Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нома аз Фаронса: "Магар талаби адолат дар Помир гуноҳ аст?"


Хоруғ, 16-уми майи 2022

Зеварбону Рауфӣ, хабарнигори ҷавон

Дуруд ҳаммеҳани азиз,

Шаб буд. Ба тамошои моҳгирифтагӣ, яъне ҳамон моҳи сурх, ба бом баромадам. Хостам, акси гирифтаамро дар шабакаи иҷтимоӣ бигузорам, ки чашмам ба хабари тазоҳуроти ҷавонони Бадахшон бархӯрд. Ҳамон лаҳза диққати хос надодам. Дар Фаронса тақрибан ҳар моҳ як ё ду бор ба сабабҳои гуногун гирдиҳамоию тазоҳурот баргузор мешавад.

Фикр мекунам, на танҳо дар инҷо, балки дар ҳар кишвари демократию ҳуқуқбунёд ва ҳар ҷое, ки озодии андешаву баён аз тарафи қонуни асосии он кишвар кафолат дода шудааст, баргузории тазоҳурот амре маъмулист.

Вақте ба утоқам баргаштам, ҳисси нигароние маро фаро гирифт. Ба саҳифаи расонаҳои кишвар сар задам, то иттилои бештаре дар ин бора пайдо кунам. Радиои Озодӣ хабар медод, ки ҳангоми тазоҳурот се кас захмӣ ва ба бемористон бурда шудаанд.

Наворе ҳам буд, ки дар он садои таркиши гази ашковар ба гӯш мерасиду анбуҳе аз ҷавонон дар ҳоли давидан буданд ва аз ҳар ҷо дуд ба ҳаво баланд мешуд. Дар фосилаи замонии начандон дуре, хабари шуме пахш гашт. Боз як ҷавон қурбонии бархӯрди нодурусти мақомоти дахлдор ва ҳукумати кишвар шуд.

Тамоми хушию ҳаяҷоне, ки ба хотири дидани моҳи сурх доштам, зуд аз байн рафт. Дигар танҳо чизе, ки ҳис мекардам, андӯҳи амиқ буд.

Мутаассифона, аз шарқ то ғарб, аз шимол то ҷануби кишварамон борҳову борҳо бо ноадолатию қонуншиканиҳое аз ин қабил мувоҷеҳ будаву ҳаст. Аммо ба назар мерасад вақте тарафи муқобил (чун мушкилоти марзии Ворух) бегонагон бошанд, ҳама мекӯшанд, каму беш садо баланд кунанд, аз ҳаммеҳанонашон дифоъ намоянд, ба хотири ҳимояти марзу буму якдигарашон ҷонҳои хешро сипар созанд. Лек чун мавзуъ ҳодисаи дохилист, дар симои ҳамдигар душмани хонагӣ меҷӯянд.

Ҷое дар миёни шарҳҳо хондам, ки нафаре мегуфт, “ин амалашон ғайриқонунӣ аст, охир. Митинг карда метавонем гуфта, баъд баромадан мегиред.”

Бо худам гуфтам, агар як нафар ин қадар қотеъона чунин назаре дораду онро менависад, лобуд далеле ҳам барои он дошта. Пас, кӯшидам он далелро дар зеҳнам бисозам. Ҳар чӣ кардам, афсӯс, натавонистам далеле ҷуз надоштани огоҳии кофӣ аз қонуну дарки дурусти воқеаҳо аз тарафи он шахс, пайдо кунам.

Ҳоло худамро ба гунае муваззаф медонам, то ба он нафар бигӯям оё хуни Шумо сурхтар аз хуни як ҷавони бадахшонист? Оё озодии Шумо боарзиштар аз озодии як сокини Бадахшон аст? Агар мабодо рӯзе модари Шумо доғи фарзандашро бибинад, оё ғуссаи ӯ пурсӯзтар аз ғуссаи модарони доғдидаи Бадахшон аст? Гумон намекунам!

Дархостҳое, ки мардуми Бадахшон доштанду доранд, баҷо ва қабл аз пешниҳод санҷидашуда буданд. Яъне, ҳеч кадом берун аз қонуну қоида ё берун аз адолату инсофи инсонӣ набудаву нест. Аҳолии ҳар минтақае аз Тоҷикистон дар сурати норозӣ будан аз фаъолияти ин ё он раиси шаҳру идораҳо ҳақ доранд, истеъфои ӯро талаб кунанд. Ё вақте ба ҷойи ҳалли қонунӣ ҳаммеҳанашон бо зарби тиру туфанг кушта мешавад, бозхосту муҷозоти гунаҳкоронро ҷӯё шаванд.

Он чӣ ману ту имрӯз бояд бибинему дарк кунем, ҳаммеҳанам, ин аст, ки мардуми Бадахшон аз рӯзи нахуст по ба пову шона ба шонаи ҳам саф бастанд, фақат ба хотири он ки адолат барқарор шавад. Ҳарчанд иддае кӯшиданд ва ҳанӯз ҳам мекӯшанд, ба шеваҳои гуногун ин амали инсондӯстонаву миллатпарваронаи онҳоро “ғайриқонунӣ” ва “хато” ё ҳатто “террористӣ” ҷилва диҳанд.

Ту бигӯ, магар мешавад, дар як сарзамини нӯҳ-даҳ милионнафарӣ, ки аксар сокинонаш дар пайи бурдаи нони ҳалол дар берун аз он ба ҷустуҷӯи кор мераванд ва қисмати аъзами дигарро кӯдакон ташкил медиҳанд, чӣ тавр мумкин аст бақия ҳама ифротию террорист бошанд? Инро кадом ақли солим метавонад қабул кунад? Оё ҳатман бояд ба пешвою вазиру кабиру раис нисбати хонаводагӣ дошт, то ҳатто агар рафту воқеан ҷинояте содир кардӣ, гунаҳкор ҳисобида нашавӣ?

Ҳаммеҳанам, бовар кун, имрӯз дар он баландиҳо порае аз ҷигари ману туст, ки зери зарбаи тиру туфанг захмӣ мешавад, ҷон медиҳад. Ва ин бори нахуст нест. Бадахшон Бадахшони зарафшонист. Бадахшон Бадахшони хатлонист. Бадахшон Бадахшони Суғдиву раштонист, Бадахшон Бадахшони ҳар яки мост.

Ҳаммеҳанам, ту медонӣ, ки ғайр аз ту ҳамсӯҳбату ҳамдарде надорам, пас, мехоҳам бидонӣ, ҳеч гоҳ барои касе бадие орзу накарда будаму гумон доштам ҳеч гоҳ нахоҳам кард. Аммо имрӯз, дилам пеши худаш мегӯяд, қалбе ки ҳоло барои Бадахшону бадахшонӣ наметапад, ҳамон беҳ, ки ҳеч гоҳ натапад!

Ҳаммеҳанам, мо ғайр аз ҳамдигар, ҳеч касро надорем, ки шона ба шонаамон биистад, по ба поямон биёяд ва садо бар садоямон зам кунад.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (22)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG