Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тандурустии Қирғизистон гуфт, ки амниятиҳо аз ӯ чӣ пурсиданд


Вазири ҳифзи тандурустии Қирғизистон
Вазири ҳифзи тандурустии Қирғизистон

Олимқодир Бейшеналиев, вазири ҳифзи тандурустии Қирғизистон, рӯзи 16-уми май гуфт, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ду маротиба ӯро бозпурсӣ кардаанд.

Рӯзи 12-уми май кормандони КДАМ як гумонбарро ба порагирӣ боздошт ва вазирро ҳам бозпурсӣ кардаанд.

Вазир гуфт, пизишкони ноҳияи Ҷет-Оғузи вилояти Иссиқкӯл барои як чорабинӣ довталабона 1200 доллар ҷамъ овардаанд. Кумитаи

"Бигзор маро боздошт кунанд, агар мехоҳанд. Ман гуноҳе надорам. Барои чӣ зиндонӣ мекунанд - барои он ки духтаракро ба волидонаш расонидам? Ё барои он ки он 1200 долларро нагирифтам?" - гуфт вазир.

Бейшеналиев афзуд, кормандони кумита дар ноҳияи Ҷети-Оғуз ӯро дар назди мардум таҳқир кардаанд.

Вазир гуфт, ки айни замон дар Олмон дар як сафари хидматӣ қарор дорад ва то рӯзи 1 июн барнамегардад.

XS
SM
MD
LG