Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи озод: Тоҷикистон ба ҳуқуқи динӣ то чӣ ҳад эҳтиром мегузорад? ВИДЕО


Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо нашри гузориши солонааш дар бораи озодиҳои динӣ дар ҷаҳон, Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои мояи ташвишу нигаронии хос зикр кардааст. Дар радифи кишварҳое, ки ба гуфтаи Амрико ҳуқуқу озодиҳои мазҳабии мардумро поймолу маҳдуд мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар вокуниш ба ин гуфтанд, “гузориши навбатии Амрико чун гузоришҳои қаблӣ вазъи воқеии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро баён намекунад.”

Дар гузориши солона дар бораи озодиҳои мазҳабӣ дар соли 2021, ки рӯзи 2-юми июн нашр шуд, омадааст, бо вуҷуди онки Қонуни асосии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандон ҳақ додааст, ҳар гуна динеро пайравӣ ва ё расму русуми онҳоро иҷрову риоят кунанд, мақомот ва дигар қонунҳо ин ҳаққу ҳуқуқи мардумро маҳдуд мекунанд.

Ин маҳдудиятҳо то куҷо воқеият доранд ва чӣ пайомад хоҳанд дошт? Ин суол ва суолҳои дигар мавзӯи имрӯзи “Гапи озод” аст ва меҳмонони мо Шерзод Абдуллозода, муҳаққиқи Шӯъбаи масоили фалсафаи дини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Муҳаммадсаид Ризоӣ, коршиноси масоили динӣ аз хориҷи кишвар.

Иқтибосҳое аз барнома:

Шерзод Абдуллозода: "Агар амрикоиҳо хоҳанд, ки вазъи динӣ ва муносибати давлатро бо диндорон бифаҳманд, қонунгузории Тоҷикистонро мутолиа кунанд. Мо, хушбахтона, дар муддати кӯтоҳи истиқол дар бахши озодии дин ба дараҷае расидем, ки то ин давра набуд. Дар 70 соли Шӯравӣ сиёсати саросар бединиро дар барномаи ҳизби ҳоким доштем. Хушбахтона, аз он берун омадем. Ин давраи таърих наметавонад ба вазъи имрӯзаи миллат ё ки ба сатҳи диндории имрӯзаи шаҳрвандони Тоҷикистон бетаъсир бошад. Агар аз зери нохун чирк ҷӯем, бисёр аст, вале оқил он аст, ки мебинад, Тоҷикистон чӣ ҳолат дорад. Ман норозигии шаҳрвандони кишварро надидам ва эҳсос намекунем."

Муҳаммадсаид Ризоӣ: "Бо он чи домулло Шерзод Абдуллозода ироа фармуданд, мувофиқ буда наметавонам. Ҳамон гуна, ки мо мебинем, ин нигарониҳо ҷой доранд. Дар кишвари мо чунин маҳдуд кардани озодиҳо вуҷуд дорад ва ин нигаронии Амрико, кишварҳои дигари ҷаҳон, Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарро ба миён овардааст. Дар қонуни асосии Тоҷикистон омадааст, шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд; шаҳрванд ҳақ дорад, дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои касбӣ ва дигар иттиҳодияҳо иштирок намояд. Дар қонуни мо омадааст, инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш арзиши олӣ мебошанд, вале риоя намешаванд.”

Барномаро худатон инҷо бубинед:

Дар Тоҷикистон ҳуқуқи динӣ то чӣ ҳад риоят мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:26:56 0:00

Барномаро дар Ютюб тамошо кунед:

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG