зидди фасоди вилояти Суғд ба пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин бора посух надоданд ва гуфтанд, ки танҳо дар сурати муроҷиати хаттӣ метавонанд ба ин мавзӯъ рӯшанӣ андозанд.
Фирдавс Абдурауфзода қаблан дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Исфара кор мекард.
Дар гузашта чанд ҳодисаи бо гумони вайрон кардани қонун ба ҷавобгарӣ кашида шудани мансабдорон дар Ҳукумати шаҳри Исфара ва дигар масъулони мақомоти давлатии ин шаҳр расонаӣ шудааст.
Гуфтугӯ