Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар пардохти музд гуруҳе аз омӯзгорони тоҷикро нигарон кардааст


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Шуморе аз муаллимони як мактаб дар ноҳияи Шаҳринав ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки ба эҳтимоли зиёд имсол ҳам рухсатипулии худро пурра дарёфт намекунанд.

Онҳо мегуянд соли гузашта моҳонаи давраи таътилро бо баҳонаи “марҳила ба марҳила” натавонистанд, пурра бигиранд. Раҳбарияти ин муассисаи таълимӣ гуфтанд ин мушкил соли гузашта ҷой дошт, аммо имсол бартараф шудааст.

Яке аз омӯзгорони мактаби рақами 18 ба номи Бадал Ятимов дар ноҳияи Шаҳринав ба Радиои Озодӣ аз он нигаронӣ кард, ки эҳтимол дорад, имсол ҳам ӯ ва ҳамкоронаш рухсатипулии худро бо баҳонаи набудани маблағ наметавонанд пурра ба даст бигиранд. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, соли гузашта қисме аз маоши моҳонаи давраи таътилро дарёфт накард.

“Гуфтанд, ки якбора рухсатипулиро намегиред. Мисли маош ҳар моҳ мегиред. Вале ман фақат як моҳ гирифтам. Бо ин мушкил ҳамкорони дигарам ҳам рӯбарӯ шуданд. Ҳоло ба мо гуфтанд, ки имсол ҳам рухсатипулиро моҳ ба моҳ мегирем. Вақте рухсатипулӣ пурра дода намешавад, ин барои омӯзгоре, ки чандон маоши зиёд ҳам намегирад мушкил пеш меорад”- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки замони таътили тобистона ба рухсатӣ мераванд, метавонанд барои аз 28 то 56 рӯз рухсатипулӣ бигиранд. Дар мактаби рақами 18 дар Шаҳринав, дар 43-километрии ғарби Душанбе ҳудуди 700 хонанда таҳсил мекунанд ва ба онҳо 30 муаллим дарс мегӯянд.

Раҳбарияти мактаб: "Пулашонро гирифтанд"

Муҳайё Ҳамидова, мудири мактаб дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ пардохт нашудани рухсатипулии пурраи омӯзгоронро дар соли гузашта тасдиқ кард, ва гуфт, кормандон моҳ ба моҳ маблағи худро пурра дарёфт карданд.

Ӯ афзуд: “Соли гузашта аз сабаби ин ки дар семоҳаи дуюм дар ҳисоби мо маблағ набуд ин мушкил пеш омад. Вале ба омӯзгорон рухсатипулӣ ду маротиба, қисман моҳи июн ва қисми дигарашро моҳи июл додем”.

Муҳайё Ҳамидова ҳамчунин илова кард, ки ин мушкил имсол бартараф шудааст ва омӯзгорон метавонанд, рухсатипулии имсолаи худро пурра бигиранд. Бар асоси Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ба корфармо, роҳбари корхона, муассиса ё ташкилоте, ки бештар аз ду моҳ музди кор, нафақа, стипендия, ёрдампулиро пардохт намекунад, ҷарима мешавад ва агар ин корро ғаразмандона мекунад, то ду сол ба зиндон маҳкум мешавад.

"Мувофиқа карда бошанд, мушкиле надорад"

Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рузи 3-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, корфармо вазифадор аст ба корманд пеш аз ба рухсатӣ рафтанд, рухсатипулии ӯро пардохт кунад.

Айни замон ӯ гуфт, дар муассисаҳои таълимӣ бо ризоияти ду тараф мумкин аст, пули рухсатӣ марҳила ба марҳила пардохта шавад: “Азбаскӣ ҳамаи муаллимон дар як вақт, яъне замони таътил ба рухсатӣ мераванд, эҳтимол бархе аз муассисаҳо наметавонанд, пешопеш ҳамаи маблағи онҳоро якҷоя пардохт кунанд. Дар ин ҳолат бо розигии тарафҳо мумкин аст, ки рухсатипулии онҳо дар ду давра пардохт карда шавад.”

Нурулло Маҳмадуллозода ҳамчунин таъкид кард, онҳое ки муздашон аз сӯи корфармо пурра, ё қисман пардохт нашудааст, метавонанд бо ариза ба Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат муроҷиат кунанд.

Фирор аз мактабҳо ба сабаби музди кам

Мушкили пардохти рухсатипулии омузгорон ва шикояти онҳо аз ин дар ҳолест, ки як мақоми ҳукумати Шаҳринав хабар дода буд, ки дар муддати камтар аз як сол дар ин ноҳия садҳо омӯзгор мактабу шогирдонашонро тарк кардаанд ва бисёре аз онҳо барои кор ба Русия рафтаанд.

Нашрияи “Садои мардум” минбари расмии порлумони Тоҷикистон бо такя ба суҳбати Шаҳло Юлдошева, як намояндаи шуъбаи маорифи ҳукумати ноҳияи Шаҳринав навиштааст:"Аз моҳҳои апрел ва майи соли 2021 то аввали моҳи феврали соли 2022, дар маҷмӯъ, 322 омӯзгор бо сабабҳои гуногун тарки кор карданд. Аз рӯи таҳлилҳо 214 омӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд".

XS
SM
MD
LG