Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сурхакони маймун". Тасдиқи гирифторӣ ба як вируси "нав" дар чанд кишвари ҷаҳон


Як мавриди гирифторӣ ба вируси "сурхакони маймун"

Табибон дар Аврупо ва Амрико мавридҳои гирифторӣ ба як вируси нодир ба номи "сурхакони маймун"-ро, ки дар Африқо бештар паҳн шудааст, тасдиқ карданд. Канада гуфт, дар ҳоли баррасии чанд мавриди шубҳаовар аст. Таби баланду дард, варами дасту пой ва обилаи рӯйи бадан аз нишонаҳои гирифторӣ ба ин навъи вирус гуфта мешавад.

Мудири аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор дод, ки вируси нодири "сурхакони маймун" метавонад, дар фасли тобистон дар минтақа афзоиш ёбад.

Ҳанс Клюге рӯзи 20-уми май гуфт, "вақте тобистон дар Аврупо фаро мерасад, таҷаммӯи одамон, ҷашнвораҳо ва зиёфатҳо бештар мешавад. Ман аз он дар ташвишам, ки гузаштани беморӣ суръат хоҳад гирифт."

То кунун зиёда аз 100 мавриди гирифторӣ ба вирус дар Белгия, Фаронса, Олмон, Итолиё, Португалия, Испания, Шветсия, Ҳолланд ва Бритониё тасдиқ шудаанд ё дар ҳоли баррасӣ ҳастанд. Чанд мавриди гирифторӣ дар Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Австралия низ сабт шудаанд.

Олимон интизор надоранд, ки "сурхакони маймун" ба монанди коронавируси нав ба пандемия табдил ёбад, зеро ба гуфтаи онҳо "зуду осон паҳн намешавад".

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, мавридҳои ахир ғайриоддӣ буданд, зеро шахсони бемор ба минтақаҳое, ки "сурхакони маймун" дар онҷо эндемия (мавҷудияти доимии касалии сироятӣ дар маҳалле) аст, сафар надоштанд.

Инҳоро табибоне, ки бемории ҷинсиро муолиҷа мекунанд, пайдо кардаанд ва дар байни мардҳое, ки бо мардон робитаи ҷинсӣ доштаанд.

Дар Бритониё 20 мавриди гирифторӣ ба "сурхакони маймун" тасдиқ шудааст. Оҷонси амнияти тандурустии Бритониё гуфт, ин ҳолатҳо асосан дар байни ҳамҷинсгароён, дуҷинсаҳо ва мардоне, ки бо мардон робитаи ҷинсӣ доранд, рӯй медиҳанд.

14 мавриди ба ин монанд дар Португалия дар шифохонаи бемориҳои ҷинсӣ ошкор карда шудаанд.

"Сурхакони маймун" маъмулан дар Африқои Марказӣ ва Ғарбӣ, аксар вақт дар наздикии ҷангалҳои тропикӣ, сабт шуда, дар Конго эндемия (мавҷудияти доимии касалии сироятӣ дар маҳалле) ба шумор меравад. Онро бори аввал соли 1970 дар бадани одамон кашф карданд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG