Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва Путин навсозии артиши Тоҷикистонро баҳс карданд


Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД. Маскав, 16-уми майи 2022
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД. Маскав, 16-уми майи 2022

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш Владимир Путин, ки се моҳ боз даргири ҷанг дар Украина ва дучори таҳримҳои зиёди байнулмилалист, дар Маскав мулоқот кардааст.

Бино ба хабари Кремлин, ӯ 16-уми май гуфтааст, мехоҳад, ҷараёни иҷрои таҷдид ё азнавсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва вазъ дар сарҳади Афғонистонро баррасӣ кунад.

Русия соли 2012, пас аз дароз кардани муҳлати истодани Пойгоҳи 201-ум навсозии артиши Тоҷикистонро ба уҳда гирифта буд.

"Ҳамчунин тайёрам, дар бораи масъалаҳои муҳими байнулмилалӣ ва минтақаӣ суҳбат кунам," – гуфтааст Раҳмон ба Путин, вале тафсилоташ дастрас нест, ки ду ҷониб ба чӣ натиҷа расиданд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар бораи мулоқот кӯтоҳ гуфтааст, ки тарафҳо "авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя – Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд."

Раисҷумҳури Русия кишварашро ҳамоно шарики муҳими Тоҷикистон номида, аз афзоиши додугирифту Душанбеву Маскав ситоиш намудааст.

Путин ҳамзамон гуфтааст, "албатта, чанде пеш телефонӣ дар бораи вазъи минтақа суҳбат доштем. Вазъ мураккаб мемонад. Мехоҳам, фикри Шуморо донам, ки дар ояндаи наздик барои таҳкими амният дар минтақа чӣ кор кардан зарур аст."

Суҳбат дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СПАД (ОДКБ) ва ҳафтае баъд аз он сурат гирифт, ки шохаи "Хуросон"-и гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ эълон кард, ба хоки Тоҷикистон ҳафт мушак сар додааст.

Мақомоти расмӣ гуфтанд, тирҳо тасодуфан ба хоки Тоҷикистон гузаштаанд, аммо нерӯҳои марзбониро ба ҳоли омодабоши пурраи ҷангӣ дароварданд.

XS
SM
MD
LG