Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон тирандозӣ дар марзро баррасӣ кардаанд


Акс аз бойгонист.

Баъди тирандозии рӯзи 3-уми июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мақомоти ду тараф музокироте анҷом дода ва гуфтаанд, ки неруҳои изофиеро, ки барои тақвият ба марз оварда буданд, пас мебаранд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон навиштааст, ки тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки гуруҳҳои гаштзанӣ дар ҳарду тарафи марзро иваз мекунанд ва истеҳкомҳоеро, ки дар манотиқи марзӣ сохтаанд, мебардоранд.”

Дар дафтари матбуоти хадамот гуфтаанд: “Ҳарду тараф ба зарурати иҷрои созишҳои пешин, роҳ надодан ба шиддат гирифтани муноқиша ва ҳалли тамоми масъалаҳо аз роҳи музокирот таъкид кардаанд.”

Ба қавли ин идора, пас кашидани неруҳои иловагиву васоили низомӣ аз хати марзи Тоҷикистону Қирғизистонро фармондеҳони воҳидҳои марзбонӣ назорат мекунанд.

Пештар аз ин музокирот, Хадамоти Марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки рӯзи 3-уми июн дар натиҷаи тирандозӣ байни марзбонони тоҷику қирғиз дар маҳаллаи Булоқбошӣ ва ҳаммарз бо ноҳияи Исфара ду марзбони қирғиз захм бардоштанд. Сокинони ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара, ки бо вилояти Ботканди Қирғизистон ҳаммарз аст, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ садои тирандозиро шунидаанд, вале ҷузъиётро намедонанд.

Хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя сарҳадбонони тоҷикро сабабгори муноқиша номида ва гуфтааст, ки онҳо хати шартии марзи Қирғизистонро гузаштаанд ва талаби сарҳадбонони қирғиз барои тарки қаламрави кишварро нодида гирифта, ба самти онҳо тир андохтаанд. Дар натиҷа байни ду тараф тирандозӣ сурат гирифтааст ва мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ки тоҷикон аз минамёт истифода бурданд. Ду марзбони қирғиз ҷароҳат бардоштаанд. Айни замон ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, Тоҷикистон ба наздикии марз неруҳои иловагӣ бо шумули аслиҳаи вазнин фиристодааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ин ҳодисаро шарҳ надодаанд, вале хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба манобеи худ, аз захмӣ шудани як марзбони тоҷик хабар додааст. Айни замон ин манобеъ, марзбонони қирғизро сабабгори муноқиша номида ва гуфтаанд, ки баръакс онҳо ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуданд ва талаби сарҳадбонони тоҷик барои тарки ин маҳалро нлдида гирифтаанд.

Тақрибан нисфе аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин сабаб байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ муноқиша сар мезанад. Моҳи апрели имсол як марзбони тоҷик дар натиҷаи тирандозӣ кушта шуд ва ду марзбони қирғизу чаҳор ғайринизомӣ захм бардоштанд. Моҳи апрели соли 2021 муноқиша бо ширкати марзбонони тоҷику қирғиз аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG