Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадзода гуфт, гуруҳи корӣ сабаби тирпаррониро таҳқиқ мекунад


Раҷаббой Аҳмадзода. Акс аз моҳи апрели соли 2021
Раҷаббой Аҳмадзода. Акс аз моҳи апрели соли 2021

Раиси вилояти Суғд мегӯяд, муноқишаи 14-уми июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон “қариб 20 километр дуртар аз маркази Ворух” рӯй дод.

Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи сешанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар онҷо панҷ дақиқа нофаҳмӣ шуда, тирпарронӣ шудааст, қарибии соати 6-и субҳ.”

Ӯ афзуд, ҳоло муфаттишони Додситони ҳарбии Суғд ва Додситонии низомии Қирғизистон ҳодисаро таҳқиқ доранд. “Гуруҳи корӣ муайян мекунад, ки сабаби тирпарронӣ чист,” -- афзуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилояти Суғд аз ин бештар маълумот надод ва ҳамчунин кушта шудани як марзбони тоҷикро дар сарҳад тасдиқ ё рад накард. Ин дар ҳолест, ки манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, дар муноқишаи рӯзи 14-уми июн як марзбони 26-солаи тоҷик кушта шуд.

Дар бораи се захмӣ низ гузориш мерасад, аммо мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ шарҳе намедиҳанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дар муноқишаи субҳи сешнабе ягон низомии он кишвар кушта нашудаанд. Дар бораи захмиён аз тарафи Қирғизистон чизе гуфта намешавад.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, феълан дар минтақаи Булак-Башии Бодканд мулоқоти намояндагони марзбонии ду кишвар ҷараён дорад.

Дар даҳ рӯзи охир ин муноқишаи дувум дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ду кишвари болооби Осиёи Марказӣ солҳо боз наметавонанд, бахше аз сарҳади худро муайяну нишонагузорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG